Нигоҳе ба зиндагии Шаҳид Сайид Алии Хоманаӣ
Шарҳи ҳоли раҳбари шаҳид
Сайид Алӣ Ҳусайнии Хоманаӣ (1939-2026) машҳур ба Оятуллоҳ Хоманаӣ, дуввумин раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон ва аз мароҷеи тақлид, пеш аз Инқилоби Исломии Эрон, дар мубориза бо ҳукумати Паҳлавӣ фаъол буд ва ба далели фаъолиятҳои инқилобӣ, муддатеро дар зиндон ва табъид гузаронд. Пас аз Инқилоб, масъулиятҳои гуногуне, аз ҷумла ду давра риёсати ҷумҳурӣ (1981-1989), намояндагии Маҷлиси Шӯрои Исломӣ ва имомати ҷумъаи Теҳронро бар ӯҳда дошт ва дар соли 1989 ба раҳбарии Ҷумҳурии Исломии Эрон интихоб ва то поёни умр (феврали 2026) дар ин ҷойгоҳ буд.
Оятуллоҳ Хоманаӣ дидгоҳҳои фиқҳӣ ва сиёсии мутафовите дошт, аз ҷумла дар фиқҳ қамазаниро ҳаром медонист, ҳамчунин мӯтақид ба ҳурмати тавҳин ба муқаддасоти аҳли суннат ва манъи истифода аз силоҳи ҳастаӣ буд ва низ бар ҳимоят аз Ҷабҳаи Муқовимат таъкид дошт. Ӯ ҷиҳодро фаротар аз арсаи низомӣ медонист.
Эшон ба адабиёт ва таърихи муосир алоқаманд буд ва бо тахаллуси “Амин” шеър месуруд. Таҳсили улуми диниро аз кӯдакӣ оғоз карда дар ҳавзаҳои Машҳад, Наҷаф ва Қум ба таҳсил ва тадрис пардохт ва назди устодоне чун Имом Хумайнӣ ва Аллома Таботабоӣ шогирдӣ кард.
Оятуллоҳ Хоманаӣ тайи раҳбарии худ, бар ҳимоят аз ваҳдати мусалмонон, тақвияти Меҳвари Муқовимат таъкид дошт.
Эшон дар субҳи рӯзи шанбе 28 феврали 2026 (10 рамазони 1447 ҳ.қ.) бар асари ҳамлаи мушакии Омрико ва Исроил дар манзили маскунии худ ба шаҳодат расид.
Зиндагӣ ва хонадон
Сайид Алии Хоманаӣ дар 19 апрели 1939 мелодӣ (28 сафари 1358 ҳ.қ. // 29 фарвардини 1318 ҳ.ш.), дар Машҳад зода шуд. Падараш Сайид Ҷавод Ҳусайнии Хоманаӣ (вафот дар 1365ҳ.ш.) муҷтаҳид ва донишомӯхтаи Ҳавзаи илмияи Наҷаф, дар Машҳад ба тадриси улуми ҳавзавӣ ва имомати масҷид машғул буд.
Насаби Оятуллоҳ Хоманаӣ ба сайидҳои Афтасӣ ва Султон Сайид Аҳмад мерасад, ки бо панҷ восита аз наводагони Имом Саҷҷод (а) аст. Имомзода Муҳаммад, ки дар шаҳри Тафриш дафн аст, аз аҷдоди ӯ мебошад.
Насаби Оятуллоҳ Хоманаӣ аз тарафи модар ба Муҳаммади Дибоҷ фарзанди Имом Содиқ (а) мерасад. Модари ӯ, Хадиҷа Мирдомодӣ (вафот дар 1368 ҳ.ш.) фарзанди Сайид Ҳошим Мирдомодӣ (вафот дар 1380ҳ.қ.) аст.
Шаҳодат
Оятуллоҳ Хоманаӣ дар 28-уми феврали 2026 дар ҳамлаи Исроил ба манзили маскунии эшон дар Эрон терур ва ба шаҳодат расид. Хабари шаҳодати ӯ дар рӯзи 1-уми март эълом шуд. Дар вокуниш ба шаҳодати ӯ, мардум дар шаҳрҳои Эрон ва бархе кишварҳои дигар аз ҷумла Покистон, Ҳинд, Ироқ таҷаммӯъ карданд. Давлати Эрон ба ин муносибат ҳафт рӯз таътил ва 40 рӯз азои умумӣ эълом кард.
Муборизаи сиёсӣ ва ҷиҳод
Оятуллоҳ Хоманаӣ бар ин бовар аст, ки зиндагии сиёсии имомҳои шиъа, бо вуҷуди фарқҳои зоҳирӣ, ҳаракати бардавом буда, ки ҳудуди 250 сол идома дошта ва ҳамаи онон дар ростои рушду таолии инсоният ва эҷоди ҷомеаи исломӣ бо шеваҳои мухталиф бо душманони замонаи хеш мубориза кардаанд. Ӯ ҷиҳодро фақат на танҳо низомӣ, балки шомили мубориза бо душман дар заминаҳои сиёсӣ, фарҳангӣ, расонаӣ ва иқтисодӣ медонад. Ҳамчунин истилоҳи ҷиҳоди табйинро барои муқобила бо нуфузи душман муаррифӣ кардааст.
Ҳимоят аз ваҳдати мусалмонон дар ҷаҳони Ислом
Оятуллоҳ Хоманаӣ, ваҳдати исломиро ба маънои парҳез аз душманӣ миёни мусалмонон медонад ва албатта онро ба маънии яксонсозии ақида ва мазҳаб намешуморад. Ӯ ҷараёнҳои тафриқаафкан дар миёни шиъа ва аҳли суннатро ба тартиб шиъаи англисӣ ва исломи омрикоӣ номидааст. Дар соли 1389 ҳ.ш. пас аз изҳороти Ёсир ал-Ҳабиб алайҳи Оиша ҳамсари Пайғамбар (с), бо судури фатвое, тавҳин ба муқаддасоти мазоҳиби исломиро ҳаром эълом кард.
Ӯ бо ҳимоят аз ниҳодҳое монанди Маҷмаъи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломӣ ва Маҷмаи ҷаҳонии Аҳли Байт, ҳузур дар ҳамоишҳои байналмилалии адён ва мазоҳиб ва дидор бо уламои ҷаҳони ислом, бар зарурати ваҳдати мусалмонон таъкид кардааст.
Ӯ омилҳои хориҷӣ, ба вижа Англисро дорои собиқаи таърихӣ дар доман задан ба ихтилофоти мазҳабӣ дар ҷаҳони Ислом медонад ва нисбат ба паёмадҳои ин тафриқаафканӣ ҳушдор додааст.
Эшон дар замина гуфтааст:
“Як иддае хаёл мекунанд, исботи ташайюъ ба ин аст, ки инсон ба бузургони мавриди эътиқоди аҳли суннат ва дигарон, бино кунад мудом баду бероҳ гуфтан. На! Ин хилофи сираи имомон аст. Ин ки шумо мебинед радиоҳо ё телевизионҳое дар дунёи ислом ба вуҷуд меояд, ки кори онҳо ин аст, ки ба унвони шиъа ва ба номи шиъа, ба бузургони мавриди эътиқоди бақияи фирқаҳои исломӣ бадгӯӣ кунанд, ин маълум аст, ки будҷааш будҷаи хазонадории Англис аст; ин будҷааш будҷаи Англис (аст), ин шиъаи англисӣ аст. Ҳеҷ кас хаёл накунад, ки густариши шиъа ва эътиқоди ташайюъ ва истеҳкоми имони шиъӣ ба ин баду бероҳ гуфтан ва ба ин (тарз) ҳарф задан аст; на хайр; инҳо акс амал мекунад. Вақте шумо баду бероҳ гуфтед, даври ӯ як ҳисоре кашида мешавад аз асабоният, аз эҳсосот ва дигар ҳарфи ҳақ ҳам барояш қобили таҳаммул нест.” (Баёнот дар дидори ақшорӣ мухталифи мардум ба муносибати иди Ғадир (1395/06/30))
Масъалаҳои фарҳангӣ ва минтақавӣ
Оятуллоҳ Хоманаӣ таҳоҷуми фарҳангиро ҳуҷуме огоҳона барои султа бар миллатҳо медонад, ки аз даврони Ризошоҳи Паҳлавӣ дар Эрон оғоз шуда ва пас аз ҷанги Ироқ бо Эрон идома ёфтааст. Ӯ ҳамчунин истилоҳи “Ғарби Осиё”-ро ҷойгузини Ховари Миёна дониста ва ин номгузориро саҳеҳтар медонад. Ҳаракатҳои инқилобӣ дар кишварҳои арабиро, ки дар расонаҳо ба бедории арабӣ ёд мешуд, бедории исломӣ номидааст.
Масъалаи Фаластин
Роҳи ҳалли масъалаи Фаластин аз назари ӯ баргузории ҳамапурсӣ аст, ки ҳамаи фаластиниҳо новобаста аз мусалмон, масеҳӣ ва яҳудӣ дар он ширкат кунанд. Оятуллоҳ Хоманаӣ мӯътақид аст, роҳи озодии Фаластин муқовимат буда ва музокира барои масъалаи Фаластинро хатое медонад, ки ҷуз хасорат барои фаластиниён чизе ба ҳамроҳ надорад ва озодии Фаластинро ба таъхир меандозад.
Иқтисод ва мудирияти дохилӣ
Оятуллоҳ Хоманаӣ иқтисоди муқовиматиро роҳкоре барои муқобила бо таҳримҳо ва истифода аз тавони дохилии Эрон муаррифӣ кардааст. Бар асари таъкидҳои ӯ вожаи иқтисоди муқовиматӣ вориди адабиёти сиёсии Эрон шуд. Ӯ ҳамчунин аз соли 1378 ҳ.ш. иқдом ба номгузории солҳои шамсӣ бо ҳадафи ҷалби таваҷҷӯҳи мардум ба масоили фарҳангӣ, динӣ ва иқтисодӣ кардааст. Дар баҳманмоҳи 1397 ҳ.ш., ба муносибати 40-солагии Инқилоби Исломӣ, баёнияе бо унвони Гоми дуввуми Инқилоб содир кард, ки нақшаи дурнамои роҳи 40-солаи дуввуми Инқилобро баён кардааст.
Ҳавзаи илмия ва тамаддуни исломӣ
Оятуллоҳ Хоманаӣ дар паёме ба Ҳамоиши байналмилалии яксадумин солгарди бозтаъсиси Ҳавзаи илмияи Қум, ҳавзаҳои илмияро ба навоварӣ, посухгӯӣ ба масоили рӯз, таҳзиб, руҳияи инқилобӣ ва тавонмандӣ дар тарроҳии низомоти иҷтимоӣ муваззаф медонад ва тарвиҷи тамаддуни навини исломиро муҳимтарин вазифаи ҳавзаҳо унвон кардааст.
Мухолифат бо сулҳи таҳмилӣ
Оятуллоҳ Хоманаӣ ҳазинаи муқовиматро камтар аз ҳазинаи созиш медонад ва бо таслим ё ақибнишинии Эрон аз ҳуқуқи ҳастаии худ мухолифат кардааст. Ӯ ҳамчунин таъкид карда, ки Эрон ҷанги таҳмилӣ ва сулҳи таҳмилиро намепазирад.
Дидгоҳҳои фиқҳӣ
Оятуллоҳ Хоманаӣ дар ҳавзаи фиқҳ ва дин, қамазаниро бидъат ва ҳаром медонад: “Қамазанӣ марбут ба дин ва ё як ҳаракати азодорӣ нест ва қатъан хилоф ва як бидъат аст ва бидуни тардид Худованд ба анҷоми он розӣ нест ва инҷониб низ аз касе, ки тазоҳур ба қамазанӣ мекунад, қалбан розӣ нестам.” (Баёноти Оятуллоҳ Хоманаӣ дар дидори аъзои Маҷлиси Хубрагони Раҳбарӣ.)
Ӯ, сохт ва бакоргирии силоҳи ҳастаӣ ва дигар силоҳҳои куштори ҷамъиро ҳаром эълом карда ва тавҳин ба муқаддасоти мазоҳиби исломиро ҷоиз намедонад.
Фаъолиятҳои илмӣ
Таҳсил
Сайид Алии Хоманаӣ таҳсилро аз чорсолагӣ дар мактабхона оғоз кард ва ҳамзамон бо давраи дабистон, қироат ва таҷвиди Қуръонро фаро гирифт. Ӯ таҳсилоти динии худро дар Машҳад оғоз кард ва давраи муқаддамот ва сатҳро дар мадрасаҳои Сулаймонхон ва Наввоб гузаронд. Ҳамзамон бо таҳсилоти ҳавзавӣ, мактаби миёнаро низ идома дод.
Дар соли 1334 ҳ.ш., дар дарси хориҷи фиқҳи Сайид Муҳаммадҳодии Милонӣ ҳозир шуд ва дар 1336 ҳ.ш. ҳамроҳи хонавода ба Наҷаф рафт ва дар дарсҳои Ҳавзаи илмияи Наҷаф ширкат кард, аммо ба далели норизоятии падар барои иқомат дар Наҷаф, ба Машҳад бозгашт ва дар дарси Оятуллоҳ Милонӣ ҳозир шуд ва дар 1337 ҳ.ш. озимӣ Ҳавзаи илмияи Қум гардид.
Дар соли 1343 ҳ.ш. ба хотири кӯмак ба падар, аз Қум ба Машҳад бозгашт ва дар ҷаласоти дарси Оятуллоҳ Милонӣ ширкат кард, ки то 1349 ҳ.ш. идома ёфт.
Устодон
Сайид Ҷалил Ҳусайнӣ Систонӣ, Сайид Ҷаводи Хоманаӣ, Мирзо Муҳаммад Мударриси Яздӣ, Ҳошимии Қазвинӣ, Сайид Муҳаммадҳодии Милонӣ, Сайид Ҳусайн Таботабоии Буруҷердӣ, Имом Хумайнӣ, Муртазо Ҳоирии Яздӣ, Сайид Муҳаммад Муҳаққиқи Домод ва Аллома Таботабоӣ аз устодони Оятуллоҳ Хоманаӣ будаанд. Ҳамчунин мухтасаре дар дарси фалсафаи Муҷтабо Қазвинӣ низ ширкат кардааст.
Тадрис
Сайид Алии Хоманаӣ аз ибтидои ҳузур дар Машҳад, ба тадриси сутуҳи олии фиқҳ ва усул пардохт ва ҳамчунин ҷаласоти тафсири Қуръон барои умум баргузор мекард. Аз соли 1347 ҳ.ш. тадриси тахассусии тафсирро барои толибилмон оғоз кард, ки то соли 1356 ҳ.ш. ва пеш аз дастгирӣ ва табъид ба Эроншаҳр идома дошт. Дар солҳои баъд, аз ҷумла давраи риёсати ҷумҳурӣ низ идома ёфт.
Пас аз раҳбарӣ, аз соли 1369 ҳ.ш. тадриси хориҷи фиқҳро дар Ҳусайнияи Имом Хумайнӣ оғоз кард ва ба тадриси абвоби ҷиҳод, қисос, макосиби муҳаррама ва намози мусофир пардохтааст.
Марҷаият
Дар соли 1373 ҳ.ш. пас аз даргузашти Муҳаммадалӣ Арокӣ, Ҷомеаи мударрисини Ҳавзаи илмияи Қум ва Ҷомеаи руҳонияти мубориз, Оятуллоҳ Хоманаиро ба унвони яке аз мароҷеи тақлид муаррифӣ кард. Нахустин асари фатвоии нашршуда аз ӯ китоби “Аҷвибат-ул-истифтоот” аст, ки шомили посухҳояш ба истифтоот аст.
Осор
Оятуллоҳ Хоманаӣ осоре дар заминаҳои риҷол, тафсири Қуръон, фиқҳ, калом ва таърихи исломӣ таълиф ё тарҷума кардааст. Аз осори таълифии эшон метавон ба “Чор китоби аслии илми риҷол”, “Аз журфои намоз”, “Гуфторе дар боби сабр” ва “Руҳи тавҳид” ишора кард. Ӯ ҳамчунин чанд асар тарҷума карда, аз ҷумла бархе аз осори Саиди Қутб.
Бархе аз китобҳои гирдоваришуда аз суханони ӯ шомили “Тарҳи куллии андешаи исломӣ дар Қуръон”, “Фаластин аз манзари Оятуллоҳ Хоманаӣ”, “Ғино”, “Инсони 250-сола”, “Шуое аз найири аъзам” ва ғайра аст. Ин осор дидгоҳҳои ӯ дар бораи Қуръон, Пайғамбар ва имомон, масоили сиёсӣ ва иҷтимоӣ ва фалсафаи исломиро бозтоб мекунанд. Ҳамчунин ғазале аз ӯ дар бораи рӯёрӯии Мӯсо (а) бо Фиръавн ва соҳирон мунташир шуда, ки дар ҷараёни амалиёти “Ваъдаи содиқ” (2024 м) мавриди ишора қарор гирифт.
Муборизаҳои сиёсӣ алайҳи ҳукумати Паҳлавӣ
Оятуллоҳ Хоманаӣ аз муборизон алайҳи ҳукумати Паҳлавӣ ва фаъолони Инқилоби Исломии Эрон буд. Оғози фаъолияти сиёсии ӯ ба дидор бо Сайид Муҷтабо Наввоби Сафавӣ дар Машҳад шурӯъ шудааст. Ӯ ба сабаби эроди суханрониҳои интиқодӣ чандин бор боздошт ва аз фаъолиятҳое чун иқомаи намози ҷамоат, суханронӣ ва тадрис манъ шуд. Бо ин ҳол фаъолиятҳои худро махфиёна идома медод. Ҷаласоти тафсири ӯ ибтидо дар мадрасаи илмияи Мирзо Ҷаъфар, масҷиди Имом Ҳасан ва масҷиди Қибла ва манзилаш баргузор мешуд ва аз озармоҳи 1352 ҳ.ш. ба масҷиди Каромат интиқол ёфт.
Ӯ бо Сайид Маҳмуди Толиқонӣ, Маҳдии Бозаргон ва Ядуллоҳ Саҳобӣ, ки ба сабаби ҳимоят аз Имом Хумайнӣ дар зиндон буданд, дар иртибот буд ва гоҳ ба мулоқоти зиндониёни сиёсӣ мерафт. Хоманаӣ ба ҳамроҳи шуморе аз руҳониён, аз ҷумла Абдурраҳим Раббонии Шерозӣ, Сайид Муҳаммад Ҳусайнии Биҳиштӣ, Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ ва Муҳаммадтақӣ Мисбоҳи Яздӣ узви гурӯҳи 11-нафарае буд, ки барои тақвияти Ҳавзаи илмияи Қум ва ҳимоят аз мубориза бо ҳукумати Паҳлавӣ шакл гирифта буд. Талош барои таҳкими марҷаияти Имом Хумайнӣ аз дигар фаъолиятҳои сиёсии ӯ буд.
Пас аз Инқилоби Исломии Эрон
Узвият дар Шӯрои Инқилоб
Оятуллоҳ Хоманаӣ аз ибтидои таъсиси Шӯрои Инқилоби Исломӣ дар даймоҳи 1357 ҳ.ш. дар ҷаласоти он ҳозир мешуд ва то поёни фаъолият дар тирмоҳи 1359 ҳ.ш. узв буд. Шӯрои Инқилоб масъули тасмимгириҳои муҳим дар бораи мубориза, аз ҷумла музокирот бо мақомоти ҳукумати Паҳлавӣ ва кишварҳои хориҷӣ, ташкили Кумитаи истиқбол аз Имом Хумайнӣ ва муаррифии Маҳдии Бозаргон ба унвони раиси давлати муваққат буд.
Ҳузур дар созмонҳои дифоӣ ва низомӣ
Дар тирмоҳи 1358 ҳ.ш. Хоманаӣ ба муовинати умури инқилоби Вазорати дифоъ мансуб шуд ва ба узвияти Комиссияи вузарои амниятӣ даромад. Ҳамчунин масъули маркази аснод ва низ сарпарасти Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ буд. Аммо дар исфандмоҳи 1358 ҳ.ш. ба далели номзадӣ дар нахустин интихоботи Маҷлиси Шӯрои Исломӣ аз ин симат истеъфо дод. Ӯ бо ҳукми Имом Хумайнӣ дар 20 урдибиҳиштмоҳи 1359 ҳ.ш. намояндаи Имом дар Шӯрои олии дифоъ ва сухангӯи он шӯро шуд ва дар давраи риёсатҷумҳурӣ низ раиси Шӯрои олии пуштибонии ҷанг буд.
Имомати ҷумъаи Теҳрон
Имом Хумайнӣ дар 24 дай 1358 ҳ.ш. Оятуллоҳ Хоманаиро ба имомати ҷумъаи Теҳрон мансуб кард. Аз иқдомоти ӯ дар ин симат, пешниҳоди баргузории семинарҳои имомони ҷумъа барои инсиҷоми шабакаи имомони ҷумъа ва эроди хутбаҳои арабӣ пас аз хутбаи дувуми форсӣ будааст.
Намояндагии Маҷлиси Шӯрои Исломӣ
Оятуллоҳ Хоманаӣ дар интихоботи нахустин давраи Маҷлиси Шӯрои Исломӣ дар исфандмоҳи 1358 ҳ.ш., бо ҳимояти Ҷомеаи руҳонияти мубориз, Ҳизби Ҷумҳурии Исломӣ аз ҳавзаи интихоботии Теҳрон вориди маҷлис шуд ва узв ва раиси Комиссияи умури дифоӣ буд.
Терури нофарҷоми Оятуллоҳ Хоманаӣ
Дар 6 тир соли 1360 ҳ.ш. ҳангоми суханронӣ дар масҷиди Абӯзар дар Теҳрон, ҳадафи суиқасд қарор гирифт. Дар ин ҳодиса китф, сина ва дасти рости ӯ ба шиддат маҷрӯҳ шуд. Ибтидо ин терур ба гурӯҳи Фурқон мунтасаб шуд, аммо бархе манобеъ Созмони муҷоҳидини халқро масъул медонанд.
Даврони риёсатҷумҳурӣ
Оятуллоҳ Хоманаӣ дар 10 меҳри 1360 ҳ.ш. бо касби 95/11 дарсад оро ба унвони севвумин раисҷумҳури низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон интихоб шуд. Дар ин интихобот, ки пас аз шаҳодати Муҳаммадалии Раҷоӣ баргузор шуд, Шӯрои марказии Ҳизби Ҷумҳурии Исломӣ ва Ҷомеаи мударрисини Ҳавзаи илмияи Қум аз номзадии ӯ дар интихоботи риёсатҷумҳурӣ ҳимоят карданд. Имом Хумайнӣ низ то он замон, ки бо тасаддии руҳониён дар мақоми риёсатҷумҳурӣ мувофиқ набуд, бо номзадии ӯ мувофиқат кард. Ӯ дар 25 мурдоди 1364 ҳ.ш. низ бо касби 12 миллиону 205 ҳазору 12 раъй (85%) аз маҷмӯи 14 миллиону 238 ҳазору 587 нафар барои дуввумин бор ба риёсатҷумҳурии Эрон интихоб шуд ва то мурдоди 1368 ҳ.ш. ин масъулиятро бар ӯҳда дошт.
Имом Хумайнӣ дар давраи риёсатҷумҳурии Оятуллоҳ Хоманаӣ барои ҳалли ихтилофоти Маҷлиси Шӯрои Исломӣ ва Шӯрои нигаҳбон дар тасвиби лоиҳаҳои мухталиф, бо ташкили Маҷмаи ташхиси маслиҳати низом мувофиқат кард ва Оятуллоҳ Хоманаӣ аввалин раиси он шуд, ки ин симатро то поёни давраи риёсатҷумҳурӣ ӯҳдадор буд.
Сафарҳои хориҷӣ
Оятуллоҳ Хоманаӣ дар давраи риёсатҷумҳурӣ ба кишварҳои Сурия, Либӣ, Алҷазоир, Покистон, Танзания, Зимбабве, Ангола, Мозамбик, Югославия, Руминия, Чин ва Куреи Шимолӣ сафар кард. Ӯ пеш аз риёсатҷумҳурӣ низ аз 21 баҳман то 6 исфанди 1359 ҳ.ш. сафари таблиғӣ ба Ҳинд доштааст.
Оятуллоҳ Хоманаӣ дар 31 шаҳривари 1366 ҳ.ш. дар 42-умин иҷлоси Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ кард. Ин аввалин ҳузури раисҷумҳури Эрон дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид буд. Ӯ ҳамчунин дар ҳаштумин иҷлоси сарони кишварҳои ғайримутааҳҳид дар Ҳараре, пойтахти Зимбабве низ суханронӣ кард.
Ҳимоят аз муборизони мусалмон
Ҳимояти Эрон аз муборизони исломӣ дар Лубнон, Фаластин, Ироқ ва Афғонистон афзоиш ёфт ва пуштибонии Эрон ҷойгоҳи минтақаӣ ва байналмилалии он гурӯҳҳоро тақвият кард. Ташкили Ҳизби ваҳдати исломӣ аз аҳзоби ҳаштгонаи Афғонистон ва Маҷлиси аълои инқилоби исломии Ироқ аз натоиҷи ин рӯйкард медонанд.
Даврони раҳбарии Ҷумҳурии Исломии Эрон
Бо даргузашти Имом Хумайнӣ дар 14 хурдодмоҳи соли 1368ҳ.ш. Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ дар ҳамон рӯз ташкили ҷаласа дод ва Оятуллоҳ Хоманаиро ба раҳбарии низоми Ҷумҳурии Исломӣ интихоб кард. Пас аз бознигарии Қонуни асосӣ ва баргузории ҳамапурсӣ, Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ бар асоси Қонуни асосии ҷадид бори дигар раъйгирӣ кард ва раҳбарии ӯро таъйид намуд. Бар асоси санадҳои савтии мунташиршуда аз музокироти хубрагон, дар ҷараёни ин ҷаласа, Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ суханоне аз Имом Хумайнӣ нақл кард, ки дар он, Оятуллоҳ Хоманаӣ барои раҳбарӣ шоиста дониста шуда буд.
Дар пайи ин интихоб, масъулони низом, хонаводаи Имом Хумайнӣ, мароҷеи тақлид ва ақшорӣ мухталифи мардум бо ӯ байъат карданд. Сайид Аҳмади Хумайнӣ, раҳбарии вайро табрик гуфт ва табаият аз дастуроти валии фақеҳро лозим донист. Ин байъатҳо ба сурати таҷаммӯъҳо ва маросимҳои умумӣ дар нуқоти мухталифи кишвар анҷом шуд.
Паёми солиёна ба ҳоҷиён
Судури паём ба муносибати айёми ҳаҷ хитоб ба ҳоҷиён, аз барномаҳои солиёнаи Оятуллоҳ Хоманаӣ дар даврони раҳбарӣ аст. Ӯ дар ин паёмҳо бар масоили ҷаҳони ислом, ваҳдати мусалмонон ва вазоифи уммати исломӣ таъкид мекунад. Нахустин паёми ӯ дар соли 1369 ҳ.ш. содир шуд, ки дар он бар эҳёи буъди сиёсӣ-ибодии ҳаҷ ва асли бароат аз мушрикон таъкид дошт ва бо ишора ба воқеаи ҳаҷҷи хунин маҳрумияти эрониён аз ҳаҷро дар ҳамин чорчӯб табйин кард. Ҷадидтарин паёми ӯ ба муносибати ҳаҷҷи соли 1446 қ. (хурдоди 1404ҳ.ш.) қироат шуд.
Тақвият ва ҳимоят аз Ҷабҳаи Муқовимат
Оятуллоҳ Хоманаӣ аз ҳомиёни аслии Меҳвари Муқовимат буд. Ҳимоятҳои ӯ ба тақвияти тавонмандии гурӯҳҳои муқовимат, ба вижа дар Фаластин ва тағйири мувозинаи муқовимат дар минтақа анҷомидааст.
Дастури муқобилаи низомии Эрон бо Исроил
Дар 14 апрели 2024, дар вокуниш ба ҳамлаи Исроил ба консулгарии Эрон дар Димишқ, Сипоҳи Посдорон бо шиллики мушак ва паҳпод аз хоки Эрон, аҳдофи низомӣ дар сарзаминҳои ишғолиро ҳадаф қарор дод. Ин иқдом нахустин рӯёрӯии мустақими низомӣ миёни Эрон ва Исроил арзёбӣ шудааст. Пеш аз ин амалиёт, Оятуллоҳ Хоманаӣ, аз танбеҳи Исроил ва посухи пушаймонкунанда ба он сухан гуфта буд. Ҳамчунин ӯ дар 23 хурдоди 1404 ҳ.ш., пас аз ҳамлаи Исроил ба Эрон ва терури шуморе аз фармондеҳони Сипоҳи Посдорони Инқилоб ва донишмандони ҳастаӣ, эълом кард, ки нерӯҳои мусаллаҳи Эрон зарбаҳои сангине ба Исроил ворид хоҳанд кард. Ҳамзамон бо интишори суханони ӯ, нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломӣ аҳдофи низомӣ ва амниятиро дар сарзаминҳои ишғолӣ ҳадаф қарор доданд.
Дастури амалиёти низомии алайҳи пойгоҳҳои Омрико дар Ғарби Осиё
Оятуллоҳ Хоманаӣ дастури ҳамлаи мушакӣ ба пойгоҳҳои Омрико дар минтақаи Ғарби Осиёро содир кард. Ба фармони ӯ, Сипоҳи Посдорон дар соли 1398 ҳ.ш. дар вокуниш ба терури Қосим Сулаймонӣ, пойгоҳи Айн-ул-асади Омрико дар Ироқро ҳадаф қарор дод. Ҳамчунин Сипоҳи Посдорон дар соли 1404 ҳ.ш. дар вокуниш ба ҳамлаи Омрико ба таъсисоти ҳастаии Эрон, ба фармони Оятуллоҳ Хоманаӣ дар амалиёти “Башорати фатҳ” пойгоҳи Омрикоии Ал-адид дар Қатарро ҳадаф қарор дод.
Даъват аз ҷавонони ғарбӣ барои шинохти бевоситаи Ислом
Дар соли 1393 ҳ.ш. ва пас аз вуқӯи як ҳодисаи теруристӣ дар Фаронса тавассути гурӯҳе аз мусалмонон, Оятуллоҳ Хоманаӣ паёме ба ҷавонони Урупо ва Омрикои Шимолӣ содир кард ва аз онҳо хост барои шинохти Ислом ба Қуръон ва зиндагии Пайғамбари Акрам муроҷиат кунанд. Ин паём бо унвони “Номае барои ту” ба забонҳои мухталиф ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир шуд. Дар 8 озармоҳи 1394 ҳ.ш. низ пас аз шӯриши ҷилиқазардҳо дар Порис, ӯ номаи дигар хитоб ба ҷавонони ғарбӣ навишт.
Изҳори ҳамбастагӣ бо донишҷӯёни ҳомии мардуми Фаластин дар Омрико
Оятуллоҳ Хоманаӣ дар 5 хурдодмоҳи 1403 ҳ.ш., дар номае ба донишҷӯёни ҳомии мардуми Фаластин дар донишгоҳҳои Омрико, бо онон изҳори ҳамдилӣ ва ҳамбастагӣ кард. Ӯ дар ин нома, ин донишҷӯёнро бахше аз Ҷабҳаи Муқовимат ва Омрикоро бузургтарин ҳомии Исроил донист ва бар ҳаққи фаластиниён дар дифоъ аз худ таъкид кард. Ҳамчунин истодагӣ дар роҳи ҳақро аз дарсҳое баршумурд, ки Қуръон ба инсонҳо омӯхтааст ва ононро бар ошноӣ бо Қуръон тавсия намуд.
Паём ба иҷлоси Ҳазораи раҳбарони руҳонии адён
Оятуллоҳ Хоманаӣ дар августи соли 2000 паёме ба иҷлоси Ҳазораи раҳбарони руҳонӣ барои сулҳи ҷаҳонӣ дар Созмони Милал ирсол кард ва ёдовар шуд, ки бисёре аз қудратталабон аз дин сӯистифода мекунанд ва бузургтарин чолиши Ҷумҳурии Исломии Эрон хунсоٰ кардани мушкилоте аст, ки аз сӯйи қудратталабони бузурги дунё бар он таҳмил мешавад. Ин паём тавассути Оятуллоҳ Ҷаводӣ Омулӣ ба унвони намояндаи Эрон дар ин иҷлос қироат шуд.
Вокунишҳо ба таҳдиди Оятуллоҳ Хоманаӣ аз сӯйи раисҷумҳури Омрико
Дар пайи таҳдид ба терури Оятуллоҳ Хоманаӣ тавассути Дунолд Тромп ва Бенёмин Натанёҳу дар ҷараёни ҷанги Исроил бо Эрон дар 1404 ҳ.ш., бархе мароҷеи тақлид ҳар режимеро, ки ба уммати исломӣ ё раҳбарии он таарруз кунад муҳориб донистанд. Ҳамчунин таҷаммӯъҳое дар ҳавзаҳои илмияи Наҷаф ва Қум баргузор шуд. Дар баёнияи Ҳавзаи илмияи Наҷаф омада буд, ки ҳар гуна таарруз ба раҳбари Эрон, ба маънои эъломи ҷанг бо мусалмонон ва хиёнате ба арзишҳои тамаддуни тавҳидӣ аст.
* * *
Манобеъ:
* “Тадовоми Офтоб: Вижаномаи оғози бистумин соли раҳбарии Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ”, дар рӯзномаи Ҷоми Ҷам, мурдоди 1387.
* Оршиви Маркази асноди инқилоби исломӣ.
* Оршиви Маркази пажӯҳиш ва асноди риёсатҷумҳурӣ, парвандаҳои давраи риёсат ҷумҳурии Оятуллоҳ Хоманаӣ.
* Оршиви муассисаи пажӯҳиши — фарҳангии инқилоби исломӣ.
* Ошноӣ бо Маҷлиси Шӯрои исломӣ, ба кӯшиши равобити умумии Маҷлиси Шӯрии Исломӣ, Теҳрон, 1360 ҳ.ш.
* Оқо бузурги Теҳронӣ, Муҳаммадмуҳсин, Табақоти эълом-уш-шиъа, Теҳрон, 1388 ҳ.ш.
* Имом Хумайнӣ дар ойинаи аснод ба ривояти Совок, Теҳрон, муассисаи танзим ва нашри осори Имом Хумайнӣ, 1386 ҳ.ш.
* Имом Хумайнӣ, Саҳифаи Имом, Теҳрон, муассисаи танзим ва нашри осори Имом Хумайнӣ, 1389 ҳ.ш.
* Бозаргон, Меҳдӣ, Ёддоштҳои рӯзона, Теҳрон, 1376 ҳ.ш.
* Беҳбудӣ, Ҳидоятуллоҳ, Шарҳи исм зиндагиномаи Оятуллоҳ Сайид Алӣ Хоманаӣ (1318 — 1357), Теҳрон, муассисаи мутолиот ва пажӯҳишҳои сиёсӣ, 1391 ҳ.ш.
* Таърихи уламои Хуросон, ба кӯшиши Мирзо Абдурраҳмон, Машҳад, 1341 ҳ.ш.
* Ҷалолӣ, Ғуломризо, Машҳад дар бомдоди наҳзати исломӣ, Теҳрон, 1378 ҳ.ш.
* Пойгоҳи Викишиа.
Тоҷнек



















