Ироқчӣ: Омодагии мо барои дифоъ аз мардуми худ 1000 дарсад аст!
Ахбори байналмилал
Ҳушдори Ироқчӣ дар бораи моҷароҷӯиҳои низомии Амрико
Сайидаббос Ироқчӣ, вазири хориҷаи Ҷ.И.Эрон, дар Х навишт:
“Ҳар замон, ки як роҳи ҳалли диплумотик рӯи миз қарор гирад, Иёлоти Муттаҳида ба як моҷароҷӯии низомии бехирадона рӯ меоварад. Оё ин сирфан як токтики кӯр барои эъмоли фишор аст? Ё фиребкории як харобкор аст, ки бори дигар мехоҳад раиси ҷумҳури Амрикоро ба ботлоқе тоза бикашонад?
Иллат ҳар чи бошад, натиҷа ҳамеша яке аст: эрониён ҳаргиз дар баробари фишор сар хам намекунанд, вале ин диплумосӣ аст, ки ҳамвора қурбонӣ мешавад.
Ҳамчунин бояд гуфт, Созмони CIA иштибоҳ мекунад. Захоири мушакӣ ва зарфияти партобгарҳои мо нисбат ба 9-исфанд дар сатҳи 75 дарсад нест; рақами саҳеҳ 120 дарсад аст.
Ва аммо омодагии мо барои дифоъ аз мардуми худ: 1000 дарсад”.
Тоҷнек


















