• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Мавзӯоти доғ

Изҳороти Наҳзати Исломии Тоҷикистон

September 30, 2026
in Мавзӯоти доғ
0
Изҳороти Наҳзати Исломии Тоҷикистон

Изҳороти Наҳзати Исломии Тоҷикистон

0
SHARES
7
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Изҳороти Наҳзати Исломии Тоҷикистон

Дар бораи фишор ба хонаводаи Исломҷон Саидов

Наҳзати Исломии Тоҷикистон даъвати пайдарпайи падару модар, бародарон ва занони хонаводаи роҳбари ҳаракат, Исломҷон Саидов ба мақомоти амниятии ноҳияи Нурободро қатъиян маҳкум мекунад. Фишор овардан ба хонавода барои таъсир расондан ба мавқеи сиёсии як узви он суистифодаи ошкор аз қудрати давлатӣ ва таъқиби сиёсӣ тавассути наздикон аст.

Бино ба маълумоти ба мо расида, падари Исломҷон Саидов, Асомуддин Саидов, соли таваллудаш 1951, модараш Валамат Каримова, соли таваллудаш 1953 ва чаҳор бародари ӯ ба мақомоти амниятии ноҳияи Нуробод даъват шудаанд. Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки рӯзҳои 22 ва 23 сентябр занони ин хонавода низ даъват шуда, зери фишори равонӣ қарор гирифтаанд.

Дар рӯзҳои аввал, ба сабаби қатъ будани иртибот бо аҳли оила, санҷидани мустақими вазъи онҳо имкон надошт. Баъд аз гузашти беш аз як ҳафта маълумоте расид, ки наздикони Исломҷон Саидов дар ин муддат борҳо ба мақомоти амниятӣ даъват шудаанд ва фишор ба онҳо идома доштааст. Мақомоти Тоҷикистон бояд бетаъхир ҷойи будубош, вазъи амниятӣ ва асоси ҳуқуқии даъвати ҳар яки онҳоро ошкор кунанд.

Бояд таъкид кард, ки ҳеҷ ниҳоди давлатӣ ҳақ надорад падару модарро ба ҷойи фарзанд, бародарро ба ҷойи бародар ё занони хонаводаеро ба ҷойи як фаъоли сиёсӣ бозхост кунад. Ин амал як ҷинояти ошкор ва ваҳшатпароканӣ дар сатҳи як ҳукумат ва терроризми давлатӣ аст. Ақидаи як нафар барои таъқиби наздиконаш баҳона шуда наметавонад. Ҳар мақоме, ки бо чунин ҳадаф аз салоҳияти худ суистифода мекунад, бояд барои амалаш ҷавоб диҳад.

Фишор ба аъзои оилаи мухолифон бо мақсади тарсондан ва хомӯш кардани фаъолияти сиёсӣ, роҳе барои расондани паёми таҳдид бидуни рӯ ба рӯ шудан бо худи фаъоли сиёсӣ аст. Он ба дахлнопазирии ҳаёти оилавӣ, озодии андеша ва фаъолияти сиёсӣ латма мезанад ва эътимод ба қонунро аз байн мебарад.

Наҳзати Исломии Тоҷикистон аз мақомоти кишвар талаб мекунад, даъвати аъзои хонаводаи Исломҷон Саидов бо ҳадафи фишори сиёсӣ фавран қатъ карда шавад. Ҳамчунин асоси ҳуқуқии ҳар даъват, шахсияти масъулони он ва вазъи ҳар як узви хонавода ба таври равшан эълон гардад.

Мо талаб мекунем, ки иртиботи озод бо наздикон ва дастрасии бемонеа ба вакили дифоъ таъмин шавад.

Ҳар таҳдид, фишори равонӣ ё зӯроварӣ аз ҷониби ниҳоди мустақил таҳқиқ ва натиҷаи он ошкор карда шавад. Дар сурати исботи қонуншиканӣ, фармондиҳандагон ва иҷрокунандагони он ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Мо аз сафоратҳо, намояндагиҳои дипломатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ниҳодҳои ҳомии ҳуқуқи инсон ва расонаҳо мехоҳем ин қазияро пайгирӣ кунанд ва аз мақомоти Тоҷикистон посухи мушаххас талаб намоянд.

Хонавода гаравгони сиёсат нест. Қудрати давлатӣ иҷозаи тарсондани наздикони мухолифонро намедиҳад. Наҳзати Исломии Тоҷикистон қатъи фишор, рӯшан шудани ҳақиқат ва ҷавобгарии ҳар шахси гунаҳкор дар ин қазияи ваҳшатангезро талаб мекунад.

Дафтари матбуоти

Наҳзати Исломии Тоҷикистон

29 сентябри соли 2026

Source: Изҳороти Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Via: Изҳороти Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Tags: Изҳороти Наҳзати Исломии Тоҷикистон
Previous Post

Сарлашкар Абдуллоҳӣ: Роҳи Сайидҳасан Насруллоҳ бо салобат идома дорад

Next Post

Тоҷикистон бар хилофи Ироқ, тан ба диктаҳои режими Омрико надод

Related Posts

Паёми раҳбари Ҷ.И.Эрон ба муносибати ҳафтаи Дифои муқаддас ва солгарди шаҳодати шаҳид Сайидҳасан Насруллоҳ
Мавзӯоти доғ

Паёми раҳбари Ҷ.И.Эрон ба муносибати ҳафтаи Дифои муқаддас ва солгарди шаҳодати шаҳид Сайидҳасан Насруллоҳ

September 30, 2026
Ҳузури намояндагони Арабистони Саудӣ дар сафари Натонёҳу ба Аморот
Мавзӯоти доғ

Ҳузури намояндагони Арабистони Саудӣ дар сафари Натонёҳу ба Аморот

September 30, 2026
Номаи Сипоҳи Посдорон ба мардуми Омрико
Мавзӯоти доғ

Номаи Сипоҳи Посдорон ба мардуми Омрико

September 30, 2026
Посухгӯ кист?
Мавзӯоти доғ

Посухгӯ кист?

September 30, 2026
Сухангӯи Сипоҳ: Дар тангаи Ҳурмуз даргирии низомӣ вуҷуд дорад

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

February 7, 2026
Рози аслии муваффақият

Кори имрӯзаро ба фардо магузор

August 13, 2025
Дин

Дин

December 24, 2022
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Вазъияти номаълуми Натонёҳу

Вазъияти номаълуми Натонёҳу

1
Паёми раҳбари Ҷ.И.Эрон ба муносибати ҳафтаи Дифои муқаддас ва солгарди шаҳодати шаҳид Сайидҳасан Насруллоҳ

Паёми раҳбари Ҷ.И.Эрон ба муносибати ҳафтаи Дифои муқаддас ва солгарди шаҳодати шаҳид Сайидҳасан Насруллоҳ

September 30, 2026
Ҳузури намояндагони Арабистони Саудӣ дар сафари Натонёҳу ба Аморот

Ҳузури намояндагони Арабистони Саудӣ дар сафари Натонёҳу ба Аморот

September 30, 2026
Номаи Сипоҳи Посдорон ба мардуми Омрико

Номаи Сипоҳи Посдорон ба мардуми Омрико

September 30, 2026
Посухгӯ кист?

Посухгӯ кист?

September 30, 2026

Recent News

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Паёми раҳбари Ҷ.И.Эрон ба муносибати ҳафтаи Дифои муқаддас ва солгарди шаҳодати шаҳид Сайидҳасан Насруллоҳ

Паёми раҳбари Ҷ.И.Эрон ба муносибати ҳафтаи Дифои муқаддас ва солгарди шаҳодати шаҳид Сайидҳасан Насруллоҳ

September 30, 2026
Ҳузури намояндагони Арабистони Саудӣ дар сафари Натонёҳу ба Аморот

Ҳузури намояндагони Арабистони Саудӣ дар сафари Натонёҳу ба Аморот

September 30, 2026
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved