• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Uncategorized

Мирзо Шукурзода

February 27, 2023
in Uncategorized
0
Мирзо Шукурзода

мирзо шукурзода

0
SHARES
3
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Мирзо Шукурзода – аз муҳимтарин нависандагони Тоҷикистон ваУзви Иттифоқҳои нависандагон, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2006) ва Корманди шоистаи ҶТ (1999)

 

Мирзо Шукурзода 1 сентябри соли 1949 дар деҳаи Худгифи Сояи Кӯҳистони Мастчоҳ ба ҷаҳон омадааст. Соли 1966 мактаби миёнаи зодгоҳашро ба поён расонда, дар ҳамин мактаб ду сол (1966-1968) омӯзгорӣ кардааст ва нахустин навиштаҳояш аз ҳамон айём дар васоити ахбори оммаи ҷумҳурӣ ба табъ расидаанд.

Ишқи сухан, муҳаббати адабиёту матбуот ӯро ба машҳуртарин даргоҳи маърифати кишвар – Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин овард. Соли 1973 бахши рӯзноманигории факултаи филологияи тоҷики донишгоҳи мазкурро ба поён расонд ва дар бахши гуфторҳои адабию драмавии Радиои ҷумҳурӣ, рӯзномаи овозаманди «Тоҷикистони Советӣ» (1973-1982), интишороти «Адиб» (1983-1984) ба фаъолияти журналистӣ ва адабӣ пардохтааст.

 

Нахустин очерки ҳуҷҷатияш «Баҳодури Дилварзин» (дар ҳамкорӣ бо Мулло Боқӣ) соли 1976 ва китоби очерку мақолаҳояш «Ситораҳои рахшанда» соли 1986, маҷмӯаи ҳикояву қиссаҳои мусаннадаш «Теғи ҷонбахш» соли 1989 дар нашриёти «Адиб» интишор ёфтаанд.

Дувоздаҳ сол дар Ҷумҳурии Исломии Эрон (1992-2004) ва Афғонистон (1985-1977) хизмат намудааст. Мавсуф дар ин давра ва баъди он худфарсоёна заҳмат кашида, ба алифбои ниёкон ва кирилӣ дар Кобул ва Теҳрону Душанбе ва Пешовари Покистон 20 китоби илмӣ ва пажӯҳишӣ ба чоп расондааст, ки «Тоҷикон дар масири таърих» (1994, 1997, 2006), «Кӯҳкане аз користони дил» (1992, 2001), «Парниёну ҳариру абрешим» (маҷмӯаи мақолаҳои илмӣ ва публитсистӣ; 2002), «Ҷонпайванд» (маҷмӯаи мақолаҳои илмӣ ва публитсистӣ; 2006), «Тоҷикон дар қаламрави Ориёно» (30 мақола роҷеъ ба тоҷикон ва таъриху фарҳанги онон; 2006, 2007, 2009), «Ашки сари мижгони ман» (маҷмӯаи шеърҳо; 2004), «Тоҷикон, ориёиҳо ва фалоти Эрон» (маҷмӯаи мақолаҳо дар бораи тоҷикону ориёиёну эрониён; 1999, 2001, 2003), «Себи Самарқанд» (гулчини ҳазор рубоӣ аз фолклори тоҷик; 2001, 2008), «Ҳамосаи родмардони Хуросон» (2008), «Кимиёгари дурри дарӣ» (ба забонҳои форсӣ, русӣ ва инглисӣ, 2009), «Размоварони Ҳиндукуш» (2009) ва «Тӯшаи умри падар» (2013) аз он ҷумлаанд.

Ҳамчунин, «Наводири Зиёия»-и Шарифҷон Махдуми Садри Зиё (1997), эпоси қирғизии «Манас» (1977), баргузидаи ашъори устод Лоиқ «Рӯҳи Рахш» (1999), маҷмӯаҳои «Ашки тӯфон» (1994) ва «Гулчини ашъор»-и хонум Гулрухсор (2001), рисолаҳои «Ғарбзадагӣ»-и Ҷалоли Оли Аҳмад (2008), «Қуръон ва табиат»-и Муртазо Мутақаррӣ (1996, 2014), «Масъалаи ҳиҷоб»-и ҳамин муаллиф (1998) дар баргардону таҳияи мавсуф дастраси тоҷикону эрониён гардонида шудаанд. Барои «Донишномаи адаби форсӣ» (Теҳрон, 1996) беш аз 500 мақола навиштааст. Дар соли 2014 таълифи романеро таҳти унвони «Тӯфони тавсан» ба поён расонд, ки бобҳое аз ин роман дар моҳномаи «Садои Шарқ» (№11) интишор ёфт.

Навиштаҳои Мирзо Шукурзодаро хонандагону донишмандони тоҷик ва мамолики форсизабон самимона пазироӣ карда, баҳои баландашон додаанд. Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2006) ва Корманди шоистаи ҷумҳурӣ (1999) аст. Ба осори илмӣ, пажӯҳишӣ ва бадеии Мирзо Шукурзода дар маҷмӯаи «Сӯхтаҷони шуълаи бедорӣ» (1999) олимони барҷастае, баҳои баланд додаанд.Аз ҷумла, китоби «Тоҷикон дар қаламрави Ориёно»-ро соли 2007 ҳафтавори «Варорӯд» «Китоби беҳтарини сол» эълом карду барои маҷмӯаи «Ҷонпайванд» (2006) сазовори Ҷоизаи ба номи Садриддин Айнӣ (2007) гардидааст.

 

Previous Post

Яъқуб Лайси Саффорӣ, посдори забони ниёгон

Next Post

ДОИШ дар тамаъи Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ

Related Posts

Шеъри аз Мавлонои Шамси Табрезӣ дарбораи ҳастиву нестӣ
Uncategorized

Шеъри аз Мавлонои Шамси Табрезӣ дарбораи ҳастиву нестӣ

December 9, 2024
Ҳушдори раҳбари Эрон дар охирин дидор бо Башор Асад президенти Сурия
Uncategorized

Ҳушдори раҳбари Эрон дар охирин дидор бо Башор Асад президенти Сурия

December 9, 2024
Суқрот мегуяд….
Uncategorized

Суқрот мегуяд….

December 8, 2024
шеърие аз Иқбол Лоҳурӣ дар мавриди духтари пайғамбар
Uncategorized

шеърие аз Иқбол Лоҳурӣ дар мавриди духтари пайғамбар

December 7, 2024
Нахл, дарахти одамият
Uncategorized

Нахл, дарахти одамият

December 4, 2024
Евгений Павловский – дӯсти ҷонии тоҷикон
Uncategorized

Евгений Павловский – дӯсти ҷонии тоҷикон

December 3, 2024
Next Post
ДОИШ дар тамаъи Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ

ДОИШ дар тамаъи Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

April 4, 2023
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
Дин

Дин

December 24, 2022
Қаҳрамонон намемиранд

Қаҳрамонон намемиранд

January 3, 2023
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

0
Мусаввараи Ғуломи Хушбахт

Мусаввараи Ғуломи Хушбахт

April 30, 2025
Давронҳо ва одоту русум

Давронҳо ва одоту русум

April 28, 2025
Беҳтар аз гузаштаам

Беҳтар аз гузаштаам

April 26, 2025
Қурбонӣ ё қаҳрамон

Қурбонӣ ё қаҳрамон

April 26, 2025

Recent News

Мусаввараи Ғуломи Хушбахт

Мусаввараи Ғуломи Хушбахт

April 30, 2025
Давронҳо ва одоту русум

Давронҳо ва одоту русум

April 28, 2025
Беҳтар аз гузаштаам

Беҳтар аз гузаштаам

April 26, 2025
Қурбонӣ ё қаҳрамон

Қурбонӣ ё қаҳрамон

April 26, 2025
Tajnek

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Мусаввараи Ғуломи Хушбахт

Мусаввараи Ғуломи Хушбахт

April 30, 2025
Давронҳо ва одоту русум

Давронҳо ва одоту русум

April 28, 2025
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved