Нишонаи дӯсти некӯ
Чанд ҳикмат аз Абуалӣ ибни Сино
Ҳар кас одат кунад, ки бидуни далел ҳар ҳарферо бовар кунад, аз сурати инсонӣ хориҷ аст.
Некбахттарини мардум касест, ки кирдор ба саховат биёрояду гуфтор ба ростӣ.
Бархе чунон саргарми мероси илмии гузаштагонанд, ки фурсати муроҷеа ба ақли худро надоранд. Ва агар фурсате ҳам ба даст оваранд, ҳозир нестанд иштибоҳҳо ва лағзишҳои гузаштагонро ислоҳу ҷуброн кунанд.
Таассуб дар донишу фалсафа, монанди ҳар таъассуби дигар нишонаи хомӣ ва бемоягӣ аст ва ҳамеша ба зиёни ҳақиқат тамом мешавад.
Ҳеч чиз дар дунё иттифоқӣ нест.
Агар тавоноии донишмандони Эронзамин аз ҷаҳони дониш гирифта шавад, чизе ҷуз сиёҳӣ боқӣ намемонад.
Нишони дӯсти некӯ он аст, ки хатои туро бипӯшонад, туро панд диҳад ва розатро ошкор насозад.
Тоҷнек



















