Маънои 8 нақли қавли маъруф аз Суқрот
Андешкадаи Тоҷнек
Суқрот бештар аз он ки файласуфе бо назарияҳои печида бошад, андешманде буд, ки инсонро ба пурсишгарӣ дар бораи худ, боварҳояш ва маънои зиндагӣ даъват мекард. Бисёре аз ҷумалоте, ки ба ӯ нисбат дода мешавад, ҳанӯз ҳам дар баҳсҳои фалсафӣ ва ҳатто зиндагии рӯзмарра корбурд доранд.
Суқрот, файласуфи юнонии қарни панҷуми пеш аз мелод, яке аз муҳимтарин бунёнгузорони фалсафа ва шеваи андешидани интиқодӣ буд. Агарчӣ ӯ ҳеч навиштае аз худ барҷой нагузошт, андешаҳояш аз тариқи осори шогирдоне монанди Афлотун ба наслҳои баъд мунтақил шуд ва беш аз ду ҳазор сол аст, ки бар фалсафа, сиёсат ва шеваи зиндагии инсонҳо таъсир гузоштааст.
Суқрот бештар аз он ки файласуфе бо назарияҳои печида бошад, андешманде буд, ки инсонро ба пурсишгарӣ дар бораи худ, боварҳояш ва маънои зиндагӣ даъват мекард. Бисёре аз ҷумалоте, ки ба ӯ нисбат дода мешавад, ҳанӯз ҳам дар баҳсҳои фалсафӣ ва ҳатто зиндагии рӯзмарра корбурд доранд. Дар идома, ҳашт ҷумлаи машҳури ӯ ва маънои амиқи пушти онҳоро баррасӣ мекунем:
- Танҳо хиради воқеӣ ин аст, ки бидонӣ ҳеч чиз намедонӣ.
Маъно: хирад аз пазируфтани нодонии худ оғоз мешавад.
Суқрот ба далели алоқаи шадидаш ба ҷустуҷӯи ҳақиқат ва пурсидани пурсишҳои душвор шинохта мешуд. Ӯ бовар дошт, касе, ки тасаввур мекунад ҳама чизро медонад, дар воқеъ худро аз ёдгирӣ маҳрум кардааст. Аз диди ӯ, инсони хирадманд касе нест, ки посухи ҳамаи пурсишҳоро дорад, балки касе аст, ки маҳдудиятҳои дониши худро мешиносад ва ҳамчунон омодаи омӯхтан аст.
Фарде, ки бовар дорад дар як мавзӯъ ҳама чизро медонад, маъмулан дар баробари дидгоҳҳои тоза муқовимат мекунад. Аммо касе, ки ба надонистани худ эътироф мекунад, кунҷков боқӣ мемонад ва фурсати рушди фикрӣ пайдо мекунад. Ҳамин руҳияи пурсишгарӣ буд, ки Суқротро аз дигар мутаффакирони замони худ мутамойиз кард.
- Донишро бар сарват тарҷеҳ бидеҳ, зеро яке гузарост ва дигаре пойдор.
Маъно: сарват аз байн меравад, аммо хирад мондагор аст.
Аз нигоҳи Суқрот, арзиши воқеии зиндагӣ дар дороиҳои моддӣ нест, балки дар донише аст, ки инсон ба даст меоварад. Сарват ва дороиҳои моддӣ метавонанд аз даст бираванд, аммо шинохт, таҷриба ва хирад чизе аст, ки дар вуҷуди инсон боқӣ мемонад ва ҳатто бо гузари замон бештар рушд мекунад.
Суқрот мӯътақид буд, дониш на танҳо боиси дарки беҳтари ҷаҳон мешавад, балки инсонро қодир месозад тасмимҳои дурусттаре бигирад. Фарде, ки танҳо ба рифоҳи моддӣ вобаста аст, мумкин аст бо вуҷуди сарват эҳсоси пучӣ кунад, аммо касе, ки ба ёдгирӣ аҳаммият медиҳад, ҳатто дар шароити душвор низ имкони рушду ризояти дарунӣ дорад.
- Зиндагии баррасинашуда арзиши зистан надорад.
Маъно: зиндагии маънодор ниёзманди худшиносӣ ва таъаммул аст.
Ин ҷумла яке аз машҳуртарин андешаҳои Суқрот аст. Ӯ бовар дошт, инсон набояд бидуни фикр кардан дар бораи аъмол, боварҳо ва аҳдофи худ зиндагӣ кунад. Аз назари ӯ, касе, ки ҳаргиз аз худ намепурсад чаро чунин фикр мекунад ё чаро чунин рафторе дорад, дар воқеъ бахши муҳимме аз инсон будани худро нодида гирифтааст.
Суқрот доиман дигарон ва ҳатто худашро ба пурсиш мекашид. Ӯ мӯътақид буд, худогоҳӣ ба инсон кӯмак мекунад таҷрибаҳои парокандаи зиндагиро дар қолаби тасвире бузургтар дарк кунад. Равиши машҳури суқротӣ низ бар ҳамин асос шакл гирифт: гуфтугӯе пурсишмеҳвар, ки ҳадафи он ошкор кардани пешфарзҳо ва расидан ба фаҳми амиқтар аст.
- Хирад аз шигифтӣ оғоз мешавад.
Маъно: кунҷковӣ сарчашмаи доноӣ аст.
Барои Суқрот, шигифтӣ нахустин ҷараққаи фалсафа буд. Замоне, ки инсон аз чизе шигифтзада мешавад, пурсиданро оғоз мекунад ва ҳамин пурсишҳо масири расидан ба донишро боз мекунанд. Монанди кӯдаке, ки барои нахустин бор рангинкамонро мебинад ва мепурсад чаро чунин падидае рух медиҳад, инсон низ бо ҳифзи ҳисси кунҷковӣ метавонад аз зоҳири умур убур кунад ва ба дарки амиқтаре бирасад. Суқрот дар тамоми гуфтугӯҳои худ ҳамин руҳияи ҷустуҷӯгарро ҳифз мекард.
- Танҳо хайр, дониш аст ва танҳо шар, нодонӣ.
Маъно: шинохт ба инсон кӯмак мекунад дуруст амал кунад, аммо нодонӣ заминасози осеб аст.
Суқрот мафҳуми хайру шарро ба шинохт ва ноогоҳӣ пайванд медод. Ӯ мӯътақид буд, инсон замоне даст ба корҳои нодуруст мезанад, ки ҳақиқатро ба дурустӣ намешиносад. Аз назари ӯ, дониш фақат ҳифз кардани иттилоот нест, балки шинохти худ, арзишҳо ва ҷаҳони перомун аст.
Нодонӣ метавонад боиси шаклгирии пешдоварӣ, беадолатӣ ва тасмимҳои иштибоҳ шавад. Дар муқобил, шинохт ва огоҳӣ ба инсон кӯмак мекунад бо дарки бештар ва ҳамдилии болотар рафтор кунад.
- Он гуна бош, ки мехоҳӣ ба назар бирасӣ.
Маъно: зоҳири инсон бояд бо шахсияти воқеии ӯ ҳамоҳанг бошад.
Бисёре аз афрод талош мекунанд тасвире хосс аз худ ба дигарон нишон диҳанд; монанди ин ки фарде содиқ, доно ё қобили эътимод ба назар бирасанд. Аммо Суқрот мӯътақид буд, роҳи дуруст ин нест, ки фақат чунин тасвире бисозем, балки бояд воқеан ҳамон вижагиҳоро дар вуҷуди худ парвариш диҳем.
Агар мехоҳӣ дигарон туро содиқ бидонанд, содиқ бош. Агар мехоҳӣ хирадманд шинохтаи шавӣ, ба дунболи хирад бирав. Аз нигоҳи Суқрот, шахсияти воқеии инсон муҳимтар аз намоише аст, ки барои дигарон иҷро мекунад.
- Касе, ки аз он чи дорад розӣ нест, аз он чи мехоҳад дошта бошад низ розӣ нахоҳад буд.
Маъно: ризояти дарунӣ ба миқдори дороӣ вобаста нест.
Суқрот ҳушдор медод, ки агар хушбахтиро танҳо ба расидан ба ҳадафе оянда, сарвате бештар ё мавқеияте болотар вобаста кунем, ҳамеша дар чархаи норизоятӣ боқӣ хоҳем монд.
Касе, ки дар шароити феълии худ оромиш надорад, пас аз расидан ба хостаҳояш низ эҳтимолан хостаи тозае пайдо хоҳад кард. Аз назари Суқрот, ризояти воқеӣ аз тағйири нигариши инсон нисбат ба зиндагӣ сарчашма мегирад, на аз афзоиши бепоёни дороиҳо.
- Барои ёфтани худ, худат биандеш.
Маъно: инсон бояд бо андешаи мустақил масири зиндагии худро пайдо кунад.
Суқрот мӯътақид буд, инсон набояд сирфан боварҳои ҷомеа, суннатҳо ё назари афроди қудратмандро бидуни баррасӣ бипазирад. Ӯ ҳушдор медод, ки пайравии кӯр-кӯрона аз дигарон боис мешавад инсон бидуни огоҳӣ масири зиндагии худро тай кунад.
Шинохти воқеии худ замоне оғоз мешавад, ки фард битавонад боварҳои ба ирс расидаро баррасӣ кунад ва бар асоси ақлу истидлол, дидгоҳи шахсии худро шакл диҳад. Аз нигоҳи Суқрот, андешидани мустақил яке аз муҳимтарин нишонаҳои озодӣ ва булуғи инсонӣ аст.
Манбаъ: istaravshani.com
Тоҷнек



















