Тромп: Мо тангаи Ҳурмузро дар ихтиёр дорем
Ахбори байналмилал
Боз як иддаои ҷадиди Тромп: “Мо контроли комили тангаи Ҳурмузро дар даст дорем”
Раиси ҷумҳури Омрико зимни тарҳи иддаоҳои қадими худ, бо интишори паёме дигар дар Truth Social навишт:
“Мо контроли комили тангаи Ҳурмузро дар даст дорем.
Ҳеч киштӣ наметавонад бидуни таъйиди нерӯи дарёии Иёлоти муттаҳида ворид ё хориҷ шавад.
Танга “комилан баста” аст, то замоне, ки Эрон битавонад ба тавофуқ бирасад”.
Ин дар ҳолест, ки расонаҳои ғарбӣ иттилоъ додаанд, 34 киштии тиҷории вобаста ба Эрон, аз тангаи Ҳурмуз гузашта ва ба сӯи мақсад рафтаанд.
Тоҷнек



















