Сет Моултон: Дар ҳоли бохтан ба Эрон ҳастем!
Баҳсу кашмакаши намояндаи Конгресс ва фармондеҳи CENTCOM: “Дар ҳоли бохтан ба Эрон ҳастем”
Ахбори байналмилал
Сет Моултон, намояндаи Кунгураи Омрико, бо Брэд Купер, фармондеҳи CENTCOM баҳсаш шуд.
Моултон хитоб ба Купер гуфт: “Барномаи феълиатон барои пирӯзии воқеӣ дар ин ҷанг чист? Чун ба назар мерасад, ки мо дар ҳоли бохтан ҳастем; на тавофуқи ҳастаӣ дорем, на тангаи Ҳурмуз боз аст ва раиси ҷумҳур ҳам хостори таслими бе қайду шарт шуда. Оё ин бахше аз барнома аст?”
Фармондеҳи CENTCOM посух дод: “Мо ба тамоми аҳдофи низомии худ даст ёфтаем. Дар ҳоли ҳозир дар оташбас ҳастем ва як муҳосираро иҷро мекунем”.
Моултон дар посух гуфт: “Ба назар намерасад авзоъ хуб пеш биравад ва ман моилам бидонам чӣ теъдод омрикоии дигарро бояд қурбонӣ кунем ва аз онҳо бихоҳем барои ин иштибоҳ ҷони худро фидо кунанд?”
Купер гуфт: “Ман фикр мекунам, ин изҳори назари шумо комилан беҷо ва номуносиб аст”.
Тоҷнек



















