Наҷотдиҳандагони Исроил
Ёддошти Сайидюнуси Истаравшанӣ
Танҳо наҷотдиҳандаи режими Исроил дар ҳоли ҳозир ду кишвари Туркия ва Озарбойҷон ҳастанд
Бо оғози Тӯфон ал-Ақсо дар Ғазза ва ҳамалоти Ансоруллоҳи Яман ба режими Исроил ва сипас ҷанги 12 рӯзаи Омрико ва Исроил алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва он гоҳ ҷанги Рамазони соли ҷорӣ – ки дар пайи онҳо, тамоми роҳҳои ҳаётӣ (иқтисодӣ) ба рӯйи режими кӯдаккуши Исроил баста шудааст – имрӯз танҳо як роҳи ҳаётӣ ва нафас кашидан барои ин режим боқӣ монда, ки агар ин роҳ низ қатъ шавад, бешак режими Исроил суқут хоҳад кард.
Ва ин роҳ, лӯлаи Боку-Ҷайҳон-Исроил аст, ки аз майдони нафтии Озарбойҷон оғоз мешавад ва аз тариқи Туркия то баҳри Миёназамин ва аз он ҷо ба Исроил мерасад. Имрӯз, сӯхти Исроил танҳо аз ҳамин тариқ таъмин мешавад.
Ҷумҳурии Озарбойҷон, ки таклифаш равшан аст, бо ин раиси ҷумҳур (Илҳом Алиев) ва домоди саҳюнисташ. Алиев на танҳо ҳозир нест ин лӯларо қатъ кунад, балки асосан аз ҳомиёни пару поқурси Исроил ва саҳюнизми байналмилалӣ аст, ба ҳадде, ки баъзе ҷамъомадҳои лоббиҳои саҳюнизми ҷаҳонӣ бо ҳимояти мустақими Алиев дар Боку баргузор мешавад.
Аммо ҷойи тааҷҷуб ва шигифтӣ давлати Туркия ва шахси Раҷаб Тайиб Урдуғон аст. Ӯ, ки ҳамеша шиор медиҳад ва эълом медорад, ки ҳомии муқовимат ва душмани Исроил аст, бо як иқдом метавонад ин лӯларо қатъ кунад, аммо тааҷҷуб ин ки на танҳо ин корро намекунад, балки асосан саъй мекунад дар бораи он сухан гуфта нашавад.
Воқеан ҷойи тааҷҷуб аст!
Тоҷнек




















