• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Ниёгони гузаштаи мо

Ибни Синоро чӣ чиз Ибни Сино кард?

August 20, 2026
in Ниёгони гузаштаи мо
0
Зарурати паёмбарӣ аз дидгоҳи Бӯалӣ Сино

Шайхурраис Буалӣ Сино

0
SHARES
15
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Ибни Синоро чӣ чиз Ибни Сино кард?

Ба муносибати Рӯзи бузургдошти ҳаким Абӯалӣ ибни Сино (р)

Имрӯзҳо, ки мусодиф аст бо зодрӯзи Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино, бад нест ин ҳақиқат мавриди ишора қарор бигирад, ки агар дар як ҷомеа нобиғае зуҳур мекунад, ин зуҳур, на танҳо ба далели ин аст, ки ин одам аз истеъдоди фавқулъодае бархӯрдор будааст. Балки омилҳои дигаре ҳам дар зуҳури ӯ муассир аст ва балки метавон гуфт, омилҳои дигар саҳми бештаре дар зуҳури нобиға дар як ҷомеа доранд.

Ин ҷо фақат ба ду омили асосӣ ишора мекунам: яке, муҳит, ва дигар, вазъи иқтисодӣ ва молӣ:

1) Муҳити Ибни Сино як муҳити бисёр омода барои зуҳури нобиғаҳо буд. Манзурам, даврони Сомониён аст. Азизон таваҷҷӯҳ доранд, ки дар даврони Сомониён на танҳо мо Бӯалиро доштем, балки Форобӣ, Закариёи Розӣ, Берунӣ ва даҳҳо дигар нобиғаҳоямон, ба ҳамон даврон таъаллуқ доранд. Сомониён як давлати комилан мустақил ва қудратманд ва яке аз абарқудратҳо дар он даврон ба шумор мерафт. Умарои сомонӣ ҳарчанд ба зоҳир аз халифаи аббосӣ итоат мекарданд, вале дар воқеъ ҳеч вобастагие ба он надоштанд, балки баръакс, ин сомониҳо буданд, ки дорои таъсир ва нуфуз дар дастгоҳи хилофати аббосӣ буданд.

Ба сухани дигар, вақте давлати шумо як давлати мустақил (аз ҳамаи ҷиҳот) бошад ва мардумаш аз рафоҳи хубе бархӯрдор бошанд, ин шароит қатъан заминаи бурузи нобиғаҳо дар он ҷомеа хоҳад шуд.

Ва ҳамчунин, умарои сомонӣ (аксари онҳо албатта) одамони бисёр илмдӯст буданд, барои илму маърифат ва уламо арҷ мениҳоданд. Тибқи навиштаи Наршахӣ, дар даврони Сомониён, обрӯмандтарин ва мӯътабартарин табақа, табақаи уламо ва донишмандон ва шоирон буданд. Дарбори Сомонӣ онҳоро аз назари молӣ хуб таъмин мекард. Ва аз ҳамин рӯ буд, ки мардум бештар мехостанд фарзандонашон олиму донишманд шаванд, на масалан қозӣ ё низомӣ ва ё ғайра. Чаро? Чун одамони пулдор дар он замон, олимон ва муаллимон ва донишмандон буданд.

Хулоса, муҳит хеле таъсиргузор аст. Агар дар як ҷомеа олиму донишманду муаллиму устоди донишгоҳу мухтареъу ғайра аз эътибори лозим бархӯрдор набошанд ва дорои сарвату моли лозим ҳам набошанд, ва ба ҷойи он, низомиҳо ва қозиҳо (судяҳо) ва додситонҳо ва кормандони умури молия, дорои сарвату мол бошанд, дар якчунин ҷомеае мардум дӯст доранд фарзандонашон қозӣ ё додситон ё корманди умури молия ва ин ҷур пешаҳо шаванд ва алоқа ба илму маърифат дар он ҷомеа камранг мегардад.

2) Омили дигар, омили иқтисодӣ аст. Азизон медонанд, ки падари Ибни Сино як одами бисёр сарватманд буд ба қадре, ки вақте дид писараш ба илму дониш алоқа дорад, як муаллими хусусӣ барои писараш мегирад (Нотилӣ) ва ин муаллим ба манзили онҳо меомад ва ба сурати хусусӣ тадрис мекард. Агар одам аз назари иқтисодӣ хуб таъмин бошад, табиӣ аст, ки ӯ вақти кофӣ барои донишандӯзӣ дорад. Аммо агар аз ин назар мушкил дошта бошад, дигар шароите барои ӯ барои андӯхтани илм вуҷуд надорад.

Фарз кунед, агар падари Бӯалӣ як одами ба истилоҳи худамон камбағале буд, чӣ кор мекард? Ба писараш мегуфт, бисмиллоҳ, бирав бозор ва ҷое дигар ва пул кор кун ва ё масалан бирав ба кишваре (мисли Русия дар имрӯз) ва кор кун!

* * *

Бинобар ин, агар мо, тоҷикҳо имрӯз мехоҳем дар ҷомеаи мо аз нав нобиғаҳое зуҳур кунанд, ин ду омилро бояд дар назар гирем. Мақоми илму дониш ва уламо ва муаллимон ва устодони донишгоҳ дар ҷомеа, олитарин мақом гардад, онҳо аз назари молӣ аз тарафи давлат хуб таъмин шаванд, бояд коре кард, ки инҳо сарватмандтарини табақа дар ҷомеа гарданд.

Ва аз он тараф ҳам, кишваре комилан мустақил дар ҳамаи ҷиҳот шавем, иқтисоди кишварамон хуб гардад, рӯи пои худ биистем, хаттамон аз худамон бошад, на бегона ва ғайра…

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Тоҷнек

Source: Ибни Синоро чӣ чиз Ибни Сино кард?
Via: Ибни Синоро чӣ чиз Ибни Сино кард?
Tags: Ибни Синоро чӣ чиз Ибни Сино кард?
Previous Post

Исмоил Қоонӣ: “Ғосибони Фаластин дучор “саратони иҷтимоӣ” шудаанд”

Next Post

Назарбаева лишили еще одного пожизненного права

Related Posts

Каъба ӯро мешиносад
Ниёгони гузаштаи мо

Каъба ӯро мешиносад

June 25, 2026
Зарурати паёмбарӣ аз дидгоҳи Бӯалӣ Сино
Ниёгони гузаштаи мо

Шайхурраис Буалӣ Сино

June 25, 2026
Масъалаи аслии торих - ибрат гирифтан
Ниёгони гузаштаи мо

Масъалаи аслии торих – ибрат гирифтан

May 24, 2026
Имом Ризо (а) ба ривояти аҳли суннат
Ниёгони гузаштаи мо

Имом Ризо (а) ба ривояти аҳли суннат

May 3, 2026
Саидуддини Фарғонӣ
Ниёгони гузаштаи мо

Саидуддини Фарғонӣ

February 10, 2026
Ниёиш
Ниёгони гузаштаи мо

Мутафаккири бедор

February 9, 2026
Next Post
Назарбаева лишили еще одного пожизненного права

Назарбаева лишили еще одного пожизненного права

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

February 7, 2026
Рози аслии муваффақият

Кори имрӯзаро ба фардо магузор

August 13, 2025
Дин

Дин

December 24, 2022
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Вазъияти номаълуми Натонёҳу

Вазъияти номаълуми Натонёҳу

1
Маҳсо Тоҳирӣ

Маҳсо Тоҳирӣ кист?

August 20, 2026
Назарбаева лишили еще одного пожизненного права

Назарбаева лишили еще одного пожизненного права

August 20, 2026
Зарурати паёмбарӣ аз дидгоҳи Бӯалӣ Сино

Ибни Синоро чӣ чиз Ибни Сино кард?

August 20, 2026
Исмоил Қоонӣ

Исмоил Қоонӣ: “Ғосибони Фаластин дучор “саратони иҷтимоӣ” шудаанд”

August 20, 2026

Recent News

Маҳсо Тоҳирӣ

Маҳсо Тоҳирӣ кист?

August 20, 2026
Назарбаева лишили еще одного пожизненного права

Назарбаева лишили еще одного пожизненного права

August 20, 2026
Зарурати паёмбарӣ аз дидгоҳи Бӯалӣ Сино

Ибни Синоро чӣ чиз Ибни Сино кард?

August 20, 2026
Исмоил Қоонӣ

Исмоил Қоонӣ: “Ғосибони Фаластин дучор “саратони иҷтимоӣ” шудаанд”

August 20, 2026
Tajnek

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Маҳсо Тоҳирӣ

Маҳсо Тоҳирӣ кист?

August 20, 2026
Назарбаева лишили еще одного пожизненного права

Назарбаева лишили еще одного пожизненного права

August 20, 2026
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved