Инкори Худову қиёмат натиҷаи амал аст, на натиҷаи фикру эътиқод
Гуфторе аз шаҳид Мутаҳҳарӣ дар тафсири сураи Мутаффифин
وَمَا يُكَذِّبُ بِهِ إِلَّا كُلُّ مُعْتَدٍ أَثِيمٍ. إِذَا تُتْلَى عَلَيْهِ آيَاتُنَا قَالَ أَسَاطِيرُ الْأَوَّلِينَ. كَلَّا بَلْ رَانَ عَلَى قُلُوبِهِم مَّا كَانُوا يَكْسِبُونَ
(“Ва танҳо касоне онро инкор мекунанд, ки таҷовузгари асим (гунаҳкор)-анд; ҳамон кас, ки вақте оёти мо бар ӯ хонда шавад, мегӯяд: “Ин, афсонаҳои пешиниён аст!” Чунин нест, ки онҳо хаёл мекунанд, балки амалҳояшон чун зангоре бар дилҳояшон нишаста.” (Сураи Мутаффифин, оятҳои 12-14))
Ин чаҳор оят маҷмӯан матлаберо баён мефармояд, ки ҷузъи усули маорифи Қуръон аст ва дар оёти зиёде омадааст ва он ин аст, ки: такзибҳо ва тасдиқҳо ҳамеша решаи фикрӣ ва эътиқодӣ надорад.
Инсон хаёл мекунад, ки такзиб ва тасдиқаш ҳамеша решаи фикрӣ ва эътиқодии маҳз дорад, яъне агар ба чизе гароиш дорад, қаблан фикр карда ва мисли як масъалаи риёзӣ натиҷагирӣ карда, ки инчунин аст ва агар рад мекунад, қаблан дуруст ва бетарафона фикр карда ва дида, ки наметавонад қабул кунад ва баъд рад карда.
Дар сурате, ки ин тавр нест. Ва гоҳе – балки ғолибан – ин гуна аст, ки инсон аввал гароиш пайдо мекунад ва баъд барояш мантиқе месозад. (Ин нуктаи хеле асосӣ аст.) Яъне бисёре аз ҳарфҳои инсон тавҷеҳоте аст, ки ба сурати ақида баён мешавад ва дар воқеъ ақида нест, балки мехоҳад худашро тавҷеҳ кунад ва барои вазъи худаш тавҷеҳе дуруст кунад.
Қуръон мефармояд: аъмоли инсон рӯйи руҳу фикри инсон асар мегузорад, ба ин маъно, ки амали хайр ва амали солеҳ инсонро равшантар ва бинотар мекунад ва амали шарр инсонро кӯртар мекунад. Ин ҳамон масъалаи “нақши амал дар сохтани инсон” аст. Мегӯянд: “Инсон корро месозад ва кор инсонро месозад.” Ин агарчӣ фалсафае аст, ки ҷадидан ба ин иборат даромадааст, вале ба як маънои васеътар ва дақиқтар ва ба як маънои маънавӣ ва руҳонӣ ва ирфонӣ, ҳақиқате аст, ки Қуръон зикр кардааст, ки амали инсон инсонро месозад ончунон, ки он амал иқтизо мекунад.
Ин матлаб дар ривоёт ба ин сурат баён шуда, ки дар қалби инсон нуқтаи сафеде аст, ки агар инсон кори хайре бикунад, он нуқтаи сафед бештар мешавад ва ҳар чи бештар дунболи кори хайр биравад, бар он рӯшноӣ афзуда мешавад, то ҷойе, ки мумкин аст дили инсон якпорча рӯшноӣ ва нуроният шавад. Ва агар амали шарр ва гуноҳ аз инсон сар бизанад, дар он сафедӣ як нуқтаи сиёҳ пайдо мешавад ва ҳар чи гуноҳ такрор шавад, бар ин сиёҳӣ афзуда мешавад, то ҷойе, ки мумкин аст аз он сафедӣ асар ва нишонае боқӣ намонад.
Дар ин ҷо Қуръон таъсири амали шарр ва гуноҳ бар рӯйи инсонро ташбеҳ кардааст ба зангоре, ки бар рӯйи филизоте мисли оҳан менишинад ва онро зангзада мекунад ба тавре, ки дигар коре аз он барнамеояд. Таъбири Қуръон ин аст, ки баъзе дилҳо, дилҳои зангзада ҳастанд мисли шамшере, ки муддатҳо зери хок монда ва занг зада ва барои ин ки ба ҳоли аввалаш баргардад, бояд онро дар оташ бигузоранд ва сайқал диҳанд.
Қуръон мегӯяд: ҳар касе, ки амал ӯро фосид кард, фикраш ҳам дар мавриди қиёмат фосид мешавад; чун баъд аз ин ки амал ӯро фосид кард, фикр мекунад, ки оё қиёмате ҳаст ё нест. Агар қиёмате бошад, худаш ғайриқобили тавҷеҳ мешавад ва баъд, ки худаш ғайриқобили тавҷеҳ шуд, ин васваса барояш пайдо мешавад, ки аз куҷо маълум қиёмате вуҷуд дошта бошад?! Чӣ касе рафта аз он дунё хабар оварда?! На! Ин ҳарфҳо рост нест!
Ин ҷо Қуръон аввал мефармояд:
وَمَا يُكَذِّبُ بِهِ إِلَّا كُلُّ مُعْتَدٍ أَثِيمٍ
Мехоҳад бигӯяд: ҳар фитрати поке гувоҳӣ медиҳад, ки як ҳақиқате ҳаст, пас чӣ касе инро, ки ҳақиқате ҳаст такзиб мекунад? Такзиб намекунад инро магар ҳар мутаҷовизи бисёр асиме (гуноҳкоре). Ҳол ба чӣ иборат ва баёне такзиби худашонро тавҷеҳ мекунанд? Онҳо мегӯянд: инҳо афсонаҳое аст, ки гузаштагон гуфтаанд ва равшанфикрони имрӯз ин ҳарфҳоро қабул надоранд. (1) Таъбири Қуръон ин аст:
إِذَا تُتْلَى عَلَيْهِ آيَاتُنَا قَالَ أَسَاطِيرُ الْأَوَّلِينَ
Вақте, ки оёти мо бар онҳо тиловат мешавад, мегӯянд: инҳо афсона ва хурофа (2) аст, инҳо устураҳое аст, ки гузаштагон сохтаанд.
كَلَّا بَلْ رَانَ عَلَى قُلُوبِهِم مَّا كَانُوا يَكْسِبُونَ
Мефармояд: ин забони фикр ва фитрати ту нест, ки ин ҳарфро мезанад, ин забони он гуноҳоне аст, ки асараш рӯйи қалби ту нишаста; ин ту нестӣ, ки ин ҳарфро мезанӣ, он гуноҳони мутарокимшуда дар руҳи туст, ки ин ҳарфро мезанад…”
* * *
(1) Мардуми ҳар замоне худашонро равшанфикртарин мардуми дунё ҳисоб мекунанд ва мегӯянд: гузаштагон хурофӣ будаанд ва чизе намедонистаанд.
(2) Иттифоқан айни ин таъбир “хурофа” дар зайли ояти каримаи –
وَضَرَبَ لَنَا مَثَلًا وَنَسِيَ خَلْقَهُ ۖ قَالَ مَنْ يُحْيِي الْعِظَامَ وَهِيَ رَمِيمٌ
(Ёсин/78), ки Қуръон достони он марди қураширо нақл мекунад зикр шудааст. Қуръон мегӯяд: “Барои мо як масал зада”. Он мард рафт аз қабристон устухони пӯсидаеро пайдо кард ва омад дар муқобили пайғамбари акрам истод ва он устухони пӯсидаро пудр ва дар ҳаво фут кард, баъд гуфт: кист, ки битавонад ин устухони пӯсидаро зинда кунад?! Қуръон ҷавоб дод: “Ҳамон касе, ки аввал бор ӯро халқ кард ва ба вуҷуд овард.” (Ту бо миқёси қудрати худат қазоёро дар назар мегирӣ.) Дар бораи ҳамин одам навиштаанд, ки ба хона рафт ва ба занаш хитоб кард ва гуфт:
أَأَتْرُکُ لَذَّةَ الصَّهْباءِ یَوْماً لِما وَعَدوهُ مِنْ لَبَنٍ وَخَمْر
Оё ман лаззати ҷому бодаро раҳо кунам ба хотири ваъдаи биҳишт ва ширу хамри биҳиштӣ?!
حَیاةٌ ثُمَّ مَوْتٌ ثُمَّ حَشْرٌحَدیثُ خُرافَةٍ یا أُمَّ عَمْروٍ
Инҳо чист, ки мегӯянд зиндагӣ ва баъд мурдан ва баъд маҳшур шудан?! Инҳо хурофот аст, эй Умми Амр! (Умми Амр зани ӯст, ки мухотабаш дар ин шеър аст)”.
(Муртазо Мутаҳҳарӣ, Ошноӣ бо Қуръон)
Тоҷнек




















