• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Мавзӯоти доғ

Паёми раҳбари Ҷ.И.Эрон ба муносибати ҳафтаи Дифои муқаддас ва солгарди шаҳодати шаҳид Сайидҳасан Насруллоҳ

September 30, 2026
in Мавзӯоти доғ
0
Паёми раҳбари Ҷ.И.Эрон ба муносибати ҳафтаи Дифои муқаддас ва солгарди шаҳодати шаҳид Сайидҳасан Насруллоҳ

Паёми раҳбари Ҷ.И.Эрон ба муносибати ҳафтаи Дифои муқаддас ва солгарди шаҳодати шаҳид Сайидҳасан Насруллоҳ

0
SHARES
23
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Паёми раҳбари Ҷ.И.Эрон ба муносибати ҳафтаи Дифои муқаддас ва солгарди шаҳодати шаҳид Сайидҳасан Насруллоҳ

Оятуллоҳ Сайидмуҷтабо Ҳусайнии Хоманаӣ, раҳбари Ҷ.И.Эрон, дар паёме ба муносибати ҳафтаи Дифои муҷаддас ва гиромидошти дуввумин солгарди шаҳодати Сайидҳасан Насруллоҳ, хотирнишон карданд: “Ин рӯзҳои Лубнон рӯзҳое барҷаста ва пурифтихор барои ҳамаи муҷоҳидони муқовимат ва рӯзҳое зиллатофарин ва ниҳоятан сарафкандакунанда барои он касоне аст, ки дар муқобили душмани саҳюнӣ чашми умед ба ваъдаҳои дурӯғини султагарон ва бадхоҳони худ дӯхтаанд.”

Матни паёми раҳбари Ҷ.И.Эрон ба ин шарҳ аст:

بسم ‌الله الرّحمن الرّحیم

وَلَقَدْ اَرسَلنْا موسی بِآیاتِنا أَنْ اَخرِجْ قَومَکَ مِنَ الظُّلُماتِ اِلی‌ النّورِ وَذَکِّرْهُم بِاَیّامِ الله

Оғозини рӯзҳои моҳи Меҳр ёдовари айёмуллоҳ ва падидаи азим ва мондагори дифои ҳаштсолаи ҷононаи миллати Эрон дар ҷанги таҳмилии аввал аст. Дар он рӯзҳо тобиши гарми хуршеди инқилоб дар паҳнаи сарзамини Эрон, ҳисси матбӯе аз ҳамбастагии миллӣ ва вафодорӣ ба мактабу мароми исломи инқилобӣ мепароканд, ки аз асари он яхҳои султагарӣ ва истеъмори куҳану навин дар ҳоли завб шудан буд. Дар он рӯзҳо баъзе аз мардуми Эрон хотироти бисту чанд сол қабл аз он дар бадхоҳии истеъморгарон ва ҳаводиси марбут ба миллисозии санъати нафт ва кудатои омрикоиро ба ёд доштанд. Баъзе дигар ахбори онро шунида буданд ва бисёре аз эшон ин воқеият, ки тасаллути аҷнабӣ бар шуъуни кишварамон чиҳо бар сари он оварда будро ба хубӣ ламс карда буданд. Аммо рӯзҳои қабл аз он, рӯзҳое тираву тор буд, ки сафирони давлатҳои мустакбир боядҳо ва набоядҳоро ба шоҳи мамлакат иблоғ мекарданд ва ӯ ҳам бо рағбат ё бо бемайлӣ ҳамонҳоро иҷро менамуд, то он ки инқилоби азими миллати Эрон ба раҳбарии ҳазрати Имом Хумайнӣ (р) он басотро барҳам зад. Он рӯзҳои тира дар асари ин инқилоб ба рӯзҳои пурнури барқарории Ҷумҳурии Исломии Эрони анҷомид.

Ин амр бар султагароне, ки чашми тамаъ ба сарватҳои ин сарзамин дӯхта буданд ва солҳо барои аз они худ кардани он, анвои бадиҳоро дар ҳаққи мардумони он раво дошта буданд, бисёр гарон меомад. Бинобар ин, аз он пас ҳамаи ҳамму талоши худро барои баргардондани ҷараёни рӯди хурушони миллати инқилобӣ ба самти собиқ ба кор бастанд ва ҷанги таҳмилии аввал, муҳимтарин иқдоми онон дар даҳаи нахусти ҳаёти мубораки Ҷумҳурии Исломӣ буд.

Аз дили оташи он ҷанг, ки ба дасти ҳизби зидди мардумии Баъс ва бо таваҳҳуми ҷанге чандрӯза ва ба даст овардани пирӯзие камзаҳмат афрӯхта шуда буд, низоми исломӣ барӯмандтар ва қавитар аз қабл, қуқнусвор бархост бо садое расотар ва парвозе баландтар аз собиқ; ва ин хислати мустамирри ин низом дар ҳаводиси душмансохтаи баъдӣ шуд.

Он рӯзҳое, ки душмани ин миллат навкарони худро бар эшон мусаллат сохта буд ва шакле навин аз истеъморро эъмол менамуд, ба баракати инқилоб ва барафроштани парчами ислом ва ҷиҳод дар бистари ҷанги таҳмилӣ, ба рӯзҳое пурифтихор табдил шуд, ки ҳанӯз пас аз гузари 38 сол аз интиҳои он, аз мулоҳизаи ҷузъ-ҷузъи ҳаводиси он ва ривоятҳои содиқонаи бозмондагонаш, усваҳое, ки ҳар як дарсомӯзи ибодат, шуҷоат, муқовимат, ахлоқ ва инсоният ҳастанд, ҳамчун ситорагоне дурахшон бар тораки таърихи кишварамон рух менумоянд.

 

Султагарони мутаҷовиз дар муқобили ҳамалоти размандагони ислом дасти илтимос ба тарки ҷанг бармедоранд

Он рӯзҳое, ки дар оғози таҳоҷумоти дунболаҳои низоми султа, кишварамон барои дифоъ аз худ дар муқобили бисёре аз таҳдидот, дастоне холиро аз низоми тоғут ба ирс бурда буд, ба баракати иқомаи ҳаққ ва имдоди илоҳӣ, инак ба рӯзҳое расидааст, ки худ султагарони мутаҷовиз ва на дунболаравони онон, дар муқобили ҳамалоти размандагони ислом, ҷонпаноҳӣ меҷӯянд ва дасти илтимос ба тарки ҷанг бармедоранд.

Он рӯзҳое, ки онон дӯст доранд кишвари моро ба он баргардонанд, рӯзҳое буд пур аз ақибмондагӣ, зиллату хорӣ, вобастагӣ ва бадномии Эрон дар ҷаҳони ислом; ва ин рӯзҳое, ки дар он ҳастем, пур аст аз пешрафт, иззат, истиқлол ва қадри аълои эътибор дар ҷаҳони ислом ва балки кулли ҷаҳон.

 

Муҳосиботи илоҳӣ моро қудрати аввали ҷаҳон медонад

Имрӯз касоне моро абарқудрати чаҳоруми дунё медонанд. Албатта онон бар асоси муҳосиботи дунёӣ чунин мегӯянд, вале муҳосиботи илоҳӣ, кишваре, ки худро мутааллиқ ба итрати тоҳира салавотуллоҳи ва саломуҳу алайҳим аҷмаъин медонад ва умдаи мардумонаш дилбастаи он воломақомонанд ва барои иқомаи ҳақ ҳаросе надорандро қудрати аввали ҷаҳон медонад.

 

Зуд аст, ки дарёи Араб ҳам худро аз нерӯҳои душман холӣ кунад

Он рӯзҳо ду дарёии ҷануби Эрон, ҷавлонгоҳи нерӯҳои душман буд, вале ин рӯзҳо онон ба хотири заработи дардоваре, ки аз размандагони диловар ва муҳофизони тангаи Ҳурмуз хӯрдаанд, аз дарёи Араб ҷилавтар намеоянд ва ҳар гоҳ ин хатарро ба ҷон харидаанд, осебе ба худ ворид намудаанд; ва зуд аст, ки дарёи Араб ҳам худро аз онон холӣ кунад.

 

Ҳамватанони мо майдонҳо ва хиёбонҳоро дар саросари кишвар ба ҳузури масъулона ва пуршӯри худ зинат бахшидаанд

Рӯзҳое буд, ки султагарон бо амалиёти равонӣ ва эҷоди фазои иръоб, хиёбонҳои пойтахтро хилват сохта ва кудатое алайҳи истиқлолҷӯии ин миллат ба роҳ андохтанд ва пас аз он 25 сол сарватҳои ин мамлакатро ғорат карданд, вале ин рӯзҳо ҳафт моҳ аст ҳамватанони мо майдонҳо ва хиёбонҳоро дар саросари кишвар ба ҳузури масъулона ва пуршӯри худ зинат бахшидаанд, то дили размандагони ислом гарм бошад ва душман дар ҳарос фурӯ равад.

Ҳамчунон, ки беш аз 30 миллион эронӣ, ҷонфидоиии худро эълом намуданд ва он гоҳ, ки барои навъе созмондиҳӣ бино бар эъломи муҷаддади ҳузури эшон буд, танҳо дар зарфи 100 дақиқаи нахуст, беш аз панҷсад ҳазор нафар зарфияти хосташударо такмил карданд.

Ҳамакнун дар сар то сари Эрони Исломӣ, ки музайян ба ҳузури эрониён аз ақвоми мутанаввеъ аст, эъломи омодагиҳои мухталиф ва бахусус омодагиҳои мусаллаҳона вуҷуд дорад, то овардгоҳе бисозад, ки эшонро ном ва душманашонро нанг насиб кунад.

Рӯзҳое буд, ки унсури далерии мардумони ин марзу бум, бо мардонаш шинохта мешуд, аммо инак дар рӯзҳое ҳастем, ки бонувон дар баъзе аз арсаҳои ҳузури далерона, аз мардон сибқат мегиранд.

Рӯзҳое буд, ки душман саъй карда буд ақабаи иҷтимоии низомро доиман заъифтар созад, вале дар ин рӯзҳо анвои ақшори ҷомеа бо тафовутҳои ошкор, бар ҳифзи мавозеи баҳаққи худ ва аз ҷумла ҳифзи тангаи пурихайру баракати Ҳурмуз пой мефишоранд.

 

Рӯзҳои собиқ, ки душмани мо орзуи бозгашт ба онро дорад, гузашт ва ҳеч гоҳ такрор нахоҳад шуд

Ин муқоиса байни рӯзҳои собиқ ва рӯзҳои ҳол боз ҳам қобили басту тавзеҳ аст, вале дар як калом, банда ба унвони ходими мардуми азизи Эрон эълом мекунам, ки он рӯзҳои собиқ, ки душмани мо орзуи бозгашт ба онро дорад, гузашт ва дигар ҳеч гоҳ такрор нахоҳад шуд.

Дар ин рӯзҳо ҷойи Хумайнии кабир ва Хоманаии азимушшаъни шаҳид бисёр холӣ аст

Ва албатта бояд бо дарду андӯҳ ёдовар шавам, ки дар ин рӯзҳо ҷойи Хумайнии кабир ва Хоманаии азимушшаъни шаҳид аълаллоҳу мақомаҳуш-шариф, ки иззати имрӯзи кишвар, вомдори раҳбариҳои онон аст, бисёр холӣ аст.

 

Рӯзҳои оянда ба маротиб шукӯҳмандтар аз ин рӯзҳо хоҳад буд

Вале ба баракати ганҷинаи арзишманде, ки аз амалкард ва калимоти дурахшон ва ҳидоятбахши эшон барои пайравонашон ба ҷой монда, рӯзҳои оянда ба маротиб шукӯҳмандтар аз ин рӯзҳо хоҳад буд.

Зеро он қуқнусе, ки аз хирмани оташи ҷанги таҳмилии аввал баромад, инак дар асари фишорҳои душман ва бахусус ду ҷанги таҳмилии ахир, ончунон бузург шудааст, ки сояи парвозаш бар сарзаминҳои душман ҳам афтодааст.

 

Шаҳид Насруллоҳ – амири қаҳрамони араб ва намоди бузурги ҷабҳаи муқовимат

Дар ин маҷол бисёр баҷост, ки ба муносибати дуввумин солгарди шаҳодати амири қаҳрамони араб ва намоди бузурги ҷабҳаи муқовимат, шаҳиди олиқадр ҷаноби Сайидҳасан Насруллоҳ қаддасаллоҳу нафсаҳуз-закийя, ёде аз он ҷаноб ба амал ояд. Касе, ки хайрхоҳе содиқ барои миллати худ ва мактабаш буд ва хутбаҳои содиқона ва боҳаловати ӯ ва иқдомоти шуҷоонааш, қулуби мардумонаш ва балки озодагони ҷаҳонро мустаҳкам месохт.

Нусрат ва фатҳ, ҳамроҳони доимии ӯ буданд

Касе, ки номи Лубнонро, ки кишваре кучак аст ва солҳо ҳаёти хилвати баъзе қудратҳо шуда будро ба азамат баланд сохт. Касе, ки нусрату фатҳ, ҳамроҳони доимии ӯ буданд ва касе, ки бетардид дар тӯли кулли таърихи Шомот то кунун, пас аз анбиё ва авсиёи эшон, раҷуле ба азамати ӯ дар он хиттаи куҳан сар баланд накарда буд. Ва албатта инак парчами пурифтихори ӯ дар дастони ҷаноби шайх Наъим Қосим ҳафизаҳуллоҳ аст, ки далерона дар пешопеши суфуфи мустаҳкам ва ошӯроии Ҳизбуллоҳ, роҳи ӯро ҳамчунон идома медиҳанд.

Ин рӯзҳои Лубнон дар пешгоҳи таърих ва балки аз ҳамин ҳол, рӯзҳое барҷаста ва пурифтихор барои эшон ва ҳамаи муҷоҳидони муқовимат ва рӯзҳое зиллатофарин ва ниҳоятан сарафкандакунанда барои он касоне аст, ки дар муқобили душмани саҳюнӣ чашми умед ба ваъдаҳои дурӯғини султагарон ва бадхоҳони худ дӯхтаанд.

Касоне, ки бар хилофи сайиди шаҳиди муқовимат ва Сайидҳошим Сафиюддин ва муҷоҳидони кунунии муқовимат, ки дар истимрори замон чун ахтароне тобнок нурафшонӣ хоҳанд кард ва роҳнамои раҳҷӯёни монда дар ҳайратҳо хоҳанд буд, хеле зуд ва дар аввалин таварруқи сафаҳоти таърих, мадфун ва фаромӯш хоҳанд шуд ва ҳар гоҳ дар оянда ёде аз эшон ба миён ояд, ёдовари бадӣ ва бетадбирӣ ва ҳатто шояд хиёнат хоҳанд гардид.

Дар поён умедворам бо истимрори тафаззулоти илоҳӣ ва дуои хосси сарварамон аҷҷаллоҳу таъоло фараҷаҳуш-шариф ва арвоҳуно фидоҳ, миллати Эрон ва ҳамаи ёрони муқовимат, ҷуз бо насру фатҳу иззат ва душманонашон ҷуз бо шикасту хорӣ мувоҷеҳ нашаванд; баманниллоҳ ва карамиҳ.

Сайдмуҷтабо Ҳусайнии Хоманаӣ

6 меҳри 1405

(28 сентябри 2026)

Source: Паёми раҳбари Ҷ.И.Эрон ба муносибати ҳафтаи Дифои муқаддас ва солгарди шаҳодати шаҳид Сайидҳасан Насруллоҳ
Via: Паёми раҳбари Ҷ.И.Эрон ба муносибати ҳафтаи Дифои муқаддас ва солгарди шаҳодати шаҳид Сайидҳасан Насруллоҳ
Tags: Паёми раҳбари Ҷ.И.Эрон ба муносибати ҳафтаи Дифои муқаддас ва солгарди шаҳодати шаҳид Сайидҳасан Насруллоҳ
Previous Post

Ҳузури намояндагони Арабистони Саудӣ дар сафари Натонёҳу ба Аморот

Related Posts

Ҳузури намояндагони Арабистони Саудӣ дар сафари Натонёҳу ба Аморот
Мавзӯоти доғ

Ҳузури намояндагони Арабистони Саудӣ дар сафари Натонёҳу ба Аморот

September 30, 2026
Номаи Сипоҳи Посдорон ба мардуми Омрико
Мавзӯоти доғ

Номаи Сипоҳи Посдорон ба мардуми Омрико

September 30, 2026
Посухгӯ кист?
Мавзӯоти доғ

Посухгӯ кист?

September 30, 2026
Сухангӯи Сипоҳ: Дар тангаи Ҳурмуз даргирии низомӣ вуҷуд дорад
Мавзӯоти доғ

Сухангӯи Сипоҳ: Дар тангаи Ҳурмуз даргирии низомӣ вуҷуд дорад

September 30, 2026
Тоҷикистон бар хилофи Ироқ, тан ба диктаҳои режими Омрико надод
Мавзӯоти доғ

Тоҷикистон бар хилофи Ироқ, тан ба диктаҳои режими Омрико надод

September 30, 2026
Изҳороти Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Мавзӯоти доғ

Изҳороти Наҳзати Исломии Тоҷикистон

September 30, 2026

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

February 7, 2026
Рози аслии муваффақият

Кори имрӯзаро ба фардо магузор

August 13, 2025
Дин

Дин

December 24, 2022
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Вазъияти номаълуми Натонёҳу

Вазъияти номаълуми Натонёҳу

1
Паёми раҳбари Ҷ.И.Эрон ба муносибати ҳафтаи Дифои муқаддас ва солгарди шаҳодати шаҳид Сайидҳасан Насруллоҳ

Паёми раҳбари Ҷ.И.Эрон ба муносибати ҳафтаи Дифои муқаддас ва солгарди шаҳодати шаҳид Сайидҳасан Насруллоҳ

September 30, 2026
Ҳузури намояндагони Арабистони Саудӣ дар сафари Натонёҳу ба Аморот

Ҳузури намояндагони Арабистони Саудӣ дар сафари Натонёҳу ба Аморот

September 30, 2026
Номаи Сипоҳи Посдорон ба мардуми Омрико

Номаи Сипоҳи Посдорон ба мардуми Омрико

September 30, 2026
Посухгӯ кист?

Посухгӯ кист?

September 30, 2026

Recent News

Паёми раҳбари Ҷ.И.Эрон ба муносибати ҳафтаи Дифои муқаддас ва солгарди шаҳодати шаҳид Сайидҳасан Насруллоҳ

Паёми раҳбари Ҷ.И.Эрон ба муносибати ҳафтаи Дифои муқаддас ва солгарди шаҳодати шаҳид Сайидҳасан Насруллоҳ

September 30, 2026
Ҳузури намояндагони Арабистони Саудӣ дар сафари Натонёҳу ба Аморот

Ҳузури намояндагони Арабистони Саудӣ дар сафари Натонёҳу ба Аморот

September 30, 2026
Номаи Сипоҳи Посдорон ба мардуми Омрико

Номаи Сипоҳи Посдорон ба мардуми Омрико

September 30, 2026
Посухгӯ кист?

Посухгӯ кист?

September 30, 2026
Tajnek

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Паёми раҳбари Ҷ.И.Эрон ба муносибати ҳафтаи Дифои муқаддас ва солгарди шаҳодати шаҳид Сайидҳасан Насруллоҳ

Паёми раҳбари Ҷ.И.Эрон ба муносибати ҳафтаи Дифои муқаддас ва солгарди шаҳодати шаҳид Сайидҳасан Насруллоҳ

September 30, 2026
Ҳузури намояндагони Арабистони Саудӣ дар сафари Натонёҳу ба Аморот

Ҳузури намояндагони Арабистони Саудӣ дар сафари Натонёҳу ба Аморот

September 30, 2026
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved