• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Ниёгони гузаштаи мо

Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ

November 15, 2026
in Ниёгони гузаштаи мо
0
Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ

Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ

0
SHARES
5
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ

Машоҳир ва номоварон

Абӯмаҳмуд Ҳомид ибни Хизри Хуҷандӣ, яке аз бузургтарин мунаҷҷимон ва риёзидонони ҷаҳони ислом ва Эронзамин будааст, ки дар қарни чаҳоруми ҳиҷрӣ мезиста.

Ӯ дар Хуҷанд ба дунё омада. Дар нусхаи хаттии рисолаи Абӯҷаъфар Муҳаммад ибни Ҳусайн (Абӯҷаъфари Хозин), аз рисолае аз Хуҷандӣ, ки акнун барҷой намонда ёд шудааст. Бар асоси ин рисола, вай эҳтимолан дар ҳудуди 330 ҳ.қ мутаваллид шудааст. (1)

Хуҷандӣ дар 384 ҳ.қ бо “судси фахрӣ” (олате барои расад), ки худ тарроҳи он буд, мили куллии хуршедро андоза гирифт. Ҳойнриш Сутер (Heinrich Suter) (2) замони вафоти вайро ҳудуди 390 ҳ.қ донистааст ва муаррихони баъдӣ ҳам ҳамин торихро пазируфтаанд. (3) – (4)

Эҷоди расадхона дар дарбор

Хуҷандӣ ба дарбори Фахруддавлаи Дайламӣ дар Рай рафт ва дар онҷо расадхонае ба тарроҳӣ ва эҳтимоми вай сохта шуд. Абзори аслии ин расадхона судси азиме буд, ки ба ифтихори Ҳомиди Хуҷандӣ “судси фахрӣ” номида шуд. Хуҷандӣ дар замони иқомат дар Рай, бо Абӯрайҳони Берунӣ муровида ва табодули илмӣ дошт. (5) — (6) — (7) Хуҷандӣ (8) гуфтааст, ки дар соли 384 ҳиҷрӣ бо “судси фахрӣ” иртифоъи хуршедро андозагирӣ карда ва натиҷа ба имзои шоҳидони ҳозир дар расад расидааст.

Абӯрайҳони Берунӣ (9) Абӯмаҳмуди Хуҷандиро “ягонаи асри хеш дар сохтани устурлобҳо ва дигар абзорҳо” донистааст. Вай “судси фахрӣ”-и Хуҷандиро дида ва рисолаи кӯтоҳе ба номи “Ҳикоятул олатил мусаммот ал-судс ал-фахрӣ” дар бораи он навишт.

Бузургии чашмгири абъоди “судси фахрӣ” дар муқоиса бо абъоди соири абзорҳои андозагирии нуҷумӣ чун “рубъи ҷидорӣ”, “зотул-ҳалақ” ва устурлоб, андозагириҳои бисёр дақиқтарро мумкин месохт ва аз ин лиҳоз дастоварди Хуҷандӣ муҳим будааст. Ӯ диққати андозагириро, ки то ҳадди дараҷа ва дақиқа буд, ба сония расонд. (10)

“Судси фахрӣ” ба сурати бинои азиме шомили утоқи бастае бо ду девори мувозӣ дар ростои нисфуннаҳор ва ба фосилаи ҳафт зироъ аз якдигар буд. Нури хуршед аз равзанаи ба шакли доира ба қутри як ваҷаб (ҳудуди 20 сантиметр), ки дар интиҳои ҷанубии сақф эҷод шуда буд, ба дохили утоқ ворид мешуд ва дар лаҳзаи зуҳр бар қавс, ки аз каф то девори шимолии утоқ қарор гирифта буд метобид. (11) — (12) Ба ин тартиб, иртифоъи нисфуннаҳории хуршед дар он рӯз андозагирӣ мешуд.

Як мазияти “судси фахрӣ” ин буд, ки барои кор бо он мустақиман ба хуршед нигариста намешуд. Абуалӣ Ҳасан ибни Алӣ ибни Умари Марокашӣ дар рисолаи “Ҷомеъул-мабодӣ вал-ғоёт” (13) чигунагии сохти ин абзорро баён кардааст.

Ба даст овардани мили куллӣ

Хуҷандӣ (14) мили куллӣ (зовия байни доиратулбуруҷ ва истивои самовӣ)-ро ба кӯмаки “судси фахрӣ” 23 дараҷа ва 32 дақиқа ва 21 сония ба даст овард. Ҳамчунин вай (15) бо таваҷҷӯҳ ба ин ки мақодири андозагиришуда барои мили куллӣ дар асрҳои мухталиф раванди нузулӣ доштааст, ба ин натиҷа расид, ки ихтилоф байни ин мақодир ношӣ аз хатои андозагирӣ нест, балки ба сабаби тағйири бисёр кунди мили куллӣ аст.

Хуҷандӣ устурлобсози моҳире низ буд ва як намунаи устурлоби сохтаи ӯ дар соли 374 ҳ.ҷ баҷо мондааст. Ин устурлоб, ки муҳимтарин ва зеботарин абзори нуҷумии барҷомонда аз авоили давраи исломӣ дониста шудааст, акнун дар маҷмӯаҳои шахсӣ дар Дуҳа (Қатар) нигаҳдорӣ мешавад. (16)

Хуҷандӣ аз касонест, ки қазияи синусҳо дар мусалласи куравиро исбот карданд. Тибқи ин қазия, дар мусалласи куравии ABC ба азлоъи A ва B ва C ва зовияҳои A ва B ва C робита барқарор аст. Ин қазия дар риёзиёти давраи исломӣ “шакли муғнӣ” ба маънои “қазияи бениёзкунанда” хонда мешуд, зеро бо истифода аз он, шакли қаттоъ, ки душвортар буд лозим намешуд. Хуҷандӣ ин қазияро “қонунул-ҳайъа” номид ва исботи онро дар рисолае дар бораи муҳосиботи марбут ба шаб ба кӯмаки ситорагон арза кард. (17)

Осор

1) Фи амал ал-олатил омма: рисолае дар бораи устурлоб. (18) — (19)

2) Китобул ола ашшомила: эҳтимолан дар бораи абзоре аст, ки аз ихтироъоти худи ӯ будааст. (20)

3) Рисолатун фи тасҳеҳил мил ва арзил балад: Хуҷандӣ дар ин рисола андозагирии ҳаддиаксари мили хуршед нисбат ба истивои осмонӣ ва таъйини арзи ҷуғрофиёии Райро шарҳ додааст. (21) Ӯ дар ин рисола (22) баён карда, ки чӣ гуна дар рӯзҳои мухталифи сол иртифоъи нисфуннаҳори хуршедро бо “судси фахрӣ” андоза гирифтааст ва гуфта, ки арзи ҷуғрофиёии Райро дар Муҳаммадия (яке аз маҳаллаҳои қадимии Рай, ки бояд маҳалли расадхона бошад) баробар бо 35 дараҷа ва 34 дақиқа ва 38 сония ва 15 солиса ёфтааст.

4) Як масъалаи риёзӣ ба сурати қазияе аз мусалласоти куравӣ аз Хуҷандӣ дар рисолае бо унвони Масоили мутафарриқа баҷо монда, ки тарҷумаи олмонии он дар соли 1926 мунташир шудааст. (23)

* * *

Понавис:

  1. Аҳмад ибни Умари Низомии Арузӣ, Чаҳор мақола, ҷ.1, с.260.
  2. Heinrich Suter, Die Mathematiker und Astronomen der Araber und ihre Werke, Leipzig 1900, repr Amsterdam, 1981, ҷ.1, с.74.
  3. Абулқосими Қурбонӣ, Риёзидонони эронӣ; аз Хоразмӣ то Ибни Сино, ҷ.1, с.231.
  4. Carl Brockelmann, Geschichte der arabischen Litteratur, Leiden 1943,1949, Supplementband, 1937, 1942, ҷ.1, с.390.
  5. Абӯрайҳони Берунӣ, Ҳикоятул олатил мусаммот ал-судс ал-фахрӣ, ҷ.1, с.101.
  6. Абӯрайҳони Берунӣ, Ҳикоятул олатил мусаммот ал-судс ал-фахрӣ, ҷ.1, с107.
  7. Абӯрайҳони Берунӣ, Ҳикоятул олатил мусаммот ал-судс ал-фахрӣ, ҷ.1, с.364.
  8. Абӯмаҳмуд Ҳомид ибни Хизри Хуҷандӣ, Рисолатул Хуҷандӣ фил мили вал арз, ҷ.1, с.62.
  9. Абӯрайҳони Берунӣ, Ҳикоятул олатил мусаммот ал-судс ал-фахрӣ, ҷ.1, с.364.
  10. Абӯмаҳмуд Ҳомид ибни Хизри Хуҷандӣ, Рисолатул Хуҷандӣ фил мили вал арз, ҷ.1, с.67.
  11. Абӯрайҳони Берунӣ, Ҳикоятул олатил мусаммот ал-судс ал-фахрӣ, ҷ.1, с.68-69.
  12. Абӯрайҳони Берунӣ, Ҳикоятул олатил мусаммот ал-судс ал-фахрӣ, ҷ.1, с.102.
  13. Ҷомеъул мабодӣ вал ғоёт, с.110-111.
  14. Абӯмаҳмуд Ҳомид ибни Хизри Хуҷандӣ, Рисолатул Хуҷандӣ фил мили вал арз, ҷ.1, с.67.
  15. Абӯмаҳмуд Ҳомид ибни Хизри Хуҷандӣ, Рисолатул Хуҷандӣ фил мили вал арз, ҷ.1, с.67.
  16. David A King, In synchrony with the heavens: studies in astronomical timekeeping and instrumentation in medieval Islamic civilization, Leiden 2004, 2005, ҷ.2, с.503-517.
  17. Абӯрайҳони Берунӣ, Ҳикоятул олатил мусаммот ал-судс ал-фахрӣ, ҷ.1, с.102.
  18. Boris Abramovich Rozenfeld and Ekmeleddin Ihsanoglu, Mathematicians, astronomers, and other scholars of Islamic civilization and their works, Istanbul, 2003, ҷ.1, с.100.
  19. Carl Brockelmann, Geschichte der arabischen Litteratur, Leiden 1943,1949, Supplementband, 1937, 1942, ҷ.1, с.390.
  20. Carl Brockelmann, Geschichte der arabischen Litteratur, Leiden 1943,1949, Supplementband, 1937, 1942, ҷ.1, с.390.
  21. Boris Abramovich Rozenfeld and Ekmeleddin Ihsanoglu, Mathematicians, astronomers, and other scholars of Islamic civilization and their works, Istanbul, 2003, ҷ.1, с.100.
  22. Boris Abramovich Rozenfeld and Ekmeleddin Ihsanoglu, Mathematicians, astronomers, and other scholars of Islamic civilization and their works, Istanbul, 2003, ҷ.1, с.66.
  23. Абулқосими Қурбонӣ, Риёзидонони эронӣ; аз Хоразмӣ то Ибни Сино, ҷ.1, с232-233.

* * *

Манбаъ: Донишномаи ҷаҳони ислом, Бунёди доиратулмаорифи исломӣ, баргирифта аз мақолаи “Ҳомид ибни Хизри Хуҷандӣ”, шумора 6932.

Source: Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ
Via: Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ
Tags: Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ
Previous Post

Шикасти муҳосираи заминии Эрон

Next Post

Муҳаммад ибни Сирин

Related Posts

Муҳаммад ибни Сирин
Ниёгони гузаштаи мо

Муҳаммад ибни Сирин

November 15, 2026
Шогирди намоз
Ниёгони гузаштаи мо

Шогирди намоз

October 30, 2026
Асирии Ахсикатӣ
Ниёгони гузаштаи мо

Асирии Ахсикатӣ

October 13, 2026
Нишонаи дӯсти некӯ
Ниёгони гузаштаи мо

Ибни Синоро чӣ чиз Ибни Сино кард?

August 20, 2026
Каъба ӯро мешиносад
Ниёгони гузаштаи мо

Каъба ӯро мешиносад

June 25, 2026
Нишонаи дӯсти некӯ
Ниёгони гузаштаи мо

Шайхурраис Буалӣ Сино

June 25, 2026
Next Post
Муҳаммад ибни Сирин

Муҳаммад ибни Сирин

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

February 7, 2026
Рози аслии муваффақият

Кори имрӯзаро ба фардо магузор

August 13, 2025
Дин

Дин

December 24, 2022
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Вазъияти номаълуми Натонёҳу

Вазъияти номаълуми Натонёҳу

1
Муҳаммад ибни Сирин

Муҳаммад ибни Сирин

November 15, 2026
Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ

Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ

November 15, 2026
Шикасти муҳосираи заминии Эрон

Шикасти муҳосираи заминии Эрон

November 15, 2026
Нишонаи дӯсти некӯ

Нишонаи дӯсти некӯ

November 8, 2026

Recent News

Муҳаммад ибни Сирин

Муҳаммад ибни Сирин

November 15, 2026
Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ

Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ

November 15, 2026
Шикасти муҳосираи заминии Эрон

Шикасти муҳосираи заминии Эрон

November 15, 2026
Нишонаи дӯсти некӯ

Нишонаи дӯсти некӯ

November 8, 2026
Tajnek

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Муҳаммад ибни Сирин

Муҳаммад ибни Сирин

November 15, 2026
Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ

Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ

November 15, 2026
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved