ТОҶИКИСТОНИ АҶОИБУ ҒАРОИБ
бо як дашнаи дашноми аз ниём бурун нооварда…
Ёддошти Додоҷон Атовулло
Дар Амрико набарди байни ҷумҳурихоҳон ва демократҳо. Президентро саг ҳам гуфтанд. Девона ҳам хонданд. Ғар низ… Писараш, домодаш ва завҷааш ҳам дар амон намонданд.
Ҷавонон ва донишомӯзон дар Фаронса, Белжик, Итолиё ва чандин мамлакатҳои дигар ба ҷодаю хиёбонҳо рехтанд ва қасрҳои ҳокимонро ба ларза оварданд. Онҳо шароити беҳтаре барои таҳсил ва зиндагӣ мехоҳанд.
Дар Урупое, ки ҳатто ба хонаводаи як гуреза аз Африқо ё Осиёи Марказӣ – ҳеч ҳуҷҷате ҳам надошта бошад, ҳар моҳ то 4-5 ҳазор евро сарф мекунад.
Магар тоҷике чунин меҳрубониро аз давлати худаш дидааст? Агар муҳоҷирон набошанд, дар Тоҷикистон қаҳтӣ мешавад!
Дар Сербистон маҳз ҷавонон роҳбари мамлакатро вожгун карданд ва аз шодӣ то рӯзи дигар базм оростанд ва аз шодӣ ашк рехтанд.
Дар Исроил, дар интихоботи парлумонӣ ҳизбҳои арабӣ 20 фоиз раъйи мардумро ба даст оварданд. Нотаняҳу ҳам ашк мерезад.
Дар Арманистон вакилон – депутатҳо дар маҷлисгоҳ ҳамдигарзанӣ карданд. Гиребонҳои дарида, рухсораҳои аз шатта қирмизӣ дар ҷаҳон паҳн мешавад.
Дар байни ин ҳама доругирҳо як мамлакатест, ки ҳама ҷо оромист. Пашша пар занад, «спетсназ» саф мекашад, амният ба режими омодабош мегузарад.
Дар ин ҷо мардуми нимгуруснаву эҳтиёҷманд ҳеч парвое надоранд. Вонамуд мекунанд, ки «ҳамаш гулай…». Аз биноҳо, қасрҳо, кӯшкҳо, хиёбонҳо ду ҷуфт чашм ба онҳо менигарад ва назорат мекунад. Он чашмони носера ва ҳамеша гуруснаро ҳама мешиносанд.
Касе на талаби зиёд кардани нафақа дорад, на талаби афзудани дастмузд ва шароити иқтисодӣ.
Дар ин ҷо дар парлумон баҳс намекунанд, занозанӣ – ҳеч гоҳ! Ин ҷо танҳо даст боло мекунанд, даркор шавад по ҳам… Агар ун ду ҷуфт чашми носера ишорае кунад, «тепача» ҳам меистанд.
Ин ҷо ҳама чиз муъайян аст. Панҷ сол пеш маълум, ки КӢ боз президент мешавад. Ҳатто дар 30-40 соли оянда ҳам. Падар ъаҷӣ гардад, писар як сурфа кунад, тамом! 90-95 фоиз «тарафдор». Зид, бетараф нест!
Бо кафшҳои дарида, шиму камзӯли чинии навъи пасттарин дар ин ҷо на танҳо шоирон, балки аз мактабхон то кампиракҳои бедандон мадҳия мехонанд ва «шигронаи оромӣ» мекунанд.
Оромӣ танҳо дар ду ҷо ҳамешагӣ шудааст: дар қабристон ва дар Тоҷикистон. Ё Раб, ин оромиро бишкан! Пеш аз ба қабристон рафтан мо ҳам зистан мехоҳем!
…Фардо дар саросари Олмон митингҳои зиддиҳукуматӣ баргузор мегарданд. Маро низ ҳатман дар майдоне хоҳед дид…
Худо ба ҳамроҳ!
То дидор дар Душанбе!
Source:
ТОҶИКИСТОНИ АҶОИБУ ҒАРОИБ


















