Муҳоҷирони Ҳабаша
Достони ростон
Сол ба сол ва моҳ ба моҳ бар иддаи муслимин дар Макка афзуда мешуд. Фишорҳо ва сахтгириҳои маккиён на танҳо натавонист афродеро, ки ба ислом гаравида буданд, аз ислом баргардонад, балки натавониста буд ҷилави ҳуҷуми мардумро аз марду зан ба сӯйи ислом бигирад.
Ҳуҷуми рӯзафзуни мардум ба сӯйи ислом ва баъд дилсард нашудан ва сар нахӯрдани мусалмонон аз ислом ва исрор ва самоҷат ва муҳкам часпидани онон — ки бо ҳеч василае барнамегаштанд — бештар Қурайшро асабӣ ва хашмгин мекард ва рӯз ба рӯз бар шиддати амал ва озору азияти муслимин меафзуданд.
Кор бар муслимин танг шуд ва ҳамчунон сабр мекарданд. Расули акрам барои ин ки муваққатан дасти Қурайшро аз сари мусалмонон кӯтоҳ кунад, ба мусалмонон пешниҳод кард, аз Макка хориҷ шаванд ва ба сӯйи Ҳабаша муҳоҷират кунанд. Фармуд, чун фармонравои феълии Ҳабаша марди одил ва додгустаре аст, метавонед муддате дар ҷивори ӯ ба сар баред, то баъд Худои Мутаол фараҷе барои ҳама фароҳам созад.
Иддаи зиёде аз мусалмонон ба Ҳабаша ҳиҷрат карданд. Дар он ҷо роҳат ва осуда зиндагӣ мекарданд ва аъмол ва фароизи мазҳабии хешро, ки дар Макка ба ҳеч наҳв наметавонистанд озодона анҷом диҳанд, дар он ҷо озодона анҷом медоданд.
Қурайш ҳамин ки аз рафтани мусалмонон ба Ҳабаша ва осоиши онҳо мутталеъ шуданд, аз тарси ин ки мабодо конуне барои ислом дар он ҷо ташкил шавад, дар миёни худ шӯро карданд ва нақша кашиданд, ки коре кунанд, то мусалмононро ба Макка баргардонанд ва мисли ҳамеша таҳти назар бигиранд. Барои ин манзур ду марди шоиста ва зирак аз миёни худ интихоб карданд ва ҳамроҳи онҳо ҳадоёи зиёде барои Наҷҷошӣ, подшоҳи Ҳабаша ва ҳадоёи зиёди дигаре барои сарон ва шахсиятҳо ва атрофиёни Наҷҷошӣ, ки суханонашон дар подшоҳ муассир буд, фиристоданд. Ба ин ду нафар дастур доданд, ки баъд аз вуруд ба Ҳабаша, аввал ба суроғи руасо ва атрофиёни Наҷҷошӣ биравед ва ҳадоёи онҳоро бидиҳед ва ба онҳо бигӯед:
— “Ҷамъе аз ҷавонони бетаҷриба ва нодони мо ахиран аз дини мо баргаштаанд ва ба дини шумо низ ворид нашудаанд ва ҳоло омадаанд ба кишвари шумо. Акобир ва бузургони қавми мо моро пеши шумо фиристодаанд, ки аз шумо хоҳиш кунем инҳоро аз кишвари худ берун кунед ва ба мо таслим намоед. Хоҳиш мекунем вақте ин матлаб дар ҳузури Наҷҷошӣ матраҳ мешавад, шумо назари моро таъйид кунед.”
Фиристодагони Қурайш як-як бузургон ва шахсиятҳоро мулоқот карданд ва ба ҳар як ҳадияе доданд ва аз ҳамаи онҳо қавл гирифтанд, ки дар ҳузури подшоҳ назари ононро таъйид кунанд.
Сипас ба ҳузури худи Наҷҷошӣ рафтанд ва ҳадоёи олӣ ва нафиси худро тақдим карданд ва ҳоҷати хешро баён доштанд.
Тибқи қарори қаблӣ, ҳошиянишинони маҷлис ҳама ба нафъи намояндагони Қурайш сухан гуфтанд, ҳама назар доданд, ки фавран дастури ихроҷи мусалмонон ва таслими онҳо ба намояндагони Қурайш дода шавад.
Вале худи Наҷҷошӣ таслими ин фикру назар нашуд. Гуфт:
— “Мардуме аз сарзамини худ ба кишвари ман паноҳ овардаанд, ин саҳеҳ нест, ки ман таҳқиқ накарда ва надида ҳукми ғиёбӣ алайҳи онҳо содир кунам ва дастури ихроҷ бидиҳам. Лозим аст онҳоро эҳзор кунам ва суханашонро бишнавам, то бибинам чӣ бояд бикунам?“
Вақте, ки ин ҷумлаи охир аз даҳони Наҷҷошӣ хориҷ шуд, ранг аз сурати намояндагони Қурайш парид ва қалбашон тапидан гирифт, зеро чизе, ки аз он метарсиданд, ҳамон рӯ ба рӯ шудани Наҷҷошӣ бо мусалмонон буд. Онон тарҷеҳ медоданд, мусалмонон дар Ҳабаша бимонанд ва бо Наҷҷошӣ рӯ ба рӯ нашаванд, чун магар на ин аст, ки ин кеши ҷадид ҳар чи дорад, аз “сухан” ва “калом” дорад ва ҳар кас, ки мафтуни ин дин шуда, аз шунидани як силсила суханони бахусусе аст, ки Муҳаммад мегӯяд, аз ҷониби Худо ба ман ваҳй шуда? Магар на ин аст, ки ҷозибае сеҳромез дар он суханон нуҳуфтааст? Ҳоло кӣ медонад? Шояд мусалмонон омаданд ва аз ҳамон суханон, ки ҳамаашон ҳифз доранд, дар ин маҷлис хонданд ва дар ин маҷлис низ ҳамон асарро кард, ки дар маҷолиси Макка мекард ва мекунад. Вале чӣ бояд кард, кор аз кор гузаштааст. Наҷҷошӣ дастур дод, ин иддаро, ки мегӯянд ба кишвари Ҳабаша паноҳ овардаанд, дар мавқеъи муайян ба ҳузури вай биёваранд.
Мусалмонон аз омадани намояндагони Қурайш ва ҳадияҳои онон ва рафту омадашон ба хонаҳои риҷол ва ҳошиянишинони дарбори Наҷҷошӣ ва манзурашон аз омадан ба Ҳабаша комилан огоҳ буданд. Ва албатта бисёр нигарон буданд, ки мабодо нақшаи онҳо коргар шавад ва маҷбур шаванд ба Макка баргардонда шаванд.
Вақте, ки маъмури Наҷҷошӣ омада ва ононро эҳзор кард, донистанд, ки хатар то болои сарашон омада. Ҷамъ шуданд ва шӯро карданд, ки дар он маҷлис чӣ бигӯянд? Раъйҳо ва назарҳо ҳама муттафиқ шуд, ки ҷуз ҳақиқат чизе нагӯянд, яъне вазъи худашонро дар ҷоҳилият таъриф кунанд ва баъд ҳақиқати ислом ва дастурҳои ислом ва руҳи даъвати исломиро ташреҳ кунанд, ҳеч чизеро кетмон накунанд ва як калима бар хилофи воқеъ нагӯянд. Бо ин фикр ва тасмим ба маҷлис ворид шуданд.
Аз он тараф низ чун мавзӯи таҳқиқ дар атрофи як дини ҷадид матраҳ буд, Наҷҷошӣ дастур дод, ки иддае аз уламои мазҳаби расмии он вақти Ҳабаша, ки мазҳаби Масеҳ буд, дар маҷлис ҳозир бошанд. Иддаи зиёде аз усқуфҳо бо ташрифоти махсусе ширкат карданд.
Ҷилави ҳар кадом як китоби муқаддас гузошта шуд. Мақомоти давлатӣ низ ҳар як дар ҷойи махсуси худ қарор гирифтанд. Ташрифоти салтанатӣ ва ташрифоти мазҳабӣ даст ба дасти якдигар дода, шукӯҳ ва ҷалоли хоссе ба маҷлис дода буд, худи Наҷҷошӣ дар садри маҷлис нишаста буд ва дигарон ҳар кадом ба тартиби дараҷот дар ҷойи худ қарор гирифта буданд. Ҳар бинандае беихтиёр дар муқобили он ҳама азамат ва ташрифот хозеъ мешуд.
Мусалмонон, ки имон ва эътиқод ба ислом виқор ва матонати хоссе ба онон дода буд, бо тумаънина ва оромиш ва виқор вориди он маҷлиси боазамат шуданд. Ҷаъфар ибни Абӯтолиб дар ҷилав ва соирин ба дунболи ӯ яке пас аз дигаре ворид шуданд. Вале мисли ин ки ҳеч таваҷҷӯҳе ба он ҳама ҷалолу шукӯҳ надоранд.
Болотар аз ҳама ин ки риояти адаби маъмули замонро нисбат ба мақоми салтанат, ки изҳори хоксорӣ ва ба хок бӯса задан аст накарданд, ворид шуданд ва салом карданд.
Ин ҷараён, ки ба манзилаи иҳонате талаққӣ мешуд, мавриди эътироз қарор гирифт, аммо онҳо фавран ҷавоб доданд:
— “Дини мо, ки ба хотири он ба ин ҷо паноҳ овардаем, ба мо иҷоза намедиҳад дар муқобили ғайри Худои ягона изҳори хоксорӣ кунем.”
Дидани он амал ва шунидани ин сухан дар тавҷеҳи он амал, руъбе дар дилҳо андохт ва ҳайбат ва азамат ва шахсияти аҷибе ба мусалмонон дод, ки соири азаматҳо ва ҷалолҳои маҷлис ҳама таҳтушшуоъ қарор гирифт.
Наҷҷошӣ шахсан ӯҳдадори бозпурсӣ аз онҳо шуд. Пурсид:
— “Ин дини ҷадиди шумо чӣ дине аст, ки ҳам бо дини қаблии худи шумо мутамойиз аст ва ҳам бо дини мо?”
Риёсат ва зиомати мусалмонон дар Ҳабаша бо Ҷаъфар ибни Абӯтолиб, бародари бузургтари амирулмӯъминин Алӣ (а) буд ва қарор бар ин буд, ки ӯ ӯҳдадори тавзеҳот ва ҷавобдеҳи суолот бошад.
Ҷаъфар гуфт:
— “Мо мардуме будем, ки дар нодонӣ ба сар мебурдем, бут мепарастидем, мурдор мехӯрдем, муртакиби фаҳшо мешудем, қатъи раҳим мекардем, ба ҳамсоягон бадӣ мекардем, ақвиёи мо зуъафои моро мехӯрданд. Дар чунин ҳолате ба сар мебурдем, ки Худованд пайғамбаре ба сӯйи мо мабъус фармуд, ки насаб ва покдомании ӯро комилан мешиносем. Ӯ моро ба тавҳид ва ибодати Худои якто хонд ва аз парастиши бутҳо ва сангҳо ва чӯбҳо боздошт. Моро фармон дод ба ростӣ дар гуфтор ва адои амонат ва силаи раҳм ва хушҳамсоягӣ ва эҳтироми нуфус. Моро наҳй кард аз иртикоби фаҳшо ва сухани ботил ва хӯрдани моли ятим ва муттаҳам сохтани занони покдоман. Моро фармон дод ба шарик нагирифтан дар ибодат барои Худо ва ба намоз ва закот ва рӯза ва …
Мо ҳам ба ӯ имон овардем ва ӯро тасдиқ кардем ва аз ин дастурҳо, ки баршумурдам пайравӣ кардем. Вале қавми мо моро мавриди таарруз қарор доданд ва ба мо печиданд, ки ин дастурҳоро раҳо кунем ва баргардем ба бутпарастӣ ва ҳамон вазъе, ки дар собиқ доштем, бозбаргардем ба бутпарастӣ ва ҳамон пастиҳо, ки доштем. Ва чун имтиноъ кардем, моро азоб карданд ва таҳти шиканҷа қарор доданд. Ин буд, ки мо он ҷоро раҳо кардем ва ба кишвари шумо омадем ва умедворем, ки дар ин ҷо қарини амн бошем.”
Сухани Ҷаъфар, ки ба ин ҷо расид, Наҷҷоши гуфт:
— “Аз он калимоте, ки пайғамбари шумо мегӯяд ваҳй аст ва аз ҷаҳони дигар ба сӯйи ӯ омада, чизе ҳифз ҳастӣ?”
Ҷаъфар:
— “Бале.”
Наҷҷошӣ:
— “Миқдоре бихон!”
Ҷаъфар бо дар назар гирифтани вазъи маҷлис, ки ҳама масеҳимазҳаб буданд ва худи подшоҳ ҳам шахсан масеҳӣ буд ва усқуфҳо ҳама китоби муқаддаси Инҷилро ҷилав гузошта буданд ва маҷлис аз эҳсосоти масеҳият мавҷ мезад, сураи муборакаи Марямро — ки марбут ба Марям ва Исо ва Яҳё ва Закариёст — оғоз кард ва оёти он сураро, ки фосилаҳои кӯтоҳ ва хотимаҳои якнавохти онҳо оҳанги махсусе падид меовард, бо тумаънина ва истеҳком хонд. Ҷаъфар зимнан хост, бо хондани ин оёт мантиқи мӯътадил ва саҳеҳи Қуръонро дар бораи Исо ва Марям барои масеҳиён баён кунад ва бифаҳмонад, ки Қуръон дар айни ин ки Исо ва Марямро ба мунтаҳои дараҷа тақдис мекунад, онҳоро аз ҳарими улуҳият дур нигоҳ медорад.
Маҷлис вазъи аҷибе ба худ гирифт, ашкҳо ҳама бар гунаҳо ҷорӣ шуд.
Наҷҷошӣ гуфт:
— “Ба Худо, ҳақиқати он чи Исо гуфта, ҳаминҳост. Ин суханон ва суханони Исо аз як реша аст.”
Баъд рӯ кард ба намояндагони Қурайш ва гуфт:
— “Биравед дунболи коратон.”
Ҳадоёи онҳоро ҳам ба худашон рад кард.
Наҷҷошӣ баъдан расман мусалмон шуд ва дар соли нӯҳуми ҳиҷрӣ аз дунё рафт. Расули акрам аз дур бар ҷанозааш намоз хонд.
(Сираи Ибни Ҳишом, ҷ.1, с.321-338; ва шарҳи Ибни Абилҳадид бар Наҳҷул-балоға, ҷ.4, с.175-177; ва “Носихут-таворих”)
Тоҷнек



















