Истеъморзудоӣ бо шеваи туркӣ
Ёддошти профессор Сайфуллоҳ Муллоҷон
Вазорати омӯзишу парвариш (маориф)-и Туркия хабар дод, ки дар охирин иқдоми худ тасмим гирифтааст, ки чанд вожаи барои ҷаҳони турк “бегона” ё “истеъморӣ”-ро аз матни китобҳои дарсӣ берун кунад. Вазир Юсуф Такин дар мусоҳибаи хабарии худ аз чанд иқдоми худ ва ҳазфи калимаҳои нолозим барои донишомӯзони Туркия гузориш дода гуфт, ки ситеза бо вожаву ибораи нозарур ҷузви барномаҳои давлати мост. Чанд вожаро минбаъд дар китобҳои дарсии Туркия боястӣ ба гунае дигар биноманд. Аз ҷумла, минбаъд:
- “Юришҳои салибӣ” бояд “таҳоҷуми салибӣ” номида шаванд. Тафовут нест? Ҳаст. Зеро истилоҳи “юришҳои салибӣ”-ро омилони ин ҳамла – салибдорони Ғарб вориди илм карда, масъулияти ин нанги таърихиро ба души калисо ҳавола карданд. Дар ҷараёни ин ҷанг салибдорон муртакиби ҳазорон ҷиноят шуда, мардуми бегуноҳи мусулмон ва ҳатто масеҳиро ба қатл расонданд.
- “Кашфиёти бузурги ҷуғрофӣ” акнун “Оғози истеъмор” номида мешавад. Ин ҳам дур аз воқеият нест. Бо оғози “футуҳот” ё “кишваркушоӣ”-и аврупоиҳо чӣ мусибатҳое ба сари мардумони бумии Осиёву Африқову Амрико наёмад. Муҳимтарин паёмади кишваркушоиҳои аврупоиҳо истеъмори ҷаҳонӣ буд, ки раванди тасаллути бегонаҳо ба сарзаминҳо ҳамроҳ бо ғорати манобеи табиӣ буд. “Рӯзи Колумб” (душанбеи дувуми моҳи октябр), ки ҳар сол дар Амрико ҷашни миллӣ аст, барои бумиёни ин сарзамин рӯзи азову мусибат ба шумор меоянд. Сафедпӯстони аз Аврупо рафта, ба рақсу бозӣ мепардозанд ва бумиён дар сӯги ниёгони қурбоншуда ба мотам менишинанд.
- Дарёи Эжей (Эгей) минбаъд “Дарёи ҷазоир ё ҷазираҳо” хонда мешавад. Номи Эжей (Эгей) ба асотири юнонӣ бармегардад. Миёни Туркия ва Юнон рақобатҳои дерини сиёсӣ ва низомӣ ҳукмфармост. Қаламрави имрӯзаи Туркия дар гузашта, ғолибан юнонинишин буда, пас аз тасхири Константинопол (1453) тавассути давлати Усмонӣ саросари Руми Шарқӣ (Византия) ба дасти усмониҳо гузашт. Дар дарёи Эжей (Эгей) то кунун маконҳои баҳсноки зиёд аст, ки Юнону Туркия бо ҳам баҳс доранд.
- Осиёи Миёна ҳам акнун барои мардуми Туркия “Туркистон” номида мешавад. Ин номро ба Варорӯди куҳану Мовароуннаҳри асримиёнагӣ истеъморгарони рус бахшиданд. Акнун на танҳо Осиёи Миёна, балки шимоли Афғонистонро низ тарафдорони Ардуғон Туркистони Ҷанубӣ меноманд. Турктаборони Аф-онистон низ аз ин ном бадашон намоеяд.
Такин дар хатми суханронии худ изҳор дошт, ки “мо набояд як лаҳза ғофил бошем. Руҳи миллии мо бояд огоҳу бедор бошад. Ин асоси худшиносии миллист”
Туркияи кунунӣ низ бахше аз тарҳҳои истеъморист. Туркия, ки аз батни давлати Усмонӣ баромада, аз замони Мустафо Камол (Отатурк) бо тамоми осори исломӣ ва намодҳои Усмонӣ, аз қабили хилофат, исломият, ухувати динӣ, ҷанг эълон кард, дар як қарни охир пуштибони ҳаракати туркгароӣ будааст. Талошҳои Раҷаб Ардуғон ва сиёсати “навусмонӣ”-и ӯ пас аз ҷанги Сурия ва ҳаводиси охири Эрон нақше бар об шуд. Зеро маълум шуд, ки ӯ бо Исроил ҳашру нашр дошта, кишварҳои ба Туркия наздик, аз қабили Озарбойҷону Қазоқистон низ акнун бо ишораи Ардуғон ба оҳангҳои исроилӣ мерақсанд. Оре, дунё дар остонаи таҳаввулоти азим қарор дорад ва назми навин дар садади таҳаққуқ ёфтан аст.
Ҷаҳони эронитаборон чӣ барномае дорад?
Тоҷнек



















