• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Инсон ва инсоният

Вазифа ва масъулиятҳои ҳоким 

February 24, 2026
in Инсон ва инсоният
0
Фарҳанги фарзонагӣ
0
SHARES
15
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Вазифа ва масъулиятҳои ҳоким 

Достонҳои омӯзанда

Алӣ баъд аз хотимаи ҷанги Ҷамал вориди шаҳри Басра шуд. Дар хилоли айёме, ки дар Басра буд, рӯзе ба иёдати яке аз ёронаш ба номи Алоъ ибни Зиёди Ҳорисӣ рафт. Ин мард хонаи муҷаллал ва васее дошт.

Алӣ, ҳамин ки он хонаро бо он азамат ва вусъат дид, ба ӯ гуфт:

— Ин хонаи ба ин вусъат ба чӣ кори ту дар дунё мехӯрад, дар сурате, ки ба хонаи васее дар охират мӯҳтоҷтарӣ?! Вале агар бихоҳӣ, метавонӣ, ки ҳамин хонаи васеи дунёро василае барои расидан ба хонаи васеи охират қарор диҳӣ; ба ин ки дар ин хона аз меҳмон пазироӣ кунӣ, силаи раҳм намоӣ, ҳуқуқи мусалмононро дар ин хона зоҳир ва ошкоро кунӣ, ин хонаро василаи зинда сохтан ва ошкор намудани ҳуқуқ қарор диҳӣ ва аз инҳисори матомеи шахсӣ ва истифодаи фардӣ хориҷ намоӣ.

Алоъ гуфт:

— Эй амири мӯъминон! Ман аз бародарам Осим пеши ту шикоят дорам.

Ҳазрати Алӣ пурсид:

— Чӣ шикояте дорӣ?

Гуфт:

— Торики дунё шуда, ҷомаи кӯҳна пӯшида, гӯшагир ва мунзавӣ шуда, ҳама чиз ва ҳама касро раҳо карда.

Ҳазрат фармуд:

— Ӯро ҳозир кунед!

Осимро эҳзор карданд ва оварданд. Алӣ ба ӯ рӯ кард ва фармуд:

— Эй душмани ҷони худ! Шайтон ақли туро рабудааст, чаро ба зану фарзанди хеш раҳм накардӣ? Оё ту хаёл мекунӣ, ки Худое, ки неъматҳои покизаи дунёро барои ту ҳалол ва раво сохта, норозӣ мешавад аз ин ки ту аз онҳо баҳра бибарӣ? Ту дар назди Худо кучактар аз ин ҳастӣ.

Осим гуфт:

— Эй амири мӯъминон! Ту худат ҳам, ки мисли ман ҳастӣ; ту ҳам, ки ба худ сахтӣ медиҳӣ ва дар зиндагӣ бар худ сахт мегирӣ; ту ҳам, ки ҷомаи нарм намепушӣ ва ғизои лазиз намехӯрӣ; бинобар ин, ман ҳамон корро мекунам, ки ту мекунӣ, ва аз ҳамон роҳ меравам, ки ту меравӣ.

Ҳазрат фармуд:

— Иштибоҳ мекунӣ. Ман бо ту фарқ дорам. Ман мақоме дорам, ки ту надорӣ. Ман дар либоси пешвоӣ ва ҳукуматам. Вазифаи ҳоким ва пешво вазифаи дигаре аст. Худованд бар пешвоёни одил фарз карда, ки заифтарини табақоти миллати худро миқёси зиндагии шахсии худ қарор диҳанд ва он тавре зиндагӣ кунанд, ки тиҳидасттарин мардум зиндагӣ мекунанд, то сахтии фақр ва тиҳидастӣ ба он табақа асар накунад. Бинобар ин, ман вазифае дорам ва ту вазифае.

(Манбаъ: Достони Ростон, таълифи шаҳид Мутаҳҳарӣ)

tajnek.com

Тоҷнек

Source: Вазифа ва масъулиятҳои ҳоким 
Via: Вазифа ва масъулиятҳои ҳоким 
Tags: Вазифа ва масъулиятҳои ҳоким
Previous Post

Фақир ва ғанӣ

Next Post

Сарлашкари хушахлоқ

Related Posts

Шаҳид аз забони шаҳид
Инсон ва инсоният

Шаҳид аз забони шаҳид

July 9, 2026
Пантуркизм ва хатари он
Инсон ва инсоният

Пантуркизм ва хатари он

July 9, 2026
Таъсири мутолиа бар кӯдакон
Инсон ва инсоният

Нуктаҳое дар мавриди тарбияти кӯдак

June 21, 2026
Такрим ва тарбияти фарзанд
Инсон ва инсоният

Такрим ва тарбияти фарзанд

June 13, 2026
Нажодпарастӣ дар ислом мардуд аст
Инсон ва инсоният

Нажодпарастӣ дар ислом мардуд аст

June 1, 2026
Аркони муруввату ҷавонмардӣ
Инсон ва инсоният

Аркони муруввату ҷавонмардӣ

May 30, 2026
Next Post
Сарлашкари хушахлоқ

Сарлашкари хушахлоқ

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

February 7, 2026
Рози аслии муваффақият

Кори имрӯзаро ба фардо магузор

August 13, 2025
Дин

Дин

December 24, 2022
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Вазъияти номаълуми Натонёҳу

Вазъияти номаълуми Натонёҳу

1
Қароргоҳи Хотамуланбиёи Сипоҳ: "Тангаи Ҳурмуз то иттилои сонавӣ масдуд аст"

Паёми муҳимми Сипоҳ

July 10, 2026
Ҳамлаи ҳавоии Эрон ба Маркази фармондеҳии Амрико

Ҳамлаи ҳавоии Эрон ба Маркази фармондеҳии Амрико

July 10, 2026
Нақшаи ҷадиди Тромп алайҳи Ҳизбуллоҳ

Нақшаи ҷадиди Тромп алайҳи Ҳизбуллоҳ

July 10, 2026
Шаҳид аз забони шаҳид

Шаҳид аз забони шаҳид

July 9, 2026

Recent News

Қароргоҳи Хотамуланбиёи Сипоҳ: "Тангаи Ҳурмуз то иттилои сонавӣ масдуд аст"

Паёми муҳимми Сипоҳ

July 10, 2026
Ҳамлаи ҳавоии Эрон ба Маркази фармондеҳии Амрико

Ҳамлаи ҳавоии Эрон ба Маркази фармондеҳии Амрико

July 10, 2026
Нақшаи ҷадиди Тромп алайҳи Ҳизбуллоҳ

Нақшаи ҷадиди Тромп алайҳи Ҳизбуллоҳ

July 10, 2026
Шаҳид аз забони шаҳид

Шаҳид аз забони шаҳид

July 9, 2026
Tajnek

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Қароргоҳи Хотамуланбиёи Сипоҳ: "Тангаи Ҳурмуз то иттилои сонавӣ масдуд аст"

Паёми муҳимми Сипоҳ

July 10, 2026
Ҳамлаи ҳавоии Эрон ба Маркази фармондеҳии Амрико

Ҳамлаи ҳавоии Эрон ба Маркази фармондеҳии Амрико

July 10, 2026
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved