• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Ниёгони гузаштаи мо

Имом Ризо (а) ба ривояти аҳли суннат

May 3, 2026
in Ниёгони гузаштаи мо
0
Имом Ризо (а) ба ривояти аҳли суннат

Имом Ризо (а) ба ривояти аҳли суннат

0
SHARES
18
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Имом Ризо (а) ба ривояти аҳли суннат

Таърихи дурахшони ислом ва муслимин

Алӣ ибни Мӯсо мулаққаб ба Ризо ва Абулҳасан — ки мусалмонони шиъа ӯро ҳаштумин имоми худ медонанд – дар 11 зилқаъдаи соли 148 ҳиҷрии қамарӣ дар Мадинаи Мунаввара мутаваллид ва дар соли 203 ҳиҷрии қамарӣ дар Тӯс (Машҳади кунунӣ) ба дасти Маъмуни Аббосӣ ба шаҳодат расидааст. Дар ин ҷустор, ин шахсияти исломӣ аз назари уламо ва донишмандони аҳли суннат мавриди баррасӣ қарор мегирад.

  1. Маҷдуддин ибни Асири Ҷазарӣ (606 ҳ.қ.) мегӯяд:

هو أبو الحسن، علي بن موسى بن جَعْفَر بن محمد بن علي بن الحسين بن علي بن أبي طالب الهاشمي، المعروف بالرِّضا… وإِليه انتهت إِمامة الشِّيعة في زمانه. وفضائله أكثر من أن تُحْصى، رحمة الله عليه ورضوانه

”Ӯ, Абулҳасан Алӣ ибни Мӯсо ибни Ҷаъфар ибни Муҳаммад ибни Алӣ ибни Ҳусайн ибни Алӣ ибни Абӯтолиби Ҳошимӣ аст, маъруф ба Ризо… Имомати шиъа дар замони Алӣ ибни Мӯсо ба эшон мунтаҳӣ мешуд, фазоили вай қобили шумориш нест. Раҳмат ва ризвони Худо бар вай!”

(Ҷомеъул-усул, Ибни Асири Ҷазарӣ, ба нақл аз Ал-мактаба аш-шомила, 12/715)

((https://shamela.ws/book/25800/11890))

  1. Дар “Таҳзибут-таҳзиб” ба нақл аз Ҳоким омадааст:

سمعت أبا بكر محمد بن المؤمل بن الحسن بن عيسى يقول خرجنا مع امام أهل الحديث أبي بكر بن خزيمة وعديله أبي علي الثقفي مع جماعة من مشائخنا وهم إذ ذاك متوافرون إلى زيارة قبر علي بن موسى الرضى بطوس قال فرأيت من تعظيمه يعنى ابن خزيمة لتلك البقعة وتواضعه لها وتضرعه عندها ما تحيرنا

“Аз Абӯбакр Муҳаммад ибни Муаммил шунидам, ки гуфт: рӯзе бо пешвои аҳли ҳадис Абӯбакр ибни Хузайма ва дӯсташ Абуалии Сақафӣ ва дигар машойихамон ба зиёрати қабри Алӣ ибни Мӯсо (Имом Ризо) ба Тӯс (Машҳади имрӯза) рафтем. Онҳо ба зиёрати қабри эшон бисёр мерафтанд. Муҳаммад ибни Муаммил мегӯяд: эҳтиром ва таъзим ва тавозӯъ ва гиряву зории Ибни Хузайма назди қабри Алӣ ибни Мӯсо ҳамагиро шигифтзада карда буд…”

(Таҳзибут-таҳзиб, ба нақл аз Ал-мактаба аш-шомила, 3/195)

https://shamela.ws/book/1293/1525

Ибни Хузайма назди аҳли ҳадис ҷойгоҳи вижае дорад; ба гунае ки аз вай ба унвонҳое чун: Шайхул-ислом, Имомул-аъимма, Ҳофиз, Ҳуҷҷат, Фақеҳ, Беназир, Зиндакунандаи суннати Расули Худо таъбир кардаанд ва ӯ дар илми ҳадис ва фиқҳ зарбулмасал буд. (Сияру аъломин-нубало, Шамсуддини Заҳабӣ, ҷ.14, с.365 ва 377)

Дар мавриди Абуалии Сақафӣ низ, ки аз наводагони Ҳаҷҷоҷ ибни Юсуф аст, таъбирҳое чун: Имом, Муҳаддис, Фақеҳ, Аллома, Шайхи Хуросон, Мударриси фиқҳи шофеӣ дар Хуросон, Имом дар аксари улуми шаръӣ, Ҳуҷҷати Худо бар халқ дар даврони худаш ба кор рафта, ки нишондиҳандаи аҳаммият ва ҷойгоҳи ин шахсият аст. (Сияру аъломин-нубало, ҷ.15, с.280 ва 282)

  1. Ибни Ҳаббон (354 ҳ.қ.) мегӯяд:

قد زرته مرارا كثيرة وما حلت بي شدة في وقت مقامى بطوس فزرت قبر على بن موسى الرضا صلوات الله على جده وعليه ودعوت الله إزالتها عنى إلا أستجيب لي وزالت عنى تلك الشدة وهذا شيء جربته مرارا فوجدته كذلك أماتنا الله على محبة المصطفى وأهل بيته صلى الله عليه و سلم الله عليه وعليهم أجمعين

“Ман чандин дафъа қабри эшон (Имом Ризо)-ро зиёрат кардаам. Замоне, ки дар Тӯс будам, ҳар вақт мушкиле бароям рух медод, қабри Алӣ ибни Мӯсо Ризоро — ки дуруди Худо бар ҷаддаш ва худаш бод! — зиёрат мекардам ва барои бартараф шудани мушкилам Худоро дуо мекардам ва дуоям мустаҷоб ва мушкилам низ ҳал мешуд. Ин корро чандин бор таҷриба кардам ва ҷавоб гирифтам. Худованд моро бар муҳаббати Мустафо (а) ва Аҳли Байташ — ки дуруди Худо бар ӯ ва Аҳли Байташ бод! — бимиронад.”

(Сиқоти Ибни Ҳаббон, ба нақл аз Ал-мактаба аш-шомила, 8/457)

https://shamela.ws/book/5816/3735

Ибни Ҳаббон низ аз бузургони аҳли суннат аст ва ҷойгоҳи волое дорад; ба гунае ки аз вай ба унвонҳое чун: Имом, Аллома, Ҳофиз, Шайхи Хуросон, яке аз устувонаҳои илм дар фиқҳ ва луғат ва ҳадис, ва аз уқалои риҷол таъбир кардаанд. (Сияру аъломин-нубало, ҷ.16, с.92)

Шоиста аст ин навишторро бо шеъре аз Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ дар васфи Имом Ризо ба поён бирасонем:

Саломун ало Оли Тоҳо ва Ёсин

Саломун ало Оли хайриннабийин

Саломун ало равзатин ҳалла фиҳо

Имомун юбоҳӣ биҳил-мулку вад-дин

Имоми ба ҳақ шоҳи мутлақ, ки омад

Ҳарими дараш қиблагоҳи салотин

Шаҳи кохи ирфон, гули боғи эҳсон

Дури дурҷи имон, маҳи бурҷи тамкин

Алӣ ибни Мӯсар-Ризо, к-аз Худояш

Ризо шуд лақаб чун ризо будаш ойин

Зи фазлу шараф бинӣ ӯро ҷаҳоне

Агар набвадат тира чашми ҷаҳонбин

Пайи атри рӯбанди ҳурони ҷаннат

Ғубори диёраш ба гесӯи мишкин

Агар хоҳӣ орӣ ба каф домани ӯ

Бирав доман аз ҳарчӣ ҷуз ӯст дарчин

Чу Ҷомӣ чашад лаззати теғи меҳраш

Чӣ ғам гар мухолиф кашад ханҷари кин.

(istaravshani.com)

Тоҷнек

Source: Имом Ризо (а) ба ривояти аҳли суннат
Via: Имом Ризо (а) ба ривояти аҳли суннат
Tags: Имом Ризо (а) ба ривояти аҳли суннат
Previous Post

Ахлоқи некӯи Паёмбари Акрам(с)

Next Post

Даҳ сол зиндон барои хабарнигори баҳрайнӣ

Related Posts

Саидуддини Фарғонӣ
Ниёгони гузаштаи мо

Саидуддини Фарғонӣ

February 10, 2026
Ниёиш
Ниёгони гузаштаи мо

Мутафаккири бедор

February 9, 2026
Мирзо Улуғбек
Ниёгони гузаштаи мо

Мирзо Улуғбек

February 7, 2026
Охирин васияти Амиралмӯъминин
Ниёгони гузаштаи мо

Охирин васияти Амиралмӯъминин

February 7, 2026
Дониши Ғаззолӣ
Ниёгони гузаштаи мо

Дониши Ғаззолӣ

February 3, 2026
Охирин васияти Амиралмӯъминин
Мавзӯоти доғ

Ҳикматнома

January 3, 2026
Next Post
Даҳ сол зиндон барои хабарнигори баҳрайнӣ

Даҳ сол зиндон барои хабарнигори баҳрайнӣ

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

February 7, 2026
Рози аслии муваффақият

Кори имрӯзаро ба фардо магузор

August 13, 2025
Дин

Дин

December 24, 2022
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Вазъияти номаълуми Натонёҳу

Вазъияти номаълуми Натонёҳу

1
Оташсӯзӣ дар нови омрикоӣ

Оташсӯзӣ дар нови омрикоӣ

May 3, 2026
Қолибоф: Ҷанги кӯтоҳмуддате нахоҳем дошт

Кинояи Қолибоф ба Ҳегсет: “Дар муҳосираи Эрони бо ин вусъат муваффақ бошед!”

May 3, 2026
Сайфулло Муллоҷон

Як ҳикояти таърихӣ аз рӯзгори хушомадгӯён ва чоплусон

May 3, 2026
Ҳамалоти пайдарпаи Ҳизбуллоҳ ба шимоли Исроил

Нотавонии артиши Исроил дар баробари қудрати Ҳизбуллоҳ

May 3, 2026

Recent News

Оташсӯзӣ дар нови омрикоӣ

Оташсӯзӣ дар нови омрикоӣ

May 3, 2026
Қолибоф: Ҷанги кӯтоҳмуддате нахоҳем дошт

Кинояи Қолибоф ба Ҳегсет: “Дар муҳосираи Эрони бо ин вусъат муваффақ бошед!”

May 3, 2026
Сайфулло Муллоҷон

Як ҳикояти таърихӣ аз рӯзгори хушомадгӯён ва чоплусон

May 3, 2026
Ҳамалоти пайдарпаи Ҳизбуллоҳ ба шимоли Исроил

Нотавонии артиши Исроил дар баробари қудрати Ҳизбуллоҳ

May 3, 2026
Tajnek

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Оташсӯзӣ дар нови омрикоӣ

Оташсӯзӣ дар нови омрикоӣ

May 3, 2026
Қолибоф: Ҷанги кӯтоҳмуддате нахоҳем дошт

Кинояи Қолибоф ба Ҳегсет: “Дар муҳосираи Эрони бо ин вусъат муваффақ бошед!”

May 3, 2026
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved