• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Инсон ва инсоният

Барои мӯъҷиза донистани Қуръон, ҳамин бас

September 6, 2026
in Инсон ва инсоният
0
Барои мӯъҷиза донистани Қуръон, ҳамин бас

Барои мӯъҷиза донистани Қуръон, ҳамин бас

0
SHARES
0
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Барои мӯъҷиза донистани Қуръон, ҳамин бас

Ёддошти Сайидюнуси Истаравшанӣ

Ҳамеша ин ҳақиқат пеши назарамон бошад, ки паёмбари ислом, ҳазрати Муҳаммад (с), 1400 сол пеш яъне дар асрҳои миёна, дар Арабистон, ки дар дунёи он рӯз ақибмондарин нуқтаи кураи замин ба шумор меомад ва сокинонаш ҷуз шутуру малаху ин ҷур чизҳоро намешинохтанд ва дорои фарҳанги бисёр паст буданд, зода ва бузург шудааст. Ҳазраташ на саводи хондан медонист ва на аз саводи навиштан бархӯрдор буд.

Ба Қуръони Карим, ки нигоҳ меандозед ва ба оятҳояш тааммул мекунед – он ҳам, ба он зебоӣ дар лафз – нохудогоҳ фарёд хоҳед зад, ки ин китоб, китоби Худост, на сохта ва пардохтаи чунин инсоне! Маҳол аст, ин китоб сохтаи зеҳни фарде мисли Муҳаммад ибни Абдуллоҳ бошад.

Ҳол, имрӯз танҳо дар бораи як гӯша аз гӯшаҳои мухталифи эъҷози ин китоби осмонӣ бароятон бигӯям. Ва он ҷанба ин аст: дар Қуръони Карим дар бораи лузуми эҳтироми падару модар ва бузургдошти онҳо, бисёр таъкид шудааст ва дар бисёр ҷойи Қуръон, дар канори лузуми ширк наварзидан ба Худо зикр шуда:

وَاعْبُدُوا اللَّهَ وَلَا تُشْرِكُوا بِهِ شَيْئًا ۖ وَبِالْوَالِدَيْنِ إِحْسَانًا

“Ва Худоро бипарастед ва чизеро шарики ӯ қарор надиҳед ва ба падару модар некӣ кунед…” (Сураи Нисо, ояти 36)

وَإِذْ أَخَذْنَا مِيثَاقَ بَنِي إِسْرَائِيلَ لَا تَعْبُدُونَ إِلَّا اللَّهَ وَبِالْوَالِدَيْنِ إِحْسَانًا

“Ва (ёд кунед) замонеро, ки аз банӣ Исроил паймон гирифтем, ки ҷуз Худоро напарастед ва ба падару модар некӣ кунед…” (Сураи Бақара, ояти 83)

وَقَضَىٰ رَبُّكَ أَلَّا تَعْبُدُوا إِلَّا إِيَّاهُ وَبِالْوَالِدَيْنِ إِحْسَانًا

“Ва парвардигорат фармони қотеъ додааст, ки ҷуз ӯро напарастед ва ба падару модар некӣ кунед…” (Сураи исро, ояти 23)

… ва ғайра.

Аммо дар ҳеч ҷойи Қуръон шабеҳи чунин таъкид ва ҳатто пойинтар аз онро дар мавриди фарзанд намеёбед. Яъне намебинед, ки дастур дода бошад, нисбат ба фарзандони худ муҳаббат варзед! Балки баръакс, дар яке ду ҷойи Қуръон фарзандонро дар канори амвол “фитна” унвон доштааст, мегӯяд:

وَاعْلَمُوا أَنَّمَا أَمْوَالُكُمْ وَأَوْلَادُكُمْ فِتْنَةٌ

“Ва бидонед, ки ҳамоно амвол ва фарзандонатон фитна ҳастанд…” (Сураи Анфол, ояти 28) Фитна яъне василаи озмоиш. Мегӯяд, ҳамон тавре, ки молу сарват василаи озмоиши шумост, ҳамин тавр фарзандон низ василаи имтиҳон ва озмоиши шумост. Яъне як вақт алоқа ва муҳаббати шумо ба фарзандатон боиси дуриатон аз Худо ва ё сарпечии шумо аз дастуроти Худо нашавад.

Рози ин ки Қуръони Карим нисбат ба некӣ ба падару модар то ба ин ҳадд таъкид мекунад ва дар аҳаммият онро баъд аз лузуми ширк наварзидан ба Худо зикр мекунад ва аммо роҷеъ ба некӣ ба фарзанд на танҳо таъкид, ки аҳёнан аз алоқаи беш аз ҳад барҳазар медорад, рози ин масъала ҷуз барои як равоншиноси бисёр коркушта, ки солҳо сару кораш равоншиносии падару модару фарзандон будааст муяссар нест, то чӣ расад ба инсони уммие, ки дар саҳроҳои Арабистон ва дар як муҳити бефарҳанг ва он ҳам дар 1400 сол пеш зода ва бузург шудааст.

Ин ҷоҳост, ки нохудогоҳ дод мезанед, ин китоб аз офаридгори инсон аст, на худи инсон!

Розаш ин аст, ки инсон, бо вуҷуди он ки ба падару модараш муҳаббат дорад – ва бештар дар авони кӯдакӣ – аммо вақте бузург мешавад ва вобастагиаш ба падару модар аз миён меравад, ӯ дигар он алоқа ва муҳаббате, ки дар кӯдакӣ ба онҳо дошт надорад ва чи басо Худой нокарда нисбат ба падару модараш бемеҳр гардад, хусусан замоне, ки ҳамсари баде дошта ва шавҳарро водор ба рафторҳои зидди падару модар кунад. Аз ин рӯ дар ҷомеаҳое афроде ҳастанд – ва кам ҳам нестанд – ки падару модари худро дар синини пиронсолӣ замоне, ки ба нигоҳу бини фарзандонашон ниёз доранд, онҳоро ба хонаҳои солмандон мебаранд, то дуртар бошанд!

Ба хилофи фарзанд, ки Худованд меҳри фарзандро чунон дар вуҷуди падару модар, хусусан модар, ҷой додааст, ки ӯ дар роҳи фарзандаш ҳозир ба ҳама кор аст; ҳатто ҳозир аст худаш бимирад, аммо ба фарзандаш осебе нарасад. Ин муҳаббат ва алоқа дар ҳамаи инсонҳо ҳаст, чӣ диндор ва Худобовар бошад ва чӣ мулҳид ва атеист. Яъне шарт нест, касе ба шумо дастур диҳад, ки лозим аст ба фарзанди худ бирасӣ ва масалан ин як воҷиб ва фарзи илоҳист. На! Инсон, ҳатто бадтарин ва золимтарини инсонҳо, ба фарзанди худ мерасад ва саъй мекунад, хоре ба пояш нахалад. Инсон, ки ҳеч , ҳатто ҳайвонот ба фарзандони худ мерасанд.

Аммо дар робита бо падару модар на, бояд таъкиди илоҳӣ нисбат ба некӣ ба онҳо хусусан вақте ба синни пирӣ мерасанд, бошад:

وَقَضَىٰ رَبُّكَ أَلَّا تَعْبُدُوا إِلَّا إِيَّاهُ وَبِالْوَالِدَيْنِ إِحْسَانًا ۚ إِمَّا يَبْلُغَنَّ عِنْدَكَ الْكِبَرَ أَحَدُهُمَا أَوْ كِلَاهُمَا فَلَا تَقُلْ لَهُمَا أُفٍّ وَلَا تَنْهَرْهُمَا وَقُلْ لَهُمَا قَوْلًا كَرِيمًا

“Ва парвардигорат фармони қотеъ додааст, ки ҷуз ӯро напарастед ва ба падару модар некӣ кунед; ҳар гоҳ яке аз онон ё ду нафарашон дар канорат ба пирӣ расанд (ва чунончи туро ба сутуҳ оваранд), ба онон уф магӯ ва бар онон (бонг мазан ва) пархош макун, балки ба онон сухане нарм ва шоиста (ва бузургворона) бигӯ.” (Сураи Исро, ояти 23)

На танҳо бар сарашон фарёд макаш, ки ҳатто “уф магӯ”. Устодам, мулло Маъруфҷон (Худо ҳифзашон кунад) мисоли бисёр зебое дар хусуси ин “уф нагуфтан” оварда буданд. Фармуда буданд, масалан агар ту хаставу кӯфта аз сари корат ба манзил баргаштӣ ва бисёр хаста ҳастӣ, дар ин ҳангом ҳамин ки вориди хона шудӣ, модарат ба ту сатле бидиҳад ва бигӯяд, бирав об биёвар! Дар ин ҷо ту на танҳо нагӯ ман хастаам ва каме дигар меоварам модарҷон, балки ҳақ надорӣ ҳатто “уф” бигӯӣ. Худо туро аз ин манъ кардааст.

Ин ҷоҳост, ки инсон мефаҳмад ин китоб китоби Худост, на сохтаи як инсон.

Саломат бошед

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Тоҷнек 

Source: Барои мӯъҷиза донистани Қуръон, ҳамин бас
Via: Барои мӯъҷиза донистани Қуръон, ҳамин бас
Tags: Барои мӯъҷиза донистани Қуръонҳамин бас
Previous Post

“Омрико ва Исроил ба поёни бозӣ расидаанд”

Related Posts

Саломиддин Мирзораҳматов
Инсон ва инсоният

Шовинизми тоҷикӣ

August 30, 2026
Мушкил дар нашинохтани низоми сиёсии Эрон аст
Инсон ва инсоният

Нодон маъзур аст!?

August 18, 2026
Шаҳид аз забони шаҳид
Инсон ва инсоният

Шаҳид аз забони шаҳид

July 9, 2026
Пантуркизм ва хатари он
Инсон ва инсоният

Пантуркизм ва хатари он

July 9, 2026
Таъсири мутолиа бар кӯдакон
Инсон ва инсоният

Нуктаҳое дар мавриди тарбияти кӯдак

June 21, 2026
Такрим ва тарбияти фарзанд
Инсон ва инсоният

Такрим ва тарбияти фарзанд

June 13, 2026

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

February 7, 2026
Рози аслии муваффақият

Кори имрӯзаро ба фардо магузор

August 13, 2025
Дин

Дин

December 24, 2022
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Вазъияти номаълуми Натонёҳу

Вазъияти номаълуми Натонёҳу

1
Барои мӯъҷиза донистани Қуръон, ҳамин бас

Барои мӯъҷиза донистани Қуръон, ҳамин бас

September 6, 2026
"Омрико ва Исроил ба поёни бозӣ расидаанд"

“Омрико ва Исроил ба поёни бозӣ расидаанд”

September 3, 2026
Саломиддин Мирзораҳматов

Шовинизми тоҷикӣ

August 30, 2026
Ироқчӣ: Омрико бояд интихоб кунад, ё оташбас, ё идомаи ҷанг аз тариқи Исроил

Ироқчӣ: “Бархе аносири амрикоӣ бо дасткории бозори энержӣ, Тромпро гирифтори ҷанг кардаанд”

August 30, 2026

Recent News

Барои мӯъҷиза донистани Қуръон, ҳамин бас

Барои мӯъҷиза донистани Қуръон, ҳамин бас

September 6, 2026
"Омрико ва Исроил ба поёни бозӣ расидаанд"

“Омрико ва Исроил ба поёни бозӣ расидаанд”

September 3, 2026
Саломиддин Мирзораҳматов

Шовинизми тоҷикӣ

August 30, 2026
Ироқчӣ: Омрико бояд интихоб кунад, ё оташбас, ё идомаи ҷанг аз тариқи Исроил

Ироқчӣ: “Бархе аносири амрикоӣ бо дасткории бозори энержӣ, Тромпро гирифтори ҷанг кардаанд”

August 30, 2026
Tajnek

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Барои мӯъҷиза донистани Қуръон, ҳамин бас

Барои мӯъҷиза донистани Қуръон, ҳамин бас

September 6, 2026
"Омрико ва Исроил ба поёни бозӣ расидаанд"

“Омрико ва Исроил ба поёни бозӣ расидаанд”

September 3, 2026
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved