Чаро имрӯз?
Ёддошти Сайидюнуси Истаравшанӣ
Ташкили эътилофи низомӣ аз сӯйи Туркия, Саудӣ ва Покистон – ба унвони се кишвари мусалмон – ба худии худ, амре муборак ва хуҷаста аст, ҳар мусалмони дилсӯзе аз он хушҳол мешавад. Аммо агар замони ташкили ин эътилоф ва чароии онро мавриди таваҷҷӯҳ қарор бидиҳем, чанд пурсише худнамоӣ мекунанд, ки ниёз ба посух доранд. Дар ин ёддошт, ин чанд пурсишро матраҳ мекунам:
1) Гуфта мешавад (хусусан аз сӯйи мақомоти туркӣ), ки ин эътилоф, ба ҳеч ваҷҳ алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон нест, балки фақат барои дифоъ аст; дифоъ аз таҳоҷуми эҳтимолӣ ба хоки яке аз ин се кишвар, ки дар он сурат, ин таҳоҷум ба маънои ҳуҷум ба ҳамаи онҳост.
Суол: таҳоҷум аз сӯйи чӣ ҷиҳате? Режими Исроил?
Хуб, ин режими кӯдаккуш, ки 3 сол мешавад алайҳи на танҳо Ғазза, ки Лубнон ва Эрон низ ҳамла кард ва Ғаззаро ба хок яксон намуд, чаро дар ин муддат, ин се кишвар раги ғайраташон баланд нашуд – чунонки алъон баланд шудааст – ва мижаашон такон нахӯрд, балки танҳо имрӯз ба фикри ташкили эътилоф шуданд?
2) Оё ин таҳоҷуми эҳтимолӣ аз сӯйи Омрикост?
Ин эҳтимол низ ба таври қатъ мунтафӣ аст. Чаро ки равобити ин се кишвар ва хоҳархондагии онҳо бо Омрико, азҳару минаш-шамс аст яъне равшантар аз равшании хуршед. Ва балки дар ҳамин ҷанги ахир, Арабистони Саудӣ – ки яке аз ин се кишвар ба шумор меравад – ҳамкор ва ҳамроҳи Омрико дар ҳамалоташ ба Эрон буд. Артиши кӯдаккуши Омрико магар аз “Миррих” ба Эрон мушаку бомб партоб мекард?
Пас ин “душмани фарзӣ”, ки барои дифоъ аз таҳоҷуми эҳтимолиаш, инҳо эътилоф кардаанд, кист?
3) Ин ҷост, ки кучактарин шакку тардиде боқӣ намемонад, ки ин эътилоф, алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва муттаҳидони он дар минтақа ташкил шуда; ҳақиқате, ки ҷуз аблаҳ онро инкор намекунад. Хусусан бо таваҷҷӯҳ ба замони ташкили он.
Зеро ин эътилофро дуруст дар замоне ташкил намуданд, ки муҷоҳидони яманӣ дар посух ба ҳамлаи ҳавоии Оли Сауд ба фурудгоҳи Санъо ва низ шикастани муҳосираи золимонаи 10 солаи Саудӣ, даст ба кор шуданд ва ҳамалотеро ба таъсисоти нафтии ин кишвар оғоз карданд. Ба илова, яманиҳо аз тариқи дарё низ Саудиро муҳосира кардаанд, ки як қатра нафт ҳам наметавонад аз Бобулмандиб содир кунад.
4) Пас, чунонки арз шуд, кучактарин тардид боқӣ намемонад, ки ин эътилоф алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва муттаҳидонаш дар минтақа ташкил шуда, ки 2 солу анде мешавад алайҳи Омрико ва Исроил меҷанганд ва ин ду кишвари мутаҷовиз ва золимро ба зону даровардаанд ба ҳадде, ки наздик аст Омрико гӯрашро аз минтақа гум кунад.
5) Эҳтимоли ахир – ки шахсан мӯътақидам дуруст ҳамин аст – он аст, ки: ин се кишвар (ва шояд Миср низ ба онҳо бипайвандад ва дар оянда кишварҳое чун Қатар ва Баҳрайн ва Аморот низ ба онҳо мулҳақ шавад), бо шикасти муфатазаҳонаи Омрико дар баробари Ҷумҳурии Исломии Эрон ва замзамаи ин ки минтақаро тарк хоҳад кард, аз боло рафтани ҷойгоҳ ва мавқеияти Эрон дар минтақа дар сурати гуму гӯр шудани Омрико, ба тарсу ҳарос афтоданд ва инак мехоҳанд ба навъе ҷойи холии Омрико дар минтақаро пур кунанд.
Дигар ҳеч эҳтимоле нест. Ин аст воқеият.
Аммо дар охир ин нуктаро арз кунам ва ароизамро ба поён бирасонам: оё коре аз ин эътилоф дар муқобили Ҷ.И.Эрон ва ё яке аз муттаҳидонаш сохтааст?
Ҷавоб ин ки: на. Инҳо ба ҳеч ваҷҳ, хусусан Туркия ва Покистон, хоҳони тираву тор шудани равобити худ бо Эрон нестанд. Туркия як бор ин корро (дар замони зуҳури ДОИШ) таҷриба карда ва сипас сараш ба санг хӯрда буд. Фақат мехоҳанд ба Эрон ин сигнолро бирасонанд, ки дар минтақа ту танҳо нестӣ, мо ҳам ҳастем. Фақат ҳамин ва дигар ҳеч.
Бинобар ин, метавон гуфт, ин эътилоф фақат рӯйи коғаз аст, дар майдон ҳеч асаре надорад. Муҷоҳидони яманӣ дар рӯзе, ки ин эътилофи коғазӣ эълон шуд, амдан ва аз рӯйи қасд ба Саудӣ ҳамларо дучандон ва ташдид карданд. Оё коре аз дасти Туркия ва Покистон сохта буд? На! Фикр накунам ин ду кишвар хештанро дар маърази хатар афкананд, хусусан бо таваҷҷӯҳ ба ин ки Саудӣ дигар ҳеч ҷойгоҳе дар назди мардуми минтақа – ба ҷуз чандто салафии суммун букм – надорад.
Аммо ба ҳар ҳол эй кош як эътилофи воқеӣ ва ба дур аз ҳар гуна ниятҳои палидона, миёни кишварҳои исломӣ воқеъ мешуд! Шояд дар оянда шавад, умедворем!
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Тоҷнек



















