Лоӣқи ман,вориси мирони ман,
Дар фироқат сугвор Эрони ман.
Дар набудат қалби ман дарёи ғам,
Нӯр рафт аз хонаю кошони ман.
Вожаҳои гавҳаринат ҳамчунон,
Дар забони порсӣ,мизони ман.
Чомаҳоят, ҳар яке дурри дарӣ,
Раҳнамои поки фарзандони ман.
Бар забонҳо ҳамчунон ашъори туст,
Дар Ҳарӣ,Кӯлобу Андиҷони ман.
Оварад боди сабо бӯи туро,
Аз раҳи Лучоб бар Теҳрони ман.
Бар сари хоки мазорат гул ниҳам,
То биторад ранҷишу ҳирмони ман.
Турбате к-андар дилаш бошад ниҳон,
Паӣкари шери яли мастони ман.
Бе тую он ормони поки ту,
Чок бошад ин дили пазмони ман.
Мерасад ҳар дам ба гӯш аз хоки ту,
Нолаи маҳзуни ту бар ҷони ман.
К-аз ҷудоиҳои сад сола басӣ,
Мекунад афғон бар ин нисёни ман.
Аз Варорӯдон дигар ғофил наем ,
То шавад зинда дили шерони ман.
Пора хоҳӣ бод агар ин симхор,
Бо тавони Рустами Дастони ман.
Ҳамдилию ҳамнавоӣ лозимаст,
Мар ҳама ёрони боимони ман.
То шавад дар осмон барпо ҳамӣ,
Парчами пояндаи покони ман.
Соясори ошноӣ бар кашад,
Бар сари Тӯсу Рaӣу Хатлони ман.
Роҳи ту бошад раҳи Донои Тӯс,
Марҳами ҷону дили сарсони ман.
Гар бимирам андар ин армон ,чи бок,
Сар шавад бори дигар Сомони ман.
Ҳажири ТЕҲРОНӢ