Сарлашкар Абдуллоҳӣ:
Новҳои Омрико ҳаргиз ба халиҷи Форс бознахоҳанд гашт
Ахбори байналмилал
Раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Ҷ.И.Эрон ва фармондеҳи Қароргоҳи марказии Хотамуланбиё (с) таъкид кард: “Таҳти ҳеч шароите намегузорем новҳои зангзадаи Омрико дубора вориди халиҷи Форс шаванд.”
Ба гузориши хабаргузории Форс, сарлашкар Абдуллоҳӣ, раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳ ва фармондеҳи Қароргоҳи марказии Хотамуланбиё (с) гуфт:
“Неруҳои мусаллаҳи Эрон тавонистанд нерӯи дарёии Омрикоро нокоромади созанд, ба гунае, ки дигари қодир ба наздик шудан ба дарёҳои перомуни халиҷи Форс ва обҳои сарзаминии Эрон нестанд.”
Вай афзуд:
“Раиси ҷумҳури Омрико бояд дар хоб бибинад, ки низомиён ва артиши онҳо бори дигар вориди халиҷи Форс шаванд. Онҳо ин орзуро барои ҳамеша ба гӯр хоҳанд бурд.”
Абдуллоҳӣ гуфт:
“Мо дар ҳеч шароите ва дар ҳеч замоне иҷоза нахоҳем дод шиноварҳои низомии Омрико вориди халиҷи Форс бишаванд.”




















