Сарлашкар Абдуллоҳӣ: Роҳи Сайидҳасан Насруллоҳ бо салобат идома дорад
Ахбори байналмилал
Раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Ҷ.И.Эрон: “Қувваҳои мусаллаҳи Эрон ва размандагони муқовимат ба ҳар таҳдиде посухи вайронгар медиҳанд”
Сарлашкар Абдуллоҳӣ, раиси Ситод кулли нерӯҳои мусаллаҳи Ҷ.И.Эрон ва фармондеҳи Қароргоҳи марказии Хотамуланбиё (с) дар паёме ба муносибати дуввумин солгарди шаҳодати Сайидҳасан Насруллоҳ тасреҳ кард:
“Душмани саҳюнӣ-омрикоӣ гумон кард, бо ҳазфи физикии сайиди муқовимат, сутуни хаймаи муқовимат фурӯ мерезад, аммо муҳосиботи душман, бори дигар ба шикаст анҷомид.
Ҷабҳаи муқовимат, на танҳо тазъиф нашуда, балки ба якпорчагии роҳбурдии ошкору пинҳон расида ва роҳи шаҳид Сайидҳасан Насруллоҳ дар Лубнон, Фаластин, Яман ва Ироқ ва ақсо нуқоти ҷуғрофиёи муқовимат ва ҳақталабӣ, бо салобат идома дорад.
Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, дар канори муҷоҳидон ва размандагони муқовимати исломӣ, бо омодагии комил барои посухи қотеъ ва вайронгар ба ҳар таҳдиде алайҳи уммати исломӣ истодаанд”.
Тоҷнек



















