New York Times: Омрико ва Исроил дар ҳоли тарроҳии ҳамлаи серӯза ба Эрон ҳастанд
Ахбори байналмилал
Рӯзномаи омрикои New York Times навишт:
Вошингтун ва Телавив дар ҳоли тадвини тарҳҳое барои азсаргирии ҳамалоти густарда ба Эрон пас аз интихоботи миёндавраии Омрико ҳастанд. Амалиёте, ки эҳтимол дорад таъсисоти ҳастаӣ, зерсохтҳои энержӣ ва тавони мушакӣ ва паҳподии Эронро ҳадаф қарор диҳад.
Ба навиштаи ин рӯзнома, дар ҳоле, ки бархе барномарезони низомии Омрико умедворанд бо як корзори фишурдаи серӯза Теҳронро ба ақибнишинӣ дар музокирот водор кунанд, мақомҳои эронӣ ҳушдор додаанд, ки даргирии ҷадид на кӯтоҳ хоҳад буд ва на маҳдуд, балки бо ҳамалоти густардатар ба зерсохтҳои минтақа, аз ҷумла таъсисоти нафтӣ, марокизи дода ва кабелҳои интерентии зердарёӣ ҳамроҳ хоҳад шуд.
New York Times менависад: бо ин ҳол, тасмими ниҳоии Дунолд Тромп барои судури фармони ҳамла ҳамчунон номушаххас аст.
Тоҷнек




















