Эй хоҷа чӣ ҷӯӣ зи шаби қадр нишонӣ?
Ҳар шаб шаби қадр аст, агар қадр бидонӣ!
Равшан ба ту гуям, ки шаби қадр кадом аст,
Гар з-он ки ту идроки шаби қадр тавонӣ.
Он аст шаби қадр, ки бар ҷони Муҳаммад,
Қуръони азим омадаву “Сабъи масонӣ”.
Он аст шаби қадр, ки аз нури ҷамолаш,
Вораст Калим аз шаби торику шубонӣ.
Он аст шаби қадр, ки ба талъати моҳе,
То матлаъи фаҷраш ба тамошо гузаронӣ!
Моҳе, ки бувад ғояти ҳоҷоту мақосид,
Моҳе, ки бувад қиблаи омолу амонӣ.
Ҷомӣ, чу ба ин шаб бирасӣ аз паи умре,
Зинҳор саломи мани бедил бирасонӣ.
Абдураҳмони Ҷомӣ