1- Набарди Эрон ва Исроил , набарди ҳавоӣ ва мушакӣ
Аз нигоҳи ман, ҷанги мустақиме дар ояндаи наздик, миёни Эрон ва Исроил рух нахоҳад дод, зеро бар мо собит шудааст, ки сиёсатмадорони Теҳрон на ирода ва на тасмиме барои сохти падофанди ҳастаӣ надоранд.
Ҷанг ниёз ба дастовез дорад, афкори умумии ҷаҳон ва ҳатто минтақа имрӯз бар зидди саҳюнистҳост ва Исроил бидуни дастовези лозим даст ба ҳамла нахоҳад зад.
Ҳамчунин Эрон ва Исроил монанди Исроил ва Миср марзи муштараке бо ҳам надоранд, ки ҳамчун ҷанги шашрӯза, аз нигоҳи сарзаминӣ, битавонад Эрон ё бахшҳое аз Эронро тасарруф кунад ва ҳатто агар сарбозони исроилӣ по ба даруни хоки Эрон бигузоранд, аз нигоҳи ҷамъиятӣ ва шумори нафароти артиш, ба гарди пои нируҳои эронӣ нахоҳанд расид.
Пас агар ҷанге дар ин миён дарбигирад, ҷанги ҳавоӣ ва мушакӣ барои аҳдофи вижа ва хоссе хоҳад буд, на ҷанги классикӣ барои ишғоли сарзамин, ҳамчун Ҷулон ва Лубнон ва Саҳрои Сино.
2- Аммо агар фикр кунем ки Исроил пирӯз ва Эрон шикаст мехурад…
Аммо фарз кунем, бар асари авомили пешбининашуда ҷанге аз гунаи мушакӣ ва ҳавоӣ дар миёни ду кишвар даргирад.
Фарзи нахуст ин ки Эрон ҷангро бибозад, иттифоқе, ки меафтад, ин аст, ки ҳукумати Эрон ҳам аз буъди дарунӣ ва ҳам буъди берунӣ назди мардуми Эрон ва минтақа кучактарин маҳбубият ва вазни худро аз даст хоҳад дод. На танҳо ҳукумат, балки мардуми Эрон низ бозандаи ин ҷанг ба шумор рафта ва обрӯи миллии онҳо ба бод хоҳад рафт.
Фарзи дуввум, ки манзури аслии ман аз нигориши ин ёддошт аст, ин аст, ки Эрон барандаи ин ҷанг бошад, манзур аз баранда ин аст, ки кадом кишвар бештарин хасоратро ба кишвари дигар ворид оварда ва бештарин имтиёзотро дар набарди низомӣ ва диплумотик ба даст меоварад.
3- Эрон пас аз шикасти Исроил
Дар сурати шикасти Исроил, нахустин пирӯзӣ барои Эрон рӯйкарди тамоми миллатҳои мусалмони минтақа ба Эрон хоҳад буд.
Маҳбубити ҳайати ҳокимаи Эрон ва бавижа раҳбари Эрон башиддат боло рафта ва ҳукми ӯ асароти башиддат фаромарзӣ хоҳад ёфт.
Равобити Исроил бо Амрико башиддат дучори уфт хоҳад шуд, зеро Амрико солона ба воситаи нуфузи Опек, миллиардҳо доллар барои жондормии Исроил дар минтақаи Ховари Миёна ҳазина рӯи дасти молиётдиҳандаи амрикоӣ мегузорад, ки дар сурати шикасти Исроил, дар ҷанги эҳтимолӣ, мардуми Амрико лузуме ба пуштибонии бештари Исроил эҳсос нахоҳанд кард.
Лубнону Сурия ва Ироқ комилан ба тасарруфи диплумотики Эрон дар хоҳанд омад.
Дар буъди дарунӣ, ҳар давлате дар Исроил бар сари кор бошад, суқут хоҳад кард ва мардуми беҳувияти Исроил, ки аз ҳар кишваре ба он ҷо кӯчидаанд, ба тазоҳуротҳо доман хоҳанд зад. Иқтисоди Исроил башиддат суқут хоҳад кард, арабҳои сокин дар Исроил ва Фаластин алайҳи давлати Исроил хез хоҳанд бардошт, раванди кӯч ба Исроил воруна хоҳад гашт ва бисёре аз Исроил хоҳанд рафт, мошини низомии Исроил ҳаймана ва иқтидори худро аз даст хоҳад дод.
Мардуми араби минтақа барои ҷуброни ҳақорати ношӣ аз шикасти ҷанги шашрӯза аввалан давлатҳои худро дар баробари Эрон таҳқир хоҳанд кард ва дуввуман онҳоро ба ҷанг бо Исроил ташвиқ хоҳанд намуд.
Сулҳи иброҳимӣ барбод хоҳад рафт ва бисёре аз кишварҳои арабӣ, ки бо Исроил созиш карда буданд, аз густариши равобит бо Исроил худдорӣ хоҳанд кард.
Ин танҳо гӯшае аз паёмадҳои бохти Исроил дар як ҷанги эҳтимолӣ дар баробари Эрон аст, пас ин пурсиш мутасаввар аст, ки чӣ гуна ҷуръат мекунад ба таҳдиди Теҳрон даст бизанад?!
4- Дилгармии Исроил дар баробари Эрон, дар як калима аст: Онусиҳо
, тамоми дилгармии Исроил ба ҳамин нируҳои онусӣ аст, ки онҳоро дар ҷой-ҷои минтақа дар нуқоти ҳассоси давлатҳои Ховари Миёна нуфуз додааст. (Онусӣ – калимаи ибрӣ аст, ба маънои яҳудиёне, ки ба иҷбор ё ба зоҳир тарки дини яҳудият карда, вале ҳамаи талоши худро мекунанд то махфиёна ба оини яҳудияти худ пойбанд бимонанд).
Онҳо (сардамдорони исроилӣ) дилашон ба ин хуш аст, ки ин аносири хоинашон дар як даргирии низомӣ ба судашон вориди амал шаванд, аммо дақиқан нуқтаи иштибоҳи утоқи фикри Исроил ҳаминҷост, ки Эрон ва Ховари Миёнаро бо Олмон ва Аврупо яке мепиндоранд, шояд аносири нуфузии онҳо битавонанд заработеро аз пушт ба нируҳои низомии Эрон ворид кунанд, аммо нируҳои миллӣ ва ҳатто мазҳабии эронӣ низ дар ҳар ҷое бекор нанишастаанд, ҳатто худи яҳудиёни Эрон низ дар ин пайкор бетардид бар зидди Исроил хоҳанд буд, зеро аввалан онҳо Эронро ватани худ медонанд на Исроил, сониян, онҳо хирадмандона медонанд, ки Исроил бо густохиҳо ва зиёдахоҳиҳояш чӣ заработе бар пайкараи дини яҳудӣ ворид мекунад.
навишта аз Ардешир Собит