56 нафткаши саудӣ мавриди ҳадафи неруҳои низомии Яман
Ахбори байналмилал
Нерӯҳои мусаллаҳи Яман натоиҷи амалиёти худро аз замони тасмим ба мамнӯияти дарёнавардии душмани Саудӣ эълом карданд: “Ҳадаф қарор додани 56 нафткаш”
Ба гузориши Алмасира, сартип Яҳё Сареъ, сухангӯи неруҳои мусаллаҳи Яман, имрӯз (чаҳоршанбе) дар баёнияе, аз амалиёти густарда алайҳи аҳдофи Арабистони Саудӣ дар хушкӣ ва дарё хабар дод.
Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман эълом кард, ки аз 20 июли гузашта, 8 нафткаши Саудӣ дар баҳри Сурх ва халиҷи Адан ва баҳри Араб ҳадаф қарор гирифтаанд. Ҳамчунин аз тараддуди 48 нафткаши дигари мутаъаллиқ ба Арабистон низ дар ин оброҳҳо ҷилавгирӣ шуда ва маҷбур ба бозгашт шудаанд.
Сартип Яҳё Сареъ ҳамчунин аз иҷрои 9 амалиёти низомӣ дар умқи хоки Арабистон шомили шаҳрҳои Янбуъ, Наҷрон, Ҷизон, Абҳо ва таъсисоти нафтии минтақаи шарқӣ хабар дод. Вай таъкид кард, ки ин ҳамалот дар посух ба таҷовузи ахири Арабистони Саудӣ ба фурудгоҳи Санъо ва бандари Алҳадида сурат гирифтааст.
Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман аз иҷрои 14 амалиёти низомии дигар алайҳи муздурони артиши Арабистон дар манотиқи Арравик, Ибар, Вадиъа, Маъриб ва Алмахо хабар дод ва эълом кард, ки бар асари ин амалиёт, садҳо тан аз муздурони саудӣ кушта ё захмӣ шудаанд, ки дар байни онҳо фармондеҳон ва афсарон низ вуҷуд дорад.
Тоҷнек



















