Робитаи инсон ва ҷаҳон
Робитаи инсон ва ҷаҳон аз назари ислом дар гуфтори Аттор ва Носири Хусрав
“Аз назари ислом, робитаи инсон ва ҷаҳон, аз навъи робитаи зиндонӣ ва зиндон нест, балки аз навъи робитаи кишоварз аст бо киштзор ва ё асби даванда бо майдони мусобиқа ва ё савдогар бо бозори тиҷорат ва ё обид бо маъбад аст. Дунё аз назари ислом, мадрасаи инсон ва маҳалли тарбияти инсон ва ҷойгоҳи такомули ӯст.
Дар “Наҳҷулбалоға” гуфтугӯи ҳазрати Алӣ (а) бо марде зикр шудааст, ки аз дунё мазаммат карда ва Алӣ (а) ӯро мавриди маломат қарор дод ва ба иштибоҳаш огоҳ намуд. Шайх Аттор ин ҷараёнро дар “Мусибатнома” ба шеър дароварда; мегӯяд:
Он яке дар пеши шери додгар,
Замми дунё кард бисёре магар.
Ҳайдараш гуфто, ки дунё нест бад,
Бад туӣ, зеро ки дурӣ аз хирад.
Ҳаст дунё бар мисоли киштзор,
Ҳам шабу ҳам рӯз бояд кишту кор.
З-он, ки иззу давлати дин сар ба сар,
Ҷумла аз дунё тавон бурд эй писар!
Тухми имрӯзина фардо бардиҳад,
В-ар накорад, “эй дареғо” бардиҳад…
Пас накӯтар ҷойи ту дунёи туст,
З-он, ки дунё тӯшаи уқбои туст.
Ту ба дунё дармашав машғул хеш,
Лек дар вай кори уқбо гир пеш.
Чун чунин кардӣ, туро дунё накӯст,
Пас барои дин ту дунё дор дӯст.
Носири Хусрав, ки ба ҳаққ метавон ӯро “ҳакимушшуаро” хонд ва яке аз нуктасанҷтарин ва мазҳабитарин шуарои порсизабон аст, чакомае дар бораи хубӣ ва бадии ҷаҳон дорад, ки ҳам бо мантиқи ислом мунтабиқ аст ва ҳам фавқулъода олӣ ва зебост; шоиста аст дар ин ҷо нақл шавад. Ин ашъор дар девони ӯ ҳаст ва дар китоби “Ҷомеъ-ул-ҳикматайн”-и хеш низ онҳоро овардааст; мегӯяд:
Ҷаҳоно, чӣ дар хӯрду боистаӣ,
В-агар чанд бо кас напоистаӣ.
Ба зоҳир чу дар дида хас, нохушӣ,
Ба ботин чу ду дида боистаӣ.
Агар бастаеро гаҳе бишканӣ,
Шикаста басе низ ҳам бастаӣ.
Чу олудае бинадат олудаӣ,
Ва лекин сӯйи шустагон, шустаӣ.
Касе, к-ӯ туро менакӯҳиш кунад,
Бигӯяш: ҳанӯзам надонистаӣ.
Зи ман растаӣ ту агар бихрадӣ,
Чӣ бинакӯҳӣ онро к-аз он растаӣ?
Ба ман бар гузар дод Эзад туро,
Ту дар раҳгузар паст чӣ нишастаӣ.
Зи баҳри ту Эзад дарахте бикишт,
Ки ту шохе аз бехи ӯ ҷустаӣ.
Агар каж бар ӯ растаӣ сӯхтӣ,
В-агар рост баррастаӣ растаӣ.
Бисӯзад кажиҳот чун чӯби каж,
Напурсад, ки бодом ё пистаӣ.
Ту тири худоӣ сӯйи душманаш,
Ба тираш чаро хештан хастаӣ.”
(Муртазо Мутаҳҳарӣ, Сайре дар Наҳҷулбалоға)
Тоҷнек




















