Маънои тарс аз Худо
Маорифи динӣ
Устод Мутаҳҳарӣ дар тафсири ояте аз сураи Нозиот менӯяд:
وَأَمَّا مَنْ خَافَ مَقَامَ رَبِّهِ
Ва аммо он касе, ки аз мақоми парвардигори худаш битарсад. Ин таъбир хеле маънӣ дорад. “Аз мақоми парвардигор битарсад” яъне чӣ? Ба таври куллӣ, тарс аз Худо чӣ маънӣ дорад? Масалан инсон аз сел метарсад, яъне метарсад дар ҷойе қарор бигирад, ки масири сел аст, чун агар сел омад, инсонро бо худаш мебарад. Инсон аз мору ақраб метарсад, барои ин ки то аз худаш ғофил бишавад, як вақт мебинад мор ё ақраб омад ӯро газид. Инсон аз золим метарасад, чун мумкин аст дар хонаи худаш роҳат хобида бошад, якдафъа золим биёяд молу ҷонашро дар хатар биандозад.
Вале инсон аз Худо, ки метарасад, аз чӣ чизи Худо метарсад? Оё Худо як мавҷуди ваҳшатнок аст алъаёзу биллоҳ? Аз худи Худо бояд тарсид? Худи Худо, ки тарсиданӣ нест, дӯстдоштанӣ аст. Пас аз чӣ чизи Худо бояд тарсид?
Тарс аз Худоро дар ривоёт ва дуоҳо барои мо маънӣ кардаанд:
یا مَنْ لا یُخافُ إِلّا عَدْلُهُ وَلا یُرْجی إِلّا فَضْلُهُ
Эй касе, ки аз ӯ наметарсанд ҷуз аз адли ӯ, яъне мақоми одил буданаш, сифати одил буданаш. Пас шумо агар битарсед, аз золим як ҷур метарсед, аз қонуни одилае агар ҳукмфармо бошад, ҷури дигаре.
Ҳол тарс аз адолат ба чӣ бармегардад? Адолат, ки беҷиҳат инсонро намегирад. Агар инсон хато кунад, адолат инсонро мегирад. Агар хато накунад, ки адолат ба ӯ кор надорад. Пас инсон аз гуноҳ ва хатои худаш метарсад ва дар воқеъ аз худаш метарасад.
Пас тарс аз Худо, дар воқеъ тарс аз мақоми Худост, кадом мақоми Худо? Мақоми адли илоҳӣ. Ба ин ҷиҳат мефармояд:
وَأَمَّا مَنْ خَافَ مَقَامَ رَبِّهِ
(Муртазо Мутаҳҳарӣ, Ошноӣ бо Қуръон)
Тоҷнек




















