• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Ниёгони гузаштаи мо

Муҳаммад ибни Сирин

November 15, 2026
in Ниёгони гузаштаи мо
0
Муҳаммад ибни Сирин

Муҳаммад ибни Сирин

0
SHARES
7
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Муҳаммад ибни Сирин

Машоҳир ва номоварон

Ҳикояти бисёр шуниданӣ дар бораи Муҳаммад ибни Сирин, тобеӣ ва муҳаддиси маъруф ва соҳиби китоби “Таъбири хоб”

 

Ин ҳикоят дар бораи Муҳаммад ибни Сирин, аз машоҳири тобеъин ва муҳаддисони номӣ аст ва касе, ки китоби “Таъбири хоб” аз ӯст.

Муҳаммад ибни Сирин достоне дорад шабеҳи достони ҳазрати Юсуф (а). Ин ҳикоятро дар китоби “Алкуно вал-алқоб” овардааст:

Ибни Сирин, ҳам сирате зебо дошт ва ҳам сурате дилкаш. Ӯ дар аёми ҷавонӣ дар дӯкони баззозӣ (порчафурӯшӣ) ба унвони шогирд кор мекард. Як зани зебо ва сарватманд ба баҳонаи хариди порча ба мағозаи онҳо бисёр рафту омад мекард. Харидани порча баҳона буд, аммо воқеият як чизи дигар.

Як рӯз ин зан ба дари мағоза омад ва дастур дод, миқдори зиёде порча ҷудо карданд, он гоҳ ба узри ин ки қодир ба ҳамли инҳо нестам, ба илова, пул ҳамроҳ надорам, ба соҳиби дӯкон гуфт:

— Порчаҳоро бидиҳед ин ҷавон биёварад ва дари хона ба ман таҳвил диҳад ва пул бигирад.

Муқаддимоти кор қаблан аз тарафи зан фароҳам шуда буд. Хона аз ағёр холӣ буд, ҷуз чанд каниз, касе дар хона набуд.

Муҳаммад ибни Сирин, ки унфувони ҷавониро тай мекард ва аз зебоӣ бебаҳра набуд, порчаҳоро ба дӯш гирифт ва ҳамроҳи он зан омад.

То ба даруни хона дохил шуд, дар аз пушт баста шуд. Ибни Сирин ба дохили утоқи муҷаллал роҳнамоӣ гашт. Ӯ мунтазир буд, ки хонум ҳарчӣ зудтар биёяд, ҷинсро таҳвил бигирад ва пулро бипардозад.

Интизор ба тӯл анҷомид. Пас аз муддате, парда боло рафт. Хонум дар ҳоле ки худро ҳафт қалам оройиш карда буд, бо ҳазор ъишва, по ба даруни утоқ гузошт.

Ибни Сирин дар як лаҳзаи кӯтоҳ фаҳмид, ки доме барояш густарда шудааст. Фикр кард, бо мавъиза ва насиҳат ё бо хоҳиш ва илтимос, хонумро мунсариф кунад. Дид, беҳосил аст. Хонум ишқи сӯзони худро барои ӯ шарҳ дод, ба ӯ гуфт:

— Ман харидори аҷноси шумо набудам, харидори ту будам!

Ибни Сирин забон ба насиҳат ва мавъиза гушуд ва аз Худо ва қиёмат сухан гуфт, аммо дар дили зан асар накард. Илтимос ва хоҳиш кард, фоида набахшид. Зан гуфт:

— Чорае нест, бояд коми маро бароварӣ.

Ва ин зан ҳамин ки дид Ибни Сирин дар ақидаи худ пофишорӣ мекунад, ӯро таҳдид кард ва гуфт:

— Агар ба ишқи ман эҳтиром нагузорӣ ва маро комёб насозӣ, ҳамин алъон фарёд мекашам ва мегӯям, ин ҷавон нисбат ба ман қасди бад дорад. Он гоҳ маълум аст, ки чӣ бар сари ту хоҳад омад.

Мӯй бар бадани Ибни Сирин рост шуд. Аз тарафе, имон ва ақида ва тақво ба ӯ фармон медод, ки покдомании худро ҳифз кун. Аз тарафи дигар, сар боз задан аз таманнои он зан, ба қимати ҷону обрӯ ва ҳама чизаш тамом мешавад. Чорае ҷуз изҳори таслим надид.

Аммо фикре мисли барқ ба хотираш омад. Фикр кард, як роҳ боқӣ аст. Ва он ин ки: коре кунам, ки ишқи ин зан табдил ба нафрат шавад ва худаш аз ман даст бардорад. Агар бихоҳам домани тақворо аз олудагӣ ҳифз кунам, бояд як лаҳза олудагии зоҳирро таҳаммул кунам.

Аз ин рӯ, ба баҳонаи қазои ҳоҷат, аз утоқ берун омад ва ба ҳоҷатхона рафт ва бадани хешро бо касофат олуда сохт. Дақоиқе пас бо вазъу либоси олуда ба касофат аз мустароҳ баргашт ва ба тарафи зан омад.

То чашми он зан ба ӯ афтод, рӯй дарҳам кашид ва фавран ӯро аз манзил хориҷ кард.

(Манбаъ: Алкуно вал-алқоб, 41/14, ба нақл аз “Достони ростон”, таълифи Муртазо Мутаҳҳарӣ)

* * *

Чӣ шабоҳат дорад достони Ибни Сирин бо достон ҳазрати Юсуфи паёмбар (а)! Ва аз қазо, ҳар ду огоҳ ба таъбири хоб буданд.

Source: Муҳаммад ибни Сирин
Via: Муҳаммад ибни Сирин
Tags: Муҳаммад ибни Сирин
Previous Post

Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ

Related Posts

Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ
Ниёгони гузаштаи мо

Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ

November 15, 2026
Шогирди намоз
Ниёгони гузаштаи мо

Шогирди намоз

October 30, 2026
Асирии Ахсикатӣ
Ниёгони гузаштаи мо

Асирии Ахсикатӣ

October 13, 2026
Нишонаи дӯсти некӯ
Ниёгони гузаштаи мо

Ибни Синоро чӣ чиз Ибни Сино кард?

August 20, 2026
Каъба ӯро мешиносад
Ниёгони гузаштаи мо

Каъба ӯро мешиносад

June 25, 2026
Нишонаи дӯсти некӯ
Ниёгони гузаштаи мо

Шайхурраис Буалӣ Сино

June 25, 2026

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

February 7, 2026
Рози аслии муваффақият

Кори имрӯзаро ба фардо магузор

August 13, 2025
Дин

Дин

December 24, 2022
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Вазъияти номаълуми Натонёҳу

Вазъияти номаълуми Натонёҳу

1
Муҳаммад ибни Сирин

Муҳаммад ибни Сирин

November 15, 2026
Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ

Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ

November 15, 2026
Шикасти муҳосираи заминии Эрон

Шикасти муҳосираи заминии Эрон

November 15, 2026
Нишонаи дӯсти некӯ

Нишонаи дӯсти некӯ

November 8, 2026

Recent News

Муҳаммад ибни Сирин

Муҳаммад ибни Сирин

November 15, 2026
Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ

Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ

November 15, 2026
Шикасти муҳосираи заминии Эрон

Шикасти муҳосираи заминии Эрон

November 15, 2026
Нишонаи дӯсти некӯ

Нишонаи дӯсти некӯ

November 8, 2026
Tajnek

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Муҳаммад ибни Сирин

Муҳаммад ибни Сирин

November 15, 2026
Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ

Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ

November 15, 2026
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved