• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Uncategorized

Диндории ҷоҳилона

April 6, 2024
in Uncategorized, Имон ва ваҳдат
0
диндории ҷоҳилона 2
0
SHARES
6
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Диндории ҷоҳилона (2) : Ба муносибати солрӯзи шаҳодати ҳазрати Алӣ ибни Абӯтолиб

Бахши дуввум

* * *

Ваъда додам, дар ин қисмат аз ёддошт, дар бораи Абдурраҳмон ибни Мулҷам, қотили ҳазрати Алӣ ва ангезаи ӯ барои терури он ҳазрат бештар сӯҳбат кунам.

Ибни Мулҷам аз Хавориҷ аст. Дар бораи Хавориҷ ва иллати зуҳури онҳо дар ҷомеаи исломӣ, қаблан – чанд сол пеш – сӯҳбат кардаам, такрор намекунам, дар ин силсилаёддошт бештар дар бораи кистии онҳо ва чистии ақоиду афкорашон сӯҳбат хоҳам кард.

Барои он ки Хавориҷро беҳтар шиносем, воқеаеро бароятон нақл мекунам; воқеае, ки бисёре аз таърихнигорон нақл кардаанд. Аз “Ал-ъиқдул-фарид” бароятон меоварам.

Ҳазрати Алӣ пеш аз набард бо онҳо, саҳобии ҷалилқадр Абдуллоҳ ибни Аббосро ба сӯйи онҳо фиристод, ки насиҳаташон кунад, то балки даст аз лаҷоҷат ва нафаҳмӣ бардоранд. Вақте Ибни Аббос аз назди онҳо баргашт, ҳазрат пурсид: онҳоро чӣ гуна ёфтӣ? Ибни Аббос гуфт: бар қавме ворид шудам, ки:

لهم جباه قرحة لطول السجود، وأيد كثفنات الإبل، عليهم قمص مرحضة وهم مشمرون

“Пешониҳояшон аз зиёдии саҷда захмӣ шуда ва дастонашон мисли зонуи шутур баста шуда ва либосҳои кӯҳнаи зоҳидона ба тан доранд ва аз ҳама болотар, қиёфаи бисёр мусаммам доранд…” (Ал-ъиқдул-фарид, 2/389)

Яъне гурӯҳе, ки ба ислом алоқаманд буданд ва то ба ин ҳадд ба ислом мӯъмин ва мӯътақид. Аммо чаро Алӣ бо онҳо вориди набард шуд? Донистани ин хеле муҳим аст.

Ҳазрати Алӣ дар даврони хилофати 5-солаи худ, бо се гурӯҳ, ки ҳар се мусалмон буданд ҷангидааст. Ва ҳатто худи ҳазрати Паёмбар (с) – бино бар он чи дар китобҳои ҳадисӣ ва таърихӣ нақл шуда – ба Алӣ фармуда, ки бо ин се гурӯҳ вориди набард бишавад ва аз ӯ аҳду паймон дар ин хусус гирифта. Ҳадиспажӯҳони зиёде аз ҷумла Ибни Касир дар “Ал-бидоя ван-ниҳоя” ин ҳадисро нақл кардаанд:

عن عليٍّ: عهِدَ إليَّ النَّبيُّ صلَّى اللهُ عليه وسلَّمَ أنْ أُقاتِلَ الناكِثينَ، والقاسِطينَ، والمارِقينَ

“Аз Алӣ ривоят шудааст, ки гуфт: Расули Худо (с) аз ман барои ҷанг бо нокисин ва қоситин ва мориқин паймон гирифт.” (Ал-бидоя ван-ниҳоя, 7/316)

Нокисин яъне байъатшиканон, ки аввал бо Алӣ байъат карданд ва сипас паймони худро шикастанд, ишора аст ба асҳоби Ҷамал. Қоситин яъне мунҳарифшудаҳо, ки ишора аст ба Муовия ва ёронаш дар ҷанги Сиффин. Мориқин яъне беруншудаҳо, ки мурод аз онҳо Хавориҷ ҳастанд.

Айби Хавориҷ дар чӣ буд?

Мабодо иштибоҳ шавад! Хавориҷ айбашон дар ин набуд, ки ба ислом алоқаманданд. На! Мӯъмин бояд дорои азме бошад мисли азми Хавориҷ, дар ин шакке нест, вагарна ӯ мӯъмини воқеъӣ набудааст. Балки айби онҳо, дар ҷаҳолат ва нодониашон буд; айби онҳо дар ҳамоқат ва балоҳаташон буд; айбашон дар ин буд, ки онҳо дар ташхис иштибоҳ карда буданд ва ба қавли Мавлоно, “лек сӯрохи дуо гум кардаӣ”. Шахсе дар халоҷо ва ба ҳангоми истинҷо, дуо мекард:

اللهم أرحني رائحة الجنة

Яъне “Худовандо! Маро ба бӯйи биҳишт баҳраманд соз!” Яъне бӯйи диловези биҳиштро ба машоми дилам бирасон. Ӯ, ба ҷойи ин ки дуои махсуси халоҷоро бихонад, дуои махсуси истиншоқро мехонд. Шахсе аз берун дуои бемавқеъи ӯро шунид, ба ӯ гуфт: дуои хубе хондӣ, вале сӯрохи дуоро гум кардаӣ:

Он яке дар вақти истинҷо бигуфт,

Ки маро бо бӯйи ҷаннат дор ҷуфт.

Гуфт шахсе: хуб вирд овардаӣ,

Лек сӯрохи дуо гум кардаӣ.

Тавзеҳи ҳикмат аз забони эшони Маҳмудҷон Тӯраҷонзода

Боре, эшони Маҳмудҷон Тӯраҷонзода дар як суханронӣ дар маросиме, барои он ки маънои ҳикматро бифаҳмонад ва ин ки ҳикмат яъне гузоштани ҳар чизе дар ҷойи муносибаш, ин мисолро зад, ки агар як мулло дар маросими азо, ҳамаро бихандонад ва ҳадисеро, ки маъмулан дар тӯйҳо мегӯянд бигӯяд ва баръакс дар маросими тӯй, ҳамаро бигирёнад ва ҳадисеро, ки одатан дар азо мехонанд бигӯяд, ғайри ҳакимона рафтор кардааст, ӯ аҳмақона ва аблаҳона рафтор кардааст. Фарз кардем, он ду ҳадис ҳам, ки хондааст, аҳодиси саҳеҳе бошанд, вале ҳамоқат ва балоҳати ӯ ношӣ аз ин аст, ки “сӯрохро гум кардааст”, дар ташхис иштибоҳ кардааст.

Аз ин рӯ, Хавориҷ айбашон дар аз худ гузаштагии онҳо ва алоқамандиашон ба ислом набуд ва ин ки онҳо ҳозир буданд дар роҳи ислом ба ҳар коре иқдом кунанд, айбашон ҳаргиз дар инҳо набуд, мӯъмин ва мусалмон бояд чунин бошад, вагарна мӯъмин набудааст. Балки айбашон дар ин буд, ки “сӯрохро гум карда буданд”. Ва он ҳам ношӣ аз ҷаҳолат ва нодонӣ ва ҳамоқати онҳо буд. Ҳоло бо як мисоли дигар бароятон бифаҳмонам.

Фарз кунед, подшоҳе фармуда бошад: дар фалон кӯҳи дурдаст тилло ва ҷавоҳироти зиёде ҳаст, вале барои расидан ба он ҷо, монеъаҳои зиёде сари роҳ аст, ки бояд аз онҳо убур кард; роҳзанҳои бадгуҳаре дар роҳ ҳастанд, ки бо онҳо бояд ҷангид ва шикасташон дод, ҳамчунин бояд аз фалон роҳи мушаххас рафт, на аз роҳҳои дигар ва ғайра.

Он вақт, ду нафар эъломи омодагӣ барои рафтан ба он кӯҳ бикунанд: яке огоҳ бошад ва илм ва огоҳӣ ба он роҳзанҳо ва хусусиёти онҳо дошта бошад ва роҳро бишносад, вале яке дигар ҷоҳил ва нодон, ки ба хусусиёти роҳ ва ин ки куҷост огоҳ набошад ва дар бораи он роҳзанҳо, ки чӣ хусусиёте доранд, аслан ҳеч чиз надонад.

Аввалӣ дуруст роҳро тай кунад, вале дуввумӣ бо ин гумон, ки ба тарафи он кӯҳ раҳсипор аст, аз роҳҳои дигар ва масалан “ба Туркистон” биравад ва дар ташхиси монеъаҳои сари роҳ дучори иштибоҳ шавад ва масалан дар ташхиси он роҳзанҳои бадгуҳар дучори иштибоҳ шуда ва ба ҷойи онҳо, бо одамони бегуноҳ биҷангад.

Хавориҷ, дуруст мисли ин дуввумӣ буданд ва айбашон ношӣ аз ҷаҳолат ва нодонии онҳо буд, ки аз қазо зарару зиёнашон ба маротиб бештар аз касе аст, ки аз тарсу ҳарос эъломи омодагӣ ба рафтани ба он кӯҳро накунад. Ва ба ҳамин хотир, Алӣ барои нобудии онҳо ва хушконидани решаи ин мавҷудот камар баст ва то тавонист ҷомеаи исломиро аз шарри онҳо халос кард. Фақат Алӣ метавонист бо ин мавҷудоти хатарнок биҷангад ва аз байнашон бибарад, вагарна зоҳирашон фиребанда буд ва касе ҷуръат ба ҷангидани бо онҳо наменамуд.

Хавориҷ ба таъбири Алӣ, нияти бад надоштанд, онҳо дар ташхиси роҳ иштибоҳ карда буданд. Худи Алӣ онҳоро бароямон хуб таъриф карда, мегӯяд:

لا تقتلوا الخوارج بعدي، فليس من طلب الحق فأخطأه كمن طلب الباطل فأدلاكه

“Баъд аз ман Хавориҷро макушед; зеро касе, ки ба дунболи ҳақ бошад ва ба он нарасад, мисли касе, ки аз аввал ба дунболи ботил бошад ва ба он бирасад нест.” (Наҳҷул-балоға, хутбаи 59) Яъне, муқоиса мекард миёни Хавориҷ ва асҳоби Муовия. Фармуд: баъд аз ман Хавориҷро накушед, инҳо бо асҳоби Муовия хеле фарқ доранд, инҳо дунболи ҳақ ҳастанд, вале аҳмақанд, аммо асҳоби Муовия аз аввал дунболи ботиланд ва ба он ҳам расиданд.

Иншоаллоҳ дар қисмати баъдӣ дар бораи охирин васиятҳои Алӣ сӯҳбат хоҳам кард.

Идома дорад

Previous Post

Диндории ҷоҳилона (1)

Next Post

НИДОИ ФИРДАВСӢ АЗ ТОБУТ.

Related Posts

неъматҳои Худованд
Имон ва ваҳдат

Неъматҳои Худованд

June 27, 2025
Саволи як донишҷӯ
Имон ва ваҳдат

Ёр то ёр аст

June 14, 2025
Бандаи шукргузоре бошам
Имон ва ваҳдат

Бандаи шукргузоре бошам

June 10, 2025
Ҳаркиро завқи дин падид ояд...
Имон ва ваҳдат

Ҳар киро завқи дин падид ояд…

June 10, 2025
Саволи як донишҷӯ
Имон ва ваҳдат

Пурсишу посухҳои маърифатӣ

June 4, 2025
Оятуллоҳ Хоманаӣ
Имон ва ваҳдат

Паёми ваҳдат

May 31, 2025
Next Post
фирдавсӣ

НИДОИ ФИРДАВСӢ АЗ ТОБУТ.

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

April 4, 2023
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
Дин

Дин

December 24, 2022
Қаҳрамонон намемиранд

Қаҳрамонон намемиранд

January 3, 2023
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

0
Тромп: Нетонёҳу дар паи оташбас бо Ҳамос аст

Тромп: Нетонёҳу дар паи оташбас бо Ҳамос аст

June 30, 2025
Ҳооретз: Наздик ба чаҳор дарсади ҷамъияти Ғазза ба қатл расидаанд

Ҳооретз: Наздик ба чаҳор дарсади ҷамъияти Ғазза ба қатл расидаанд

June 30, 2025
Намояндаи Амрико: Ҷулонӣ танаффуре аз Исроил надорад

Намояндаи Амрико: Ҷулонӣ танаффуре аз Исроил надорад

June 30, 2025
Изҳори ҳамдардии тоҷикон дар сафорати Эрон

Изҳори ҳамдардии тоҷикон дар сафорати Эрон

June 30, 2025

Recent News

Тромп: Нетонёҳу дар паи оташбас бо Ҳамос аст

Тромп: Нетонёҳу дар паи оташбас бо Ҳамос аст

June 30, 2025
Ҳооретз: Наздик ба чаҳор дарсади ҷамъияти Ғазза ба қатл расидаанд

Ҳооретз: Наздик ба чаҳор дарсади ҷамъияти Ғазза ба қатл расидаанд

June 30, 2025
Намояндаи Амрико: Ҷулонӣ танаффуре аз Исроил надорад

Намояндаи Амрико: Ҷулонӣ танаффуре аз Исроил надорад

June 30, 2025
Изҳори ҳамдардии тоҷикон дар сафорати Эрон

Изҳори ҳамдардии тоҷикон дар сафорати Эрон

June 30, 2025
Tajnek

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Тромп: Нетонёҳу дар паи оташбас бо Ҳамос аст

Тромп: Нетонёҳу дар паи оташбас бо Ҳамос аст

June 30, 2025
Ҳооретз: Наздик ба чаҳор дарсади ҷамъияти Ғазза ба қатл расидаанд

Ҳооретз: Наздик ба чаҳор дарсади ҷамъияти Ғазза ба қатл расидаанд

June 30, 2025
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved