• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Мавзӯоти доғ

Истеъморзудоӣ бо шеваи туркӣ

May 19, 2026
in Мавзӯоти доғ
0
Сайфулло Муллоҷон

Як ҳикояти таърихӣ аз рӯзгори хӯшомадгӯён ва чоплусон

0
SHARES
1
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Истеъморзудоӣ бо шеваи туркӣ

Ёддошти профессор Сайфуллоҳ Муллоҷон

Вазорати омӯзишу парвариш (маориф)-и Туркия хабар дод, ки дар охирин иқдоми худ тасмим гирифтааст, ки чанд вожаи барои ҷаҳони турк “бегона” ё “истеъморӣ”-ро аз матни китобҳои дарсӣ берун кунад. Вазир Юсуф Такин дар мусоҳибаи хабарии худ аз чанд иқдоми худ ва ҳазфи калимаҳои нолозим барои донишомӯзони Туркия гузориш дода гуфт, ки ситеза бо вожаву ибораи нозарур ҷузви барномаҳои давлати мост. Чанд вожаро минбаъд дар китобҳои дарсии Туркия боястӣ ба гунае дигар биноманд. Аз ҷумла, минбаъд:

  1. “Юришҳои салибӣ” бояд “таҳоҷуми салибӣ” номида шаванд. Тафовут нест? Ҳаст. Зеро истилоҳи “юришҳои салибӣ”-ро омилони ин ҳамла – салибдорони Ғарб вориди илм карда, масъулияти ин нанги таърихиро ба души калисо ҳавола карданд. Дар ҷараёни ин ҷанг салибдорон муртакиби ҳазорон ҷиноят шуда, мардуми бегуноҳи мусулмон ва ҳатто масеҳиро ба қатл расонданд.
  2. “Кашфиёти бузурги ҷуғрофӣ” акнун “Оғози истеъмор” номида мешавад. Ин ҳам дур аз воқеият нест. Бо оғози “футуҳот” ё “кишваркушоӣ”-и аврупоиҳо чӣ мусибатҳое ба сари мардумони бумии Осиёву Африқову Амрико наёмад. Муҳимтарин паёмади кишваркушоиҳои аврупоиҳо истеъмори ҷаҳонӣ буд, ки раванди тасаллути бегонаҳо ба сарзаминҳо ҳамроҳ бо ғорати манобеи табиӣ буд. “Рӯзи Колумб” (душанбеи дувуми моҳи октябр), ки ҳар сол дар Амрико ҷашни миллӣ аст, барои бумиёни ин сарзамин рӯзи азову мусибат ба шумор меоянд. Сафедпӯстони аз Аврупо рафта, ба рақсу бозӣ мепардозанд ва бумиён дар сӯги ниёгони қурбоншуда ба мотам менишинанд.
  3. Дарёи Эжей (Эгей) минбаъд “Дарёи ҷазоир ё ҷазираҳо” хонда мешавад. Номи Эжей (Эгей) ба асотири юнонӣ бармегардад. Миёни Туркия ва Юнон рақобатҳои дерини сиёсӣ ва низомӣ ҳукмфармост. Қаламрави имрӯзаи Туркия дар гузашта, ғолибан юнонинишин буда, пас аз тасхири Константинопол (1453) тавассути давлати Усмонӣ саросари Руми Шарқӣ (Византия) ба дасти усмониҳо гузашт. Дар дарёи Эжей (Эгей) то кунун маконҳои баҳсноки зиёд аст, ки Юнону Туркия бо ҳам баҳс доранд.
  4. Осиёи Миёна ҳам акнун барои мардуми Туркия “Туркистон” номида мешавад. Ин номро ба Варорӯди куҳану Мовароуннаҳри асримиёнагӣ истеъморгарони рус бахшиданд. Акнун на танҳо Осиёи Миёна, балки шимоли Афғонистонро низ тарафдорони Ардуғон Туркистони Ҷанубӣ меноманд. Турктаборони Аф-онистон низ аз ин ном бадашон намоеяд.

Такин дар хатми суханронии худ изҳор дошт, ки “мо набояд як лаҳза ғофил бошем. Руҳи миллии мо бояд огоҳу бедор бошад. Ин асоси худшиносии миллист”

Туркияи кунунӣ низ бахше аз тарҳҳои истеъморист. Туркия, ки аз батни давлати Усмонӣ баромада, аз замони Мустафо Камол (Отатурк) бо тамоми осори исломӣ ва намодҳои Усмонӣ, аз қабили хилофат, исломият, ухувати динӣ, ҷанг эълон кард, дар як қарни охир пуштибони ҳаракати туркгароӣ будааст. Талошҳои Раҷаб Ардуғон ва сиёсати “навусмонӣ”-и ӯ пас аз ҷанги Сурия ва ҳаводиси охири Эрон нақше бар об шуд. Зеро маълум шуд, ки ӯ бо Исроил ҳашру нашр дошта, кишварҳои ба Туркия наздик, аз қабили Озарбойҷону Қазоқистон низ акнун бо ишораи Ардуғон ба оҳангҳои исроилӣ мерақсанд. Оре, дунё дар остонаи таҳаввулоти азим қарор дорад ва назми навин дар садади таҳаққуқ ёфтан аст.

Ҷаҳони эронитаборон чӣ барномае дорад?

Тоҷнек

Source: Истеъморзудоӣ бо шеваи туркӣ
Via: Истеъморзудоӣ бо шеваи туркӣ
Tags: Истеъморзудоӣ бо шеваи туркӣ
Previous Post

Таҳдиди Тромп алайҳи Эрон

Related Posts

Демократҳо: Тромп Амрикоро ба сӯи ҷанги ноком мебарад
Мавзӯоти доғ

Таҳдиди Тромп алайҳи Эрон

May 19, 2026
Паёми Оятуллоҳ Сайидмуҷтабо Хоманаӣ ба муносибати Рӯзи посдошти забони форсӣ ва бузургдошти Фирдавсӣ
Мавзӯоти доғ

Паёми раҳбари Эрон ба муносибати Рӯзи посдошти забони форсӣ ва бузургдошти Фирдавсӣ

May 18, 2026
Эрон: Фақат кишиҳои тиҷорӣ ва тарафҳои ҳамкорӣ боЭрон аз тангаи Ҳурмуз убур мекунанд!
Мавзӯоти доғ

Эрон: Фақат киштиҳои тиҷорӣ ва тарафҳои ҳамкорӣ бо Эрон аз тангаи Ҳурмуз убур мекунанд!

May 19, 2026
Дархости Тромп аз Аморот барои ҳамла ба Эрон
Мавзӯоти доғ

Дархости Тромп аз Аморот барои ҳамла ба Эрон

May 18, 2026
Муҳаммадризо Ориф: Душман наметавонад аз тангаи Ҳурмуз убур кунад!
Мавзӯоти доғ

Муҳаммадризо Ориф: Душман наметавонад аз тангаи Ҳурмуз убур кунад!

May 18, 2026
Пешбинии рӯзномаи Кайҳон аз шурӯи ҷанг дар Эрон
Мавзӯоти доғ

Пешбинии рӯзномаи Кайҳон аз шурӯи ҷанг дар Эрон

May 18, 2026

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

February 7, 2026
Рози аслии муваффақият

Кори имрӯзаро ба фардо магузор

August 13, 2025
Дин

Дин

December 24, 2022
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Вазъияти номаълуми Натонёҳу

Вазъияти номаълуми Натонёҳу

1
Сайфулло Муллоҷон

Истеъморзудоӣ бо шеваи туркӣ

May 19, 2026
Демократҳо: Тромп Амрикоро ба сӯи ҷанги ноком мебарад

Таҳдиди Тромп алайҳи Эрон

May 19, 2026
Паёми Оятуллоҳ Сайидмуҷтабо Хоманаӣ ба муносибати Рӯзи посдошти забони форсӣ ва бузургдошти Фирдавсӣ

Паёми раҳбари Эрон ба муносибати Рӯзи посдошти забони форсӣ ва бузургдошти Фирдавсӣ

May 18, 2026
Эрон: Фақат кишиҳои тиҷорӣ ва тарафҳои ҳамкорӣ боЭрон аз тангаи Ҳурмуз убур мекунанд!

Эрон: Фақат киштиҳои тиҷорӣ ва тарафҳои ҳамкорӣ бо Эрон аз тангаи Ҳурмуз убур мекунанд!

May 19, 2026

Recent News

Сайфулло Муллоҷон

Истеъморзудоӣ бо шеваи туркӣ

May 19, 2026
Демократҳо: Тромп Амрикоро ба сӯи ҷанги ноком мебарад

Таҳдиди Тромп алайҳи Эрон

May 19, 2026
Паёми Оятуллоҳ Сайидмуҷтабо Хоманаӣ ба муносибати Рӯзи посдошти забони форсӣ ва бузургдошти Фирдавсӣ

Паёми раҳбари Эрон ба муносибати Рӯзи посдошти забони форсӣ ва бузургдошти Фирдавсӣ

May 18, 2026
Эрон: Фақат кишиҳои тиҷорӣ ва тарафҳои ҳамкорӣ боЭрон аз тангаи Ҳурмуз убур мекунанд!

Эрон: Фақат киштиҳои тиҷорӣ ва тарафҳои ҳамкорӣ бо Эрон аз тангаи Ҳурмуз убур мекунанд!

May 19, 2026
Tajnek

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Сайфулло Муллоҷон

Истеъморзудоӣ бо шеваи туркӣ

May 19, 2026
Демократҳо: Тромп Амрикоро ба сӯи ҷанги ноком мебарад

Таҳдиди Тромп алайҳи Эрон

May 19, 2026
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved