• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Мавзӯоти доғ

Нақши дин дар устуворсозии хонавода

August 5, 2025
in Мавзӯоти доғ
0
китоб

китоб

0
SHARES
8
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Нақши дин дар устуворсозии хонавода

Хонаҳоямонро бо савти Қуръон нуронӣ кунем

Дар хонаводаҳое, ки зану мард ба фароизи динӣ ва масоили шаръӣ пойбандӣ доранд, ба хотири диндорӣ дар ҳеч замоне ба якдигар зулм намекунанд.

Яке аз авомили муҳим дар таҳкиму устувории равобити зану мард, эътиқодот ва пойбандии ҳар ду ба масоили динӣ, шаръӣ ва аҳкоми муқаддаси ислом аст.

Бинобар ин вақте ҳазрати Фотима(а) бо ҳазрати Алӣ(а) издивоҷ карданд ва Паёмбари Акрам(с) рӯзи баъд аз арӯсӣ ба дидори духтарашон рафтанд ва суол карданд, ки духтарам ҳамсаратро чӣ гуна ёфтӣ? Ҳазрати Фотима(а) гуфтанд: Ӯ беҳтарин ҳамсар аст.

Ҳамин саволро аз домодашон ҳазрати Алӣ(а) низ пурсиданд ва посух шуниданд: Ӯ беҳтарин кӯмакдиҳанда дар итоати Худо аст.

Дар хонаводаҳое, ки зану мард ба фароизи динӣ ва масоили шаръӣ пойбандӣ доранд, ба хотири диндорӣ дар ҳеч замоне ба якдигар зулм намекунанд.

Дар ривоят омадааст: “Марде бо зане ба хотири диндориаш издивоҷ кунад, Худои Мутаол ба ӯ хайру ҷамолу камол ато хоҳад намуд”.

Аз Имом Алӣ(а) нақл шудааст, ки марде хидмати Паёмбари Акрам(с) омад ва суол кард: Эй Расули Худо, назари шумо дар бораи издивоҷ чист?

Ҳазрат фармуданд: Супориш мекунам ҳамсари диндореро баргузинӣ!

Бидуни тардид, аз муҳимтарин авомили пайванди пойдори издивоҷи муваффақ ва зиндагии ором, ҳамоҳангии бинишҳо ва боварҳои динӣ ва пойбандии амалии зану шавҳар ба арзишҳо ва фароизи шаръӣ аст. Бар ҳамин асос, мардону занони худобовар ва покандеш дар орзуи доштани ҳамсари мӯъмин ва нексират ва омил ба арзишҳои қуръонӣ ҳастанд. Чунин гароише дар амри издивоҷ бархоста аз ниҳоди пок ва фитрати камолҷӯи инсон аст ва аз ҳамин рӯ, ки Худованди Мутаол беҳтарин издивоҷро васлати покон ва муттақиён бо якдигар медонад ва дар сураи Нур, ояти 26 мефармояд: “Занони пок аз они мардони пок ва мардони пок аз они занони поканд”.

Хислатҳои поки башарӣ ношӣ аз худобоварӣ ва тақвопешагӣ аст ва тақвопешагӣ низ ҳосили тавҳиду маодандешӣ аст. Ба баёни дигар, дар назди занону мардони полкдил, арзишмандтарин меъёр барои интихоби ҳамсари ҳамроҳ ва ҳамдили нексиришт, худопарастӣ ва маодбоварист ва ин хасоис аз гаронқадртарин ва пойдортарин ҷозибаҳо дар зиндагии муштараки зану шавҳар аст.

Муҳаббат ва ишқу алоқа дар сояи имон ба Худо ҳосил мегардад. Зебоӣ, пул ва имконоти моддӣ ва мақому манзалат муҳаббат эҷод намекунад, балки Худованд барои зане, ки афиф, покдоман, мутадаййин ва тақвопеша бошад, заминае бавуҷуд меоварад, ки шавҳараш ӯро дӯст бидорад ва мутақобилан барои марди мутадаййин, ботақво ва динбовар, мутааҳҳид ва покдоман, ки чашми худро аз номаҳрам бипӯшонад, Худованд коре мекунад, ки ҳамсараш ӯро дӯст дошта бошад. Гуноҳ ва бетақвоӣ омили танаффур аст.

Худованд мефармояд: “Дурӣ аз ёд ва зикри Худо, зиндагиро бар инсон сахт мекунад”. (Сураи Тоҳо, ояти 134).

Аз тарафе, имон ба Худо ва тақвои илоҳӣ ва амали солеҳ эҷоди муҳаббат менамояд: “Бадурустӣ ки касоне, ки имон ба Худо меоваранд ва амали солеҳ анҷом медиҳанд, Худо ононро назди мардум маҳбуб қарор медиҳад”. (Сураи Марям, ояти 96).

Зану марде, ки дар муҳити хонавода ба арзишҳои ахлоқӣ ва динӣ пойбандӣ доранд ва ба намози аввали вақт аҳамият дода ва аҳли дуо ва муноҷот бо Худо ҳастанд ва мураттаб Қуръон қироат мекунанд, ҳазрати ҳақ нисбат ба онҳо инояти хоссе дорад. Аммо хонаводаҳое, ки зану мард пойбандӣ ба усули динӣ ва арзишҳои ахлоқӣ надоранд ва ба хушиҳои зудгузар худро саргарм намудаанд, рӯи хушӣ ва сиҳҳати воқеиро намебинанд, бинобар ин, яке аз авомили таҳкиму устувории хонавода имон ба Худо ва диндории  зану мард аст.

Тоҷнек 

Source: Нақши дин дар устуворсозии хонавода
Via: Нақши дин дар устуворсозии хонавода
Tags: Нақши дин дар устуворсозии хонавода
Previous Post

Сармашқҳои зиндагӣ

Next Post

Ҷазираи сабз

Related Posts

Омодагии Эрон барои идомаи ҷанг
Мавзӯоти доғ

Омодагии Эрон барои идомаи ҷанг

April 22, 2026
Қадрдонии фармондеҳи CENTCOM аз кишварҳои арабӣ бобати ҷанг бо Эрон
Мавзӯоти доғ

Қадрдонии фармондеҳи CENTCOM аз кишварҳои арабӣ бобати ҷанг бо Эрон

April 18, 2026
Ҳеч киштии омрикоӣ аз тангаи Ҳурмуз убур накардааст
Мавзӯоти доғ

Тангаи Ҳурмуз тавассути Сипоҳи Эрон баста шуд

April 18, 2026
Нафиса Кӯҳнавард: Кулли минтақа таҳти таъсири фишорҳои ҳамалоти Эрон аст
Мавзӯоти доғ

Хабарнигори аршади ВВС: Оташбаси Лубнон ҳосили фишори Эрон буд

April 18, 2026
Аз нигоҳи Теҳрон ҷанг танҳо бо барқарор шудани боздорандагии ҷадид поён меёбад
Мавзӯоти доғ

Wall Street Journal: Музокирот бо Эрон эҳтимолан рӯзи душанбе дар Покистон аст

April 18, 2026
Қолибоф: Ҷанги кӯтоҳмуддате нахоҳем дошт
Мавзӯоти доғ

Қолибоф: Тамоми иддаоҳои Тромп дар мавриди музокирот дурӯғ аст!

April 18, 2026
Next Post
Ҷазираи сабз

Ҷазираи сабз

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

February 7, 2026
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
Рози аслии муваффақият

Кори имрӯзаро ба фардо магузор

August 13, 2025
Дин

Дин

December 24, 2022
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Вазъияти номаълуми Натонёҳу

Вазъияти номаълуми Натонёҳу

1
Омодагии Эрон барои идомаи ҷанг

Омодагии Эрон барои идомаи ҷанг

April 22, 2026
Қадрдонии фармондеҳи CENTCOM аз кишварҳои арабӣ бобати ҷанг бо Эрон

Қадрдонии фармондеҳи CENTCOM аз кишварҳои арабӣ бобати ҷанг бо Эрон

April 18, 2026
Ҳеч киштии омрикоӣ аз тангаи Ҳурмуз убур накардааст

Тангаи Ҳурмуз тавассути Сипоҳи Эрон баста шуд

April 18, 2026
Нафиса Кӯҳнавард: Кулли минтақа таҳти таъсири фишорҳои ҳамалоти Эрон аст

Хабарнигори аршади ВВС: Оташбаси Лубнон ҳосили фишори Эрон буд

April 18, 2026

Recent News

Омодагии Эрон барои идомаи ҷанг

Омодагии Эрон барои идомаи ҷанг

April 22, 2026
Қадрдонии фармондеҳи CENTCOM аз кишварҳои арабӣ бобати ҷанг бо Эрон

Қадрдонии фармондеҳи CENTCOM аз кишварҳои арабӣ бобати ҷанг бо Эрон

April 18, 2026
Ҳеч киштии омрикоӣ аз тангаи Ҳурмуз убур накардааст

Тангаи Ҳурмуз тавассути Сипоҳи Эрон баста шуд

April 18, 2026
Нафиса Кӯҳнавард: Кулли минтақа таҳти таъсири фишорҳои ҳамалоти Эрон аст

Хабарнигори аршади ВВС: Оташбаси Лубнон ҳосили фишори Эрон буд

April 18, 2026
Tajnek

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Омодагии Эрон барои идомаи ҷанг

Омодагии Эрон барои идомаи ҷанг

April 22, 2026
Қадрдонии фармондеҳи CENTCOM аз кишварҳои арабӣ бобати ҷанг бо Эрон

Қадрдонии фармондеҳи CENTCOM аз кишварҳои арабӣ бобати ҷанг бо Эрон

April 18, 2026
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved