Ҳамлаи Яман ба Арамко
Ахбори байналмилал
Ҳамлаи нерӯҳои мусаллаҳи Яман (Ҳусиҳо) ба таъсисоти Арамко дар Наҷрони Арабистони Саудӣ
Ба гузориши Фарорӯ, манобеи яманӣ аз ҳамлаи паҳподии нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар ба таъсисоти ширкати нафтии Арамко дар Наҷрони Арабистони Саудӣ хабар доданд.
Ин манобеъ гуфтанд: “Нерӯҳои мусаллаҳи Яман Арамко дар Наҷронро бо як фарванд паҳпод ҳадаф қарор доданд ва ин паҳпод бо муваффақият ба ҳадафи худ исобат кард.”
Манбеъ афзуданд, ки ин ҳамла дар вокуниш ба “нақзи ҳокимияти Яман тавассути ҷангандаҳои душмани саудӣ” ва “нуфуз ба ҳарими ҳавоии шимоли шарқи устони Саъда” анҷом гирифтааст.
Тоҷнек



















