Паёми раҳбари Эрон Сайидмуҷтабо Хоманаӣ
Дар оғози калом бояд ба сарварам аҷҷалллоҳу таъоло фараҷаҳ ба муносибати шаҳодати ҷонсӯзи раҳбари азимушшаъни инқилоб Хоманаии азизи ҳаким таслият арз кунам ва аз он ҳазрат дуои хайр барои яко-яки миллати бузурги Эрон ва балки ҳамаи муслимини ҷаҳон ва ҳамаи хидматгузорони ислом ва инқилоб ва эсоргарон ва бозмондагони шуҳадои наҳзати исломӣ ва бахусус ҷанги ахир ва барои худ тақозо намоям.
Қисмати дуввуми каломи ман, бо миллати бузурги Эрон аст. Ибтидан бояд вазъ ва мавқифи худ дар боби раъйи Маҷлиси мӯҳтарами хубрагонро мухтасаран баён намоям. Ин ходими шумо Сайидмуҷтабо Ҳусайнии Хоманаӣ ҳамзамон бо шумо ва аз тариқи симои Ҷумҳурии Исломӣ, аз натиҷаи раъйи Маҷлиси мӯҳтарами хубрагон мутталеъ шудам. Барои банда такя задан бар ҷойе, ки маҳалли ҷулуси ду пешвои азимушшаън, Хумайнии кабир ва Хоманаии шаҳид буда коре сахт аст. Зеро ин курсӣ собиқаи ҷулуси касеро дорост, ки баъд аз беш аз 60 сол муҷоҳидат дар роҳи Худо ва гузаштан аз анвоъи лазоиз ва роҳатиҳо, ба гавҳаре тобнок ва чеҳрае мумтоз на фақат дар асри ҳозир, балки дар тӯли таърихи ҳукмронони ин кишвар бадал шудааст. Ҳам ҳаёт ва ҳам навъи марги ӯ аҷин бо шукӯҳу иззате ношӣ аз такя ба ҳақ буд.
Ман ин тавфиқро доштам, ки пайкари эшонро баъд аз шаҳодат зиёрат кунам; он чи дидам куҳе аз салобат буд ва шунидам, ки мушти дасти солимашро гиреҳ карда буд. Дар мавриди вуҷуҳи мухталифи шахсияти эшон аҳли иттилоъ бояд муддатҳо чизҳо бигӯянд. Дар ин маҷол иктифо ба ҳамин муҷмал намуда, тафосилро вогузор ба мавқеъиятҳои муносиби дигаре мекунам. Ин аст иллати сахтии такя бар курсии раҳбарӣ баъд аз чунин касе, татмими ин фосила танҳо бо истиъонат аз ҳазрати Ҳақ ва ёрии шумо мардум мумкин аст.
Дар идома лозим аст нуктаеро, ки рабти мустақиме ба асли каломи банда дорад, мавриди таъкид қарор диҳам. Он нукта ин аст, ки аз ҷумлаи ҳунарҳои раҳбари шаҳид ва салафи кабири эшон, ворид кардани мардум дар ҳамаи арсаҳо ва басират ва огоҳӣ додани мустамарр ба эшон ва дар мақоми амал такя бар нерӯи онон буд.
Эшон ин тавр маънои ҳақиқии ҷумҳур ва ҷумҳуриятро феълият бахшиданд ва аз умқи ҷон ҳам ба он мӯътақид буданд. Асари возеҳи ин матлаб дар ин чанд рӯзе, ки кишвар бидуни раҳбар ва бидуни фармондеҳи кулли қуво буд дида шуд.
Басират ва ҳушмандии миллати бузурги Эрон дар воқеаи ахир ва поймардӣ ва шуҷоат ва ҳузураш дӯстро ба таҳсин ва душманро ба ҳайрат водошт. Ин шумо мардум будед, ки кишварро раҳбарӣ ва иқтидори онро замонат кардед. Ояте, ки дар садри ин навиштор оварадам, ба ин маънист, ки ҳеч ояте аз оёти илоҳӣ нест, ки ё мӯҳлаташ тамом шавад ё ба фаромӯшӣ супурда шавад, магар ин ки аз ноҳияи ҳазрати Ҳақ ҷалла ва ъало, мисли ё бартар аз он баҷояш дода шавад.
Муносибати истифода аз ин ояти шарифа ин нест, ки ин банда дар ҳадди раҳбари шаҳид бошам чӣ расад ба ин ки бихоҳам бартар аз эшон фарз шавам; балки ҷиҳати зикри ояти муборака тавваҷӯҳ додан ба нақши баҷо ва пурранги шумо миллати азиз аст. Агар он неъмати узмо аз мо салб шуд, ба ҷояш бори дигар ҳузури Амморгунаи миллати Эрон ба ин низом эъто гашт. Инро бидонед, агар қудрати шумо дар саҳна зоҳир нашавад, на раҳбарӣ ва на ҳеч як аз дастгоҳҳои мухталиф, ки шаъни воқеии онҳо хидмат ба мардум аст, короии лозимро нахоҳанд дошт.
Барои ин ки ин маъно беҳтар сурати таҳаққуқ пайдо кунад, аввалан бояд ба ёди Худованди Таборак ва Таъоло ва таваккул бар ҳазраташ ва тавассул ба анвори тайибаи маъсумин салавотуллоҳи алайҳим аҷмаъин чун иксири аъзам ва кибрити аҳмаре нигариста шавад, ки тазминкунандаи анвоъи гушоишҳо ва зафари қатъӣ бар душман аст. Ин мазияти азиме аст, ки шумо воҷиди он ва душманонатон фоқиди он ҳастанд.
Сониян бояд бар ваҳдат байни оҳод ва ақшори миллат, ки маъмулан дар мавоқеъи мазиқа намуди хоссе пайдо мекунад, хадшае ворид нашавад. Ин амр бо сарфи назар кардан аз нуқоти мавриди ихтилоф таҳсил хоҳад шуд.
Солисан бояд ҳузури муассир дар саҳна ҳифз шавад; чӣ ба сурате, ки дар ин рӯзҳо ва шабҳои ҷанг аз худ нишон додед ва чӣ ба сурати анвоъи нақшофариниҳои муассир дар арсаҳои мухталифи иҷтимоӣ, сиёсӣ, тарбиятӣ, фарҳангӣ ва ҳатто амниятӣ. Муҳим ин аст, ки нақши саҳеҳ, бидуни хадша ба ваҳдати иҷтимоӣ ба хубӣ дарк ва то ҳадди мумкин ба иҷро гузошта шавад.
Яке аз вазоифи раҳбарӣ ва баъзе масъулини дигар гӯшзад кардани баъзе аз ин нақшҳо ба оҳод ё ақшори ҷомеъа аст. Аз ин рӯ аҳаммияти ҳузур дар маросими Рӯзи Қудсро ёдовар мешавам, ки бояд унсури душманшиканӣ дар он мавриди тавваҷӯҳи ҳамагон бошад.
Робиан аз кӯмак ва ёрӣ ба якдигар фурӯгузор накунед. Биҳамдиллоҳ хислати ҳамешагии бештари эрониён ҷуз ин набуда ва интизор меравад, ки дар ин рӯзҳои хосс, ки табъан бар баъзе аз оҳоди миллат сахттар аз бақия мегузарад, ин матлаб ҷилваи бештаре дошта бошад. Дар ҳамин маҷол аз дастгоҳҳои хадамотӣ мехоҳам, ки дар ин ҷиҳат аз ҳар гуна ёрӣ ва иъонат ба он оҳоди азизи миллат ва ба сохторҳои мардумии имдодӣ дареғ нанамоянд.
Агар ин ҷаҳот муроъот шавад, роҳи вусули шумо миллати азиз ба рӯзҳои азамату шукӯҳ ҳамвор хоҳад буд. Наздиктарин мисдоқи он метавонад би изнллоҳ зафар бар душман дар ҷанги феълӣ бошад.
Қисмати севвуми каломи банда, ташаккури самимона аз размандагони шуҷоъамон аст, ки дар шароите, ки миллат ва ватани азизамон ба таври мазлумонае мавриди таҳоҷуми руъуси ҷабҳаи истикбор қарор гирифта, бо заработи кӯбандаи худ роҳи душманро садд кардаанд ва ононро аз таваҳҳуми имкони тасаллут бар меҳани азиз ва аҳёнан таҷзияи он хориҷ намудаанд.
Бародарони азизи разманда! Хости тӯдаҳои мардум, идомаи дифоъи муассир ва пушаймонкунанда аст. Ҳамчунин қатъан ҳамчунон аз аҳруми масдуд кардани тангаи Ҳурмуз бояд истифода шавад. Дар мавриди гушудани ҷабҳаҳои дигаре, ки душман дар он таҷрибаи ночизе дорад ва ба шиддат дар он осебпазир хоҳад буд, мутолеоте сурат гирифтааст ва фаъолсозии он дар сурати истимрори вазъи ҷангӣ ва бино бар риояти масолеҳ сурат хоҳад гирифт.
Ҳамчунин аз размандагони ҷабҳаи муқовимат ташаккури самимона дорам. Мо кишварҳои ҷабҳаи муқовиматро беҳтарин дӯстони худ медонем ва амри муқовимат ва ҷабҳаи муқовимат, ҷузъе ҷудоинопазир аз арзишҳои Инқилоби Исломӣ аст. Бе тардид ҳамроҳии аҷзоъи ин ҷабҳа бо якдигар, масири тахаллус аз фитнаи саҳюниро кӯтоҳтар менамояд; ҳамчунон ки дидем Ямани шуҷоъ ва мӯъмин даст аз дифоъ аз мардуми мазлуми Ғазза барнадошт ва Ҳизбуллоҳи фидокор алорағми ҳамаи мавонеъ, ба ёрии Ҷумҳурии Исломӣ омадааст ва муқовимати Ироқ ҳам далерона ҳамин хаттро дар пеш гирифтааст.
Дар қисмати чаҳорум рӯйи сухани банда бо касоне аст, ки дар ин чанд рӯз ба навъе осеб дидаанд, чӣ онон, ки доғи шаҳодати азиз ё азизонеро таҷриба карда бошанд; чӣ касоне, ки дучори маҷрӯҳият шуда бошанд ва чӣ афроде, ки ба хона ва кошона ё маҳалли касбу корашон садама ворид шуда бошад.
Дар ин қисмат аввалан ҳамдардии амиқи худро бо бозмондагони шуҳадои воломақом эълом медорам.
Ин бар асоси таҷрибаи муштараке аст, ки ман бо ин бузургворон дорам; ба ғайр аз падарам, ки доғи фуқдони ҳазраташ амре умумӣ шуда, ҳамсари азиз ва бовафоямро, ки умедҳо ба эшон доштам ва хоҳари фидокорам, ки худро вақфи хидмат ба волидайнаш карда буд ва оқибат музди худро гирифт ва ҳамчунин тифли хурдсолашро ва ҳамсари хоҳари дигарам, ки инсоне олим ва шариф будро ба корвони шуҳадо супурдаам. Аммо он чи сабр бар масоибро мумкин ва ҳатто осон месозад, тавваҷӯҳ ба ваъдаи ҳатмӣ ва қатъии илоҳӣ бар аҷре пурарҷ барои собирон аст. Аз ин рӯ бояд сабр кард ва ба лутфу дастгирии ҳазрати Ҳақ ҷалла ва ъало умед ва эътимод дошт.
Сониян ин итминонро ба ҳамагон медиҳам, ки мо аз интиқоми хуни шуҳадои шумо сарфи назар нахоҳем кард. Интиқоме, ки дар назар дорем фақат марбут ба шаҳодати раҳбари азимушшаъни Инқилоб нест; балки ҳар узве аз миллат, ки тавассути душман шаҳид мешавад, худ мавзӯи мустақилле барои парвандаи интиқом аст. Албатта миқдори маҳдуде аз ин интиқом то ба ҳол сурати айнӣ пайдо кардааст. вале то ҳадди комили он ҳосил нашавад, ҳамчунон ин парванда дар рӯйи бақияи парвандаҳо хоҳад буд ва бахусус нисбат ба хуни атфол ва кӯдаконамон ҳассосияти бештаре хоҳем дошт. Аз ин рӯ ҷинояте, ки душман ба таври омидона дар мавриди мадрасаи шаҷараи тайибаи Миноб ва баъзе мавориди мушобеҳ муртакиб шуда, шаъни хоссе дар ин расидагӣ дорад.
Солисан ҳатман ҷонбозони ин ҳамалот бояд хадамоти дармонии муносиберо ба таври ройгон дарёфт намуда ва аз баъзе мазоёи дигар баҳраманд гарданд.
Робиан то ҷойе, ки вазъи феълӣ иҷоза диҳад бояд барои ҷуброни хасоратҳои молии воридомада ба амкина ва амволи шахсӣ иқдомоти кофӣ, таърифшуда ва мавриди иҷро воқеъ шавад. Ду мавриди ахир ба манзилаи таклифе лозимулиҷро барои масъулини мӯҳтарам аст, ки бояд онро иҷро карда ва гузориши онро ба банда бидиҳанд.
Нуктае, ки бояд гӯшзад намоям ин аст, ки ба ҳар сурат мо аз душман ғаромат хоҳем гирифт ва агар имтиноъ кунад, ба андозае, ки ташхис бидиҳем, аз амволаш бархоҳем дошт ва агар он ҳам мақдур набошад, ба ҳамон андоза аз амволашро нобуд хоҳем кард.
Қисмати панҷуми калом, хитоб ба сарон ва радаҳои муассир дар баъзе аз кишварҳои минтақа аст. Мо бо 15 кишвар ҳамсоягии хокӣ ё обӣ дорем ва ҳамеша моил ба иртиботи гарм ва созанда бо ҳамаи онон будаем ва ҳастем. Лекин душман аз солҳо қабл ба тадриҷ пойгоҳҳое аъамм аз низомӣ ва молиро дар баъзе аз ин кишварҳо эҳдос карда, то тасаллути худ бар минтақаро таъмин намояд. Дар ҳуҷуми ахир, баъзе аз пойгоҳҳои низомӣ мавриди истифода қарор гирифт, ки табъан мо ҳамон тавр, ки ҳушдори сареҳ дода будем ва бидуни ин ки таъаррузе ба он кишварҳо сурат диҳем, сирфан ҳамон пойгоҳҳоро мавриди ҳамла қарор додаем. Аз ин пас боз ҳам ба ночор ин корро идома хоҳем дод; гарчӣ ҳамчунон мӯътақид ба лузуми дӯстӣ байни худ ва он ҳамсоягонамон мебошем. Ин кишварҳо бояд таклифи худро бо мутаҷовизин ба ватани азизамон ва қотилини оҳоди мардуми мо маълум кунанд. Ман тавсия мекунам ҳар чӣ зудтар он пойгоҳҳоро таътил кунанд; чун лобуд то ба ҳол фаҳмидаанд, ки иддаои барқарории амният ва сулҳ аз сӯйи Омрико дурӯғе беш набуда аст.
Ин амр боис мешавад, то бо миллатҳои худашон, ки умуман аз ҳамроҳӣ бо ҷабҳаи куфр ва рафтори таҳқиромези он норозӣ ҳастанд, пайванди бештаре пайдо карда ва бар сарват ва қудраташон афзуда шавад. Боз такрор мекунам, низоми Ҷумҳурии Исломӣ бидуни ин ки бихоҳад султа ва истиъмореро дар минтақа роҳ биандозад, барои иттиҳод ва робитаи мутақобили гарм ва самимона бо ҳамаи ҳамсоягон омодагии комил дорад.
Дар қисмати шашуми калом, рӯйи суханам бо раҳбари шаҳидамон аст. Раҳбаро! Бо рафтани худ доғи сангине бар қулуби ҳамагон ворид кардед. Шумо ҳамеша муштоқи ин оқибат будед, то билохира ҳазрати Ҳақ онро дар ҳоли тиловати Қуръони Карим дар субҳгоҳи рӯзи 10-уми Рамазони муборак ба шумо эъто фармуд. Мазлумиятҳои зиёдеро муқтадирона ва бо ҳилм таҳаммул кардед ва хам ба абрӯ наёвардед. Бисёре қадри воқеии шуморо нашнохтанд ва шояд муддатҳо бугузарад, то анвоъи ҳиҷобҳо ва мавонеъ канор равад ва завоёе аз он маълум шавад.
Умедворем аз қабл мақоми қурбе, ки дар ҷивори анвори тайиба ва сиддиқину шуҳадо ва авлиё бароятон фароҳам гашта, боз ҳам ба фикри пешрафти ин миллат ва ҳамаи миллатҳои ҷабҳаи муқовимат буда бошед ва барои он висотат намоед; ҳамчунон ки дар ҳаёти дунявии худ чунин будед.
Мо бо шумо аҳд мебандем, ки барои эътилои ин парчам, ки парчами аслии ҷабҳаи Ҳақ аст ва барои вусул ба мақосиди муқаддаси ҷанобатон бо тамоми вуҷуд талош кунем.
Дар қисмати ҳафтум, аз ҳамаи бузургвороне, ки бандаро мавриди ҳимояти худ қарор додаанд аз ҷумла мароҷеъи изоми тақлид ва шахсиятҳои мухталифи фарҳангӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва аз оҳоди мардум, ки дар таҷаммуъоти пуршукӯҳе барои ибрози байъати муҷаддад бо низом ҳозир шудаанд ва ҳамчунин аз масъулини қувои салоса ва шӯрои муваққати раҳбарӣ ба хотири ҳусни тадобир ва иқдомот ташаккур менамоям.
Умедворам алтофи хоссаи илоҳия дар ин соъоту айёми пурфайз шомили ҳамаи миллати Эрон ва балки ҳамаи муслимин ва мустазъафини олам шавад.
Ва дар ниҳоят аз сарварамони аҷҷаллоҳу таъолор фараҷаҳушшариф тақозо мекунам дар ин боқимонда аз муддати лаёлӣ ва айёми қадр ва моҳи мубораки Рамазон, аз даргоҳи ҳазрати Ҳақ ҷалла ва ъало, барои миллати мо ғалабаи қотеъ бар душман ва ҳамчунин иззату вусъату офият ва барои рафтагонашон мақомоту офияти ухравиро талаб намоянд.
Сайидмуҷтабо Ҳусайнии Хоманаӣ
21 Исфанд 1404 мутобиқ бо 22 Рамазони мубораки 1447 (12 марти 2026)
Тоҷнек



















