• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Мавзӯоти доғ

Санади шикасти Амрико

June 20, 2026
in Мавзӯоти доғ
0
Санади шикасти Амрико

Санади шикасти Амрико

0
SHARES
13
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Санади шикасти Амрико

Таҳлиле аз Томас Фридман дар New York Times

Тромп дар тавофуқ бо Эрон манофеи шахсии худро бар ҳама чиз муқаддам медонад

Бетардид, ин тавофуқи аввалия миёни Иёлоти Муттаҳида ва Эрон бояд барои раисиҷумҳури омрикоӣ, ки аз дунёи муомилоти милкӣ омада, ошно ба назар расида бошад. Дар ниҳоят, матни ин тавофуқ бештар шабеҳи як изҳорномаи варшикастагӣ дар ҳавзаи амлок аст; санаде, ки маъное ҷуз таслими молӣ надорад.

Ин ки Эрон то чӣ андоза Тромпро дар тангно қарор дода ва чӣ гуна ӯро ба таври комил мағлуб карда, аз суханони Муҳаммадбоқири Қолибоф, музокиракунандаи аршади Эрон, пас аз эъломи ҷузъиёти тавофуқ ошкор аст. Ӯ дар гуфтугӯ бо телевизиони давлатии Эрон гуфт: “Ин тавофуқ, санади шикасти Омрикост. Мардум онро хоҳанд дид ва қазоват хоҳанд кард.”

Барои фаҳми он чи рух дода, ниёзе ба коршиноси сиёсати хориҷӣ будан нест; кофист сиёсати дохилии Омрикоро бишносед. Тромп Исроилро – муттаҳиди Омрико дар ин ҷанг ва ҳамчунин кишварҳои арабии ҳошияи халиҷи Форсро фидои иёлатҳои сарнавиштсози Пенсилвания, Ҷорҷия ва Мичиган кард. Ӯ медонист, ки таварруми маводди ғизоӣ ва афзоиши баҳои бензини ношӣ аз ин ҷанг, нусхае барои шикасти ҷумҳурихоҳон дар интихоботи миёндавраӣ аст. Ӯ ночор буд ҳар чи сареътар ба ҷанг поён диҳад, то қиматҳо то моҳи ноябр коҳиш ёбад; зеро агар демукротҳо контроли Маҷлиси намояндагон ва Сеноро ба даст бигиранд, Тромп бо силсилае бепоён аз таҳқиқот дар бораи чигунагии истифодааш аз раёсати ҷумҳурӣ барои сарватманд кардани худ ва хонаводааш – ва ҳатто эҳтимоли истизоҳ – рӯ ба рӯ хоҳад шуд.

Бинобар ин, Тромп ҳамон кореро кард, ки ҳамеша анҷом медиҳад: ҳамаи усул ва ҳамаи муттаҳидонро канор гузошт ва манофеъи шахсии худро бар ҳар мулоҳизаи дигаре тарҷеҳ дод.

Ӯ ҳатто заминаро барои қурбонӣ кардани муовини худ, Ҷ. Д. Вэнс низ омода кард. Тромп гуфт: “Агар ҳама чиз хуб пеш баравад, эътиборашро ба номи худам сабт мекунам; агар шикаст бихӯрад, тақсирро гардани Вэнс меандозам. Бояд мувозиб бошӣ, Вэнс!” Мардум хандиданд, аммо бо изтироб; зеро ҳама медонистанд ки ин ҳарф, ҳам шӯхӣ буд ва ҳам шӯхӣ набуд. Ин садои дарунии Тромп буд, ки сухан мегуфт.

Ман ҳаргиз тарафдори ин ҷанг набудам, аммо вақте оғоз шуд, умедвор будам Эрон шикаст бихӯрад. Аз ин рӯ, аз натиҷае, ки то кунун ҳосил шуда, шока шудаам; аз мизони бераҳмӣ ва фурсатталабии Тромп ва Вэнс; онҳо, аз маҳкум кардани Эрон ва даъвати мардумаш ба эътирозоти хиёбонӣ бо ин ваъда, ки “кӯмак дар роҳ аст”, ба ситоиши раҳбарони Ҷумҳурии Исломӣ расидаанд ва аз ин ки ин тавофуқ, Эронро қудратмандтар ва ҳамаи ҳамсоягонашро дар баробари хостаҳои Теҳрон осебпазиртар кардааст.

Агар Тромп ҳатто як бор ҳамон мизон ҳамдилӣ ва даркро нисбат ба Борок Убомо нишон дода буд, ё дастикам мепазируфт, ки натавониста ваъдаҳои худро дар бораи мардуми Эрон амалӣ кунад, шояд бо наҳваи пурстресси мудирияти ӯ бар масъалаи печидаи Эрон ҳамдилии бештаре доштам. Аммо ӯ ҳамчунон вонамуд мекунад, ки ҳар иқдоме, ки анҷом дода, бенақс будааст.

Биёед бибинем ин тавофуқ аз чӣ ҷиҳоте бенақс нест. Ин тавофуқ на танҳо таъйини таклифи захоири ураниуми наздик ба дараҷаи таслеҳотии Эронро ба музокироти оянда мавкул карда – музокироте, ки давлати Тромп пешопеш аҳруми низомии худро дар он аз даст додааст – балки муҳимтар аз ҳама, ба равшанӣ ин эҳтимолро боз гузошта, ки Эрон дар оянда битавонад аз киштиҳое, ки хоҳони убур аз тангаи Ҳурмуз ҳастанд, авориз дарёфт кунад.

Кофист матни тавофуқи оташбасро бихонед. Дар он омадааст: “Бо имзои ин ёддошти тафоҳум, Ҷумҳурии Исломии Эрон ниҳояти талоши худро барои таъмини убури эмани киштиҳои тиҷорӣ, бидуни дарёфти ҳеч гуна авориз, танҳо барои муддати 60 рӯз ба кор хоҳад гирифт…”

Пас аз миллиардҳо доллар бомбе, ки бар сари Эрон рехта шуд, Стив Витткофф ва Ҷаред Кушнер тавонистанд аз Теҳрон фақат 60 рӯз убури ройгон аз тангаи Ҳурмуз бигиранд. Пас аз он, нохудои нафткашҳо беҳтар аст кортҳои эътибории худро омода кунанд. Худоро шукр, ки ин муомилагарони нобиғаи ҳавзаи амлок масъули музокирот буданд, на диплумотҳои ба гумони онон заъиф ва тарсу.

Тавофуқи оташбас на танҳо ҳеч ишорае ба таъаҳҳудоти Эрон барои маҳори тавсиъаи мушакҳои дурбурд ё маҳдуд кардани ҳимоят аз муттаҳидини минтақаӣ надорад, балки идомаи музокироти 60-рӯза дар бораи ояндаи барномаи ҳастаии Эронро низ машрут ба таваққуфи амалиёти низомии Исроил алайҳи Ҳизбуллоҳ кардааст. Агар Борок Убомо бо чунин чизе мувофиқат карда буд, шабакаи Fox News барномаҳои оддии худро қатъ мекард, то онро маҳкум кунад.

Тамоми ин вазъият натиҷаи он аст, ки Тромп ва Бенёмин Натонёҳу ҳаргиз ин эҳтимоли бадеҳиро ҷиддӣ нагирифтанд, ки Эрон дар посух ба ҳамлаи онҳо, тангаи Ҳурмузро бибандад. Бинобар ин, дар талош барои ҷилавгирӣ аз дастёбии Эрон ба силоҳи атомӣ, ки баъид буд ҳаргиз аз он истифода кунад зеро Исроил билофосила силоҳи мушобеҳеро алайҳи Эрон ба кор мегирифт – Тромп ва Натонёҳу Эронро ба самти тавсиъаи “силоҳи ихтилоли густарда” савқ доданд; яъне тавоноии хафа кардани тангаи Ҳурмуз, абзоре, ки Теҳрон метавонад ҳар замон эҳсос кунад таҳти фишори беш аз ҳадди Омрико ё Исроил қарор гирифта, аз он истифода кунад.

Паёме, ки ин вазъият барои муттаҳидони араби Омрико дар халиҷи Форс бавижа Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, Арабистони Саудӣ, Баҳрайн, Қатар ва Кувайт дорад, ин аст, ки мо дар ҳоли ақибнишинӣ ва тарки майдон ҳастем; бинобар ин беҳтар аст шумо низ барои маҳори Теҳрон, беҳтарин тавофуқҳои мумкинро бо он мунъақид кунед. Ин бузургтарин ҷо ба ҷоии геополитикии қудрат дар халиҷи Форс аз замони оғози ҷанги Эрону Ироқ то кунун аст. Акнун калонтари ҷадиде дар шаҳр ҳузур дорад.

Агар ҳам касе ин паёмро аз лобалои сутур дарнаёфта буд, Тромп дар як нишасти хабарӣ ба сароҳат онро баён кард ва тавзеҳ дод, чаро талоше барои маҳори барномаи мушакии Эрон накардааст: “Қарор аст чӣ кор кунам? Ба Арабистони Саудӣ иҷоза дода бошам мушак дошта бошад, аммо Эрон надошта бошад?” Ӯ пурсид ва афзуд: “Ин тавр намешавад, медонед, ин тавр кор намекунад. Тоза мушакҳо мушкили аслӣ нестанд. Мушакҳо ниҳоятан ба як нуқтаи кучак осеб мезананд, аммо дунёро мунфаҷир намекунанд.”

Агар ин ҷумалотро дар Телавив ё Риёз бихонед, ларзае бар андоматон хоҳад афтод; ҳамроҳ бо ин огоҳии тадриҷӣ, ки раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида дигар аз ҳамаи тавоноиҳои зеҳнӣ ва сиёсии худ баҳраманд нест ва шумо амалан танҳо мондаед.

Ба ҳамин далоил аст, ки шунидани суханони Тромп ва Ҷ. Д. Вэнс, бе ихтиёр ёди тавсифи машҳури Ник Кэррауэ аз Том ва Дейзи Бюкенен дар румони “Гэтсбии бузург”-ро зинда мекунад: “Онҳо одамҳои бемулоҳизае буданд, Том ва Дейзи; ҳама чиз ва ҳама касро вайрон мекарданд ва сипас ба сарват, бехиёлии азим ё ҳар он чизе, ки онҳоро канори ҳам нигаҳ медошт, паноҳ мебурданд ва дигаронро вомегузоштанд, то харобиҳоеро, ки барҷо гузошта буданд, ҷамъ кунанд.”

Дар воқеъ, андаке пеш аз он ки Муҳаммадбоқири Қолибоф ва ҳамкорони эрониаш бо ифтихор аз таҳмили як “шикаст” ба Омрико сухан бигӯянд, Тромп раҳбарони Эронро “афроде бисёр мантиқӣ” тавсиф карда буд. Ӯ афзуд: “Музокира бо онҳо хуб буд, одамҳои қудратманд ва боҳуше ҳастанд. Ифротӣ нестанд ва медонед, ба дунболи кӯмак ба кишварашон ҳастанд.” Ӯ ҳатто онҳоро “боҳуштар” аз раҳбарони пешини ин низом донист.

Инро бо наҳваи сухан гуфтани Тромп ва Вэнс бо Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина муқоиса кунед; раҳбари як демукросӣ, ки чаҳор сол аст дар баробари таҳоҷуми Русия муқовимат кардааст. Тромп ба ӯ гуфта буд: “Барги барандае дар даст надорӣ” ва ӯро ба пазириши тавофуқе нангин бо Владимир Путин ташвиқ мекард.

Ин шева сухан гуфтани онон бо раҳбари мардуме аст, ки аз марзҳои озодӣ дар баробари сарсахттарин душмани он дифоъ мекунанд. Аммо дар бораи раҳбарони Эрон, Тромп мегӯяд, онҳо “одамҳои хубе” ҳастанд.

Гаутам Мукунда, нависандаи китоби “Интихоби руасои ҷумҳур; чӣ гуна муҳимтарин тасмими ҷаҳонро бигирем”, ба ман гуфт: “Тромп ва Вэнс ҳеч дарки мунсаҷиме аз манофеъи Омрико надоранд ва мутлақан ҳеч тааҳҳуди бунёдине ба арзишҳои демукротик аз ҳар навъе надоранд.”

Асли мавзӯъ ҳамин аст. Тромп дӯст дорад худро дар парчами Омрико бипечад, аммо аз лиҳози арзишҳои бунёдӣ, ӯ омрикоитарин раиси ҷумҳури даврони муосир нест; балки шояд камтарин шабоҳатро ба арзишҳои суннатии Омрико дошта бошад.

Бояд пурсед, чӣ гуна Тромп ва Натонёҳу то ин ҳад дучори хатои муҳосиботӣ шуданд, ки тасаввур карданд метавонанд ҳукуматеро, ки аз соли 1979 бар сари кор буда, сирфан бо бомбборони ҳавоӣ сарнагун кунанд. Посух дар бораи ҳар ду яксон аст: зеро худро бо чоплусон иҳота кардаанд ва аз аҳзобашон ҳар садоеро, ки мумкин буд бо онон мухолифат кунад, канор задаанд.

Мукунда мегӯяд: “Ду роҳ барои итминон аз ин ки қувваи муҷрия раҳбарони хубе дорад вуҷуд дорад: ё афроди хушсират интихоб шаванд, ё ихтиёроти онҳо маҳдуд шавад. Имрӯз Омрико ва Исроил дар ҳар ду мавриди шикаст хӯрдаанд. Ин ҷанг, комилтарин намуна аз он чизе аст, ки вақте ҳамаи ашколи тахассус, дониш ва усулро ба нафъи ғаризаҳои шахсӣ канор мегузоред, рух медиҳад.” Коршиносон, тақрибан ҳамаи он чи дар ин ҷанг ба хато рафтро аз пеш пешбинӣ карда буданд.

New York Times

Тоҷнек

Source: Санади шикасти Амрико
Via: Санади шикасти Амрико
Tags: Санади шикасти Амрико
Previous Post

Имзои тафоҳумномаи Эрон ва Амрико

Related Posts

Имзои тафоҳумномаи Эрон ва Амрико
Мавзӯоти доғ

Имзои тафоҳумномаи Эрон ва Амрико

June 19, 2026
Паёми Оятуллоҳ Сайидмуҷтабо Хоманаӣ ба муносибати Рӯзи посдошти забони форсӣ ва бузургдошти Фирдавсӣ
Мавзӯоти доғ

Паёми Оятуллоҳ Хоманаӣ дар бораи тафоҳуми поёни ҷанг

June 19, 2026
Эрон: Барои хадамот дар тангаи Ҳурмуз, маблағ дарёфт мекунем
Мавзӯоти доғ

Эрон: Барои хадамот дар тангаи Ҳурмуз, маблағ дарёфт мекунем

June 17, 2026
Дархости Тромп аз Аморот барои ҳамла ба Эрон
Мавзӯоти доғ

Тромп таъкид кард, ки пулҳои Эонро бармегардонад

June 17, 2026
Қолибоф: Эрон ва Чин меҳвари блокҳои ҷадиди минтақаӣ хоҳанд буд
Мавзӯоти доғ

Қолибоф: Эрон ва Чин меҳвари блокҳои ҷадиди минтақаӣ хоҳанд буд

June 17, 2026
Трито Порсӣ
Мавзӯоти доғ

Трито Порсӣ: Низоми Эрон як низоми диктотурӣ нест

June 16, 2026

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

February 7, 2026
Рози аслии муваффақият

Кори имрӯзаро ба фардо магузор

August 13, 2025
Дин

Дин

December 24, 2022
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Вазъияти номаълуми Натонёҳу

Вазъияти номаълуми Натонёҳу

1
Санади шикасти Амрико

Санади шикасти Амрико

June 20, 2026
Имзои тафоҳумномаи Эрон ва Амрико

Имзои тафоҳумномаи Эрон ва Амрико

June 19, 2026
Паёми Оятуллоҳ Сайидмуҷтабо Хоманаӣ ба муносибати Рӯзи посдошти забони форсӣ ва бузургдошти Фирдавсӣ

Паёми Оятуллоҳ Хоманаӣ дар бораи тафоҳуми поёни ҷанг

June 19, 2026
Эрон: Барои хадамот дар тангаи Ҳурмуз, маблағ дарёфт мекунем

Эрон: Барои хадамот дар тангаи Ҳурмуз, маблағ дарёфт мекунем

June 17, 2026

Recent News

Санади шикасти Амрико

Санади шикасти Амрико

June 20, 2026
Имзои тафоҳумномаи Эрон ва Амрико

Имзои тафоҳумномаи Эрон ва Амрико

June 19, 2026
Паёми Оятуллоҳ Сайидмуҷтабо Хоманаӣ ба муносибати Рӯзи посдошти забони форсӣ ва бузургдошти Фирдавсӣ

Паёми Оятуллоҳ Хоманаӣ дар бораи тафоҳуми поёни ҷанг

June 19, 2026
Эрон: Барои хадамот дар тангаи Ҳурмуз, маблағ дарёфт мекунем

Эрон: Барои хадамот дар тангаи Ҳурмуз, маблағ дарёфт мекунем

June 17, 2026
Tajnek

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Санади шикасти Амрико

Санади шикасти Амрико

June 20, 2026
Имзои тафоҳумномаи Эрон ва Амрико

Имзои тафоҳумномаи Эрон ва Амрико

June 19, 2026
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved