Эрон ду пойгоҳи низомии Омрико дар Баҳрайнро ҳадаф қарор дод
Ахбори байналмилал
РИА Новости: Эрон ду пойгоҳи низомии Омрико дар Баҳрайнро ҳадаф қарор дод
Ба гузориши РИА Новости, дар пайи ҳамлаи мушакии Сипоҳи Посдорон ба ду пойгоҳи низомии Омрико дар Баҳрайн, оташсӯзии маҳибе дар ин пойгоҳҳо ба вуқӯъ пайваста. Ҳанӯз аз шумори кушташудаҳо ва захмиҳо гузорише мухобира нашудааст.
Эрон дар садади шикастани муҳосира аст. Дар ҳоли ҳозир 14 нафткаши эронӣ дар ҳоли ҳаракат ҳастанд. Сипоҳ эълом карда, дар сурати расидани кӯчактарин осеб ба ин нафткашҳо аз сӯйи артиши Омрико, махозини нафтии кишварҳои халиҷ ва низ масолеҳи иқтисодии Омрико дар минтақа мавриди ҳадаф қарор хоҳанд гирифт.
Тоҷнек




















