Reuters: Гуфтугӯи раиси ҷадиди Мусод бо вазири хориҷаи Сурия
Ахбори байналмилал
Ба гузориши хабаргузории Reuters
Роман Гофман, раиси ҷадиди Мусод ва Асъад Шайбонӣ, вазири умури хориҷаи Сурия, дар бораи ҳузури низомии Туркия дар Сурия гуфтугӯ кардаанд.
Бар асоси эъломи ин хабаргузорӣ, ин гуфтугӯ чанд рӯз пеш аз ҳамлаи Исроил ба як пойгоҳи ҳавоии низомии Сурия дар шимоли ин кишвар анҷом шудааст.
Ба навиштаи ин хабаргузорӣ, меҳвари гуфтугӯ миёни раиси ҷадиди Мусод ва Асъад Шайбонӣ, истиқрори нерӯҳои низомии Туркия дар Сурия будааст.
Тоҷнек



















