• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Мавзӯоти доғ

Таърих дар баҳсҳои дипломатии ҷаҳони муосир

October 12, 2026
in Мавзӯоти доғ
0
Таърих дар баҳсҳои дипломатии ҷаҳони муосир

Таърих дар баҳсҳои дипломатии ҷаҳони муосир

0
SHARES
13
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Таърих дар баҳсҳои дипломатии ҷаҳони муосир

Сайфуллоҳ Муллоҷон

Таърих дар ин авохир дар баҳсҳои сиёсии кишварҳо хеле зиёд матраҳ мешавад. Ба таъбири дигар таърих аз ҳарвақте бештар сиёсӣ мегардад. Сиёсатмадорон барои таъйиди амалкарди ҳукуматҳои худ ба пайванд задани дирӯзу имрӯз рӯ меорваранд. Сэмуэл Ҳангтингтон сию анд сол муқаддам аз ҷанги тамаддунҳо гуфта буд, ки имрӯз онро бо чашми сар мебинем. Вазири умури хориҷии ИМА (Котиби давлатӣ) Марко Рубио ҳафтаи гузашта ба Юнон – гаҳвораи тамаддуни Аврупо сафар карда, суханронии оташин ирод кард, ки дар расонаҳои хабарии ҷаҳон бозтоби густарда дошт. Ӯ мавзуи таърих, ҳувияти тамаддунӣ ва баҳрабардории сиёсӣ аз гузаштаро ба мавзуи баҳсбарангез дар равобити байналмиллалӣ табдил кард. Марко Рубио хост ИМА-ро вориси суннати тамаддунии Ғарб муаррифӣ кунад. Порае аз суханони Марко Рубио (мазмунан) чунин буданд:

“соли 480 то милод артиши Хишоёршоҳи ҳахоманишӣ вориди хоки Юнон шуд ва ба муқовимати шадиди юнониён рӯ ба рӯ гашт. Порсҳо ибодатгоҳҳоро ба хароба табдил дода ашёи онро ба ғорат бурданд…. Таърихи кишвари ман дунболаи таърихи Юнон аст. Эъломияи ҳуқуқи мо дар иёлати Филоделфиё навишта шудааст, ки як номи юнонист. Мо ҳанӯз ба ормонҳои Юнони бостон ва демократияву озодихоҳии юнониён бештар аз афкори замони Эҳёи Аврупо эътиқод дорем ва пайваста онро дар сиёсатҳои худ тазаккур медиҳем. Сиёсатмадорони гузаштаи мо беш аз назарияпардозони илми сиёсат ба муаррихи тавонои юнонӣ Плутарх истинод мекунанд ва ин тасодуфӣ нест. Мо аз таъриху муборизаи Юнони бостон илҳом мегирем … ”

Асли моҷаро чист?

Рубио аз ҳамлаи Ҳишоёршо ёдоварӣ кард, вале сабаби ин лашкаркаширо нагуфт. Худи юнониҳо навиштаанд, ки оғозгари ҷанг давлат (полис)и- Афинаи юнонӣ буд, ки ба ҳампаймони Эрон – Сорд (маркази давлати Лидия, ки аз соли 546-и то милод дар ихтиёри Ҳахоманишҳо буд) ҳамла карду шаҳрҳои онро оташ зад. Дар ҷавоб ба ин таҷовузи юнониҳо буд, ки ҷанги ду тараф шуълавар шуд. Ҷангҳои Юнону Порс дар дунёи бостон машҳур буда, асари Ҳеродот, ки ба унвони “падари таърих” шинохта мешавад, қадимтарин манбаи омӯзиши ин ҷангҳо дониста аст. Аммо ин ҷо ду мушкил аст. Яке руҳияи ҷонибдоронаи Ҳеродот аз юнониҳо ва нафрати беандозаи ӯ ба порсҳост ва дигар ба дурӯғпароканӣ машҳур будани Ҳеродот аст. Дар Аврупо ҳамонгуна ки вожаи “Падари таърих” ва нисбати он ба Ҳеродот машҳур аст, инчунин истилоҳи “Ҳеродот – падари дурӯғгӯӣ” (“Father of Lies”) низ маъруф аст. Ҳатто дар ин бораи китобу мақолаҳои фаровон навишта шудааст, ки баъзе аз онҳоро шумо метавонед дар фазои маҷозӣ пайдо кунед. Асари Плутарх низ тамҷиду ситоиши ғарбиҳост, ки онро хондаам. Масали машҳури арабӣ ёдам омад. Мегӯянд аз рубоҳе ки дар муҳокима ширкат дошт, пурсиданд, шоҳид дорӣ. Гуфт, оре, думи худам.

Ин ва дигар суханрониву ишораҳои маъмурияти президент Трапм гувоҳӣ аз он медиҳад, ки амрикоиҳо акнун барои идомаи ҷанги ғайриқонуниву ғайриахлоқии худ ниёз ба ҳамраъйӣ дар ҷаҳон доранд. Ҷанд сол қабл президент Ҷорҷ Буши хурдӣ дар як суханронии худ барои басиҷ кардани ҷаҳони масеҳӣ дар ҷанг бо “бунёдгароиёни исломӣ” (хонда шавад кишварҳои мусулмонӣ) аз истилоҳи “ҷангҳои нави салибӣ” алайҳи душманонаш сухан ба миён оварда буд. Натиҷаи ин суханрониро ҷаҳон дар фоҷеаи Ироқу Афғонистон мушоҳида кард. Рубио ба Эрони имрӯз ва ҷанги кишвараш ишора кард.

Посухи Эрон чӣ буд?

Шахсиятҳои баланрутбаи давлати Эрон низ дар посухи Марко Рубио даст ба домани таърих заданд. Қолибоф раиси порлумони Эрон дар ҷавоби Рубио навишт: “Дар тули таърих мо эрониён бо касоне рӯ ба рӯ шудаем, ки худро сарварони ҷаҳон эълом карданду кушиданд тамаддунҳои куҳанро аз саҳифаи рӯзгор маҳв кунанд. Онон бо оташу шуъла омаданд бо гарду хоку хорӣ рафтанд. Касоне ки ба дунболи мероси Искандар ҳастанд, сарнавишти Валерианро хоҳанд дошт: зону хоҳед зад”. Тавре медонем, Искандар барои гирифтани қасоси дусадсолаи хориву забунии юнониён дар назди эрониён ба Эрон лашкар кашид ва бо оташ задани Шаҳри Порсиён (Персеполис – Тахти Ҷамшед) ба ҳукумати дусадсолаи ворисони Куруш хотима дод. Сипас имперотури Рум Валериан ба қасди тасхири Эрон роҳии ин сарзамин шуд ва дар ҷанги хунин ба асорати лашкари Сосониён даромад. Ӯро порсҳо дар нақше таҷассум кардаанд, ки дан назди Шопури сосонӣ зону задааст. Гуфта мешавад, ки ҳар гоҳ Шопур мехост бар аспи худ савор шавад, дастур медод Валерианро ҳозир мекарданд ва Шопур бар тахтапушти Валериан пой гузошта, савор бар аспи худ мешуд. Дар ҳамин хориву зиллат Валериан ҷон дод. Соли гузашта дар гармогарм ҷанги Эрону Ғарб (ИМА, Исроил ва ҳамкории бештари кишварҳои ғарӣ) эрониҳо муҷассами Шопур ва Валерианро ба майдони Инқилоб оварданду ғарбиёнро ҳушдор доданд, ки мисли ниёи худ зону хоҳед зад.

Мо тоҷикон куҷои ин маъракаем?

Дар замони Ҳахоманишҳо сарзаминҳое ки ниёгони мо мезистанд (Суғд, Бохтар, Порт, Сакистон, Ҳарейва …) ҳама ҷузви қаламрави имперотурии Ҳахоманишҳо буданд ва лашкариёни бохтариву сакоиву суғдӣ дар канори порсиҳову модҳо алайҳи мутаҷовизон ҷангидаанд. Искандар ҳам пас аз куштани Доро ба самти Суғду Бохтар омад ва ин ҷо буд, ки Спитамену дигар муборизон ҷонбозӣ карданду корнома офариданд.

Ду нуктаро мехоҳам зикр кунам. Чанд сол қабл яке аз ҳамкасбони банда, ки одатан дар гурӯҳҳои русӣ тадрис мекунад, аз ман хост, ки дар дарси намунавии ӯ иштирок кунам ва назарамро гӯям. Мавзӯи дарс “Тамаддуни ҳеллинистӣ ва Шарқ” (тақрибан) буд. Ин муаллими бечора, ки танҳо бо китобҳои русӣ дастрасӣ дошт, Искандарро чунон ба донишҷӯёнаш муаррифӣ мекард, ки ҳуш аз сари ман парид. Гӯё мунҷии навъи башар ҳамин бошад. Поёни дарсро мунтазир нашуда, сухан хостам ва даҳ дақиқа ба донишҷӯён аз шахсияти воқеии Искандар (ки як ҳамҷинсгарои бадзоту ситамгар буд) сухан кардам. Муаллимро низ тавсия кардам, ки чанд китоби муаррихони юнониву румиро мутолиа кунад.

Ҳарчанд Русияи имрӯза дар баробари Ғарб қарор гирифта, майлони фосилагирӣ аз онро дорад, аммо маълум нест ин ҳолат то кай идома меёбад. Аҷаб нест, ки мисли солҳои 90-ум русҳо дубора ба ғарбу тамаддуни фосиди он рӯй оранд (Ҳамонгуна ки аз қарни XVIII дунболи ин роҳ ҳастанд ва танҳо вақте Ғарб онҳоро тард кунад, ба ёди “решаҳои худ” ва “шарқгароӣ меуфтанд). Моро зарур аст, ки китобҳои зиёд дар шинохти тамаддуни бостонии худ нависем ва саҳифаҳои тоҷикии шабакаи маҷозиро пур аз матлаб кунем, то фарзандони мо огоҳу ҳушёр шаванд ва дӯстро аз душман ташхис диҳанд.

Нуктаи дигар он аст, ки даҳсолаҳост, дар шаҳру деҳоти Тоҷикистон ба як кори ғайримантиқиву бемаънӣ даст задаем. Номҳое аз асотиру тамаддуни юнонӣ, ки садсолаҳо аҷдоди мо алайҳи онҳо мубориза бурдаандро ба мағозаву ресторану дигар маконҳои худ мегузорем. Афинаву Акрополу Зевсу Апполону Юпитеру Афродитаву Искандеру ва …. Охир ғизо низ бахше аз фарҳанг аст. Фарҳангу тамаддуни худро муаррифӣ кунем барои фарзандонамон ё мураввиҷи таъриху фарҳанги бегона бошем? Бегонапарастиро агар маҳкум мекунем дар ҳама бахшҳо онро бояд маҳкум кунем. Дар ресторану дигар марказҳои хидматрасонӣ муҳим муҳайё кардани шароити хуб аст барои шаҳрвандону ҷаҳонгардон. Номҳои зебои Яккачинор, Зирбак, Тоқӣ, Бухоро, Карон, Бону, Зира ва боз даҳҳои дигар чӣ кам доранд?

Оё дар тамаддуни дерину дурахшони мо ном кам аст. Шумо ба рӯзгори Ашкониёну Кушониён таваҷҷуҳ кунед. Ин ду силсила, хусусан Кушониён, ҷон бар каф гирифта, осори истеъмории Юнонро аз сарзамини мо пок карданд. Ҳам ба султаи Юнону Рум поён доданд ва ҳам осори забону фарҳанги онро зудуданд. Мо ворисони Порту Кушонем ё давлати Спартаву Афинаву Искандари гаҷастак (малъун, нафриншуда)?

Source: Таърих дар баҳсҳои дипломатии ҷаҳони муосир
Via: Таърих дар баҳсҳои дипломатии ҷаҳони муосир
Tags: Таърих дар баҳсҳои дипломатии ҷаҳони муосир
Previous Post

Ҳофизи Шерозӣ

Related Posts

Бобулмандиб
Мавзӯоти доғ

Кушта ва захмӣ шудани даҳҳо неруи муздури саудӣ дар ҳамлаи яманиҳо

October 12, 2026
Таътилии фурудгоҳи Риёз 
Мавзӯоти доғ

Таътилии фурудгоҳи Риёз 

October 12, 2026
Паёмадҳои бозгашти ҷангҷӯён аз ҷанги Украина
Мавзӯоти доғ

Паёмадҳои бозгашти ҷангҷӯён аз ҷанги Украина

October 11, 2026
Ба ҳамин далел Яман пирӯз хоҳад шуд!
Мавзӯоти доғ

Ба ҳамин далел Яман пирӯз хоҳад шуд!

October 11, 2026
Почему война с Ираном может стать последней войной Америки на Ближнем Востоке
Мавзӯоти доғ

Почему война с Ираном может стать последней войной Америки на Ближнем Востоке

October 5, 2026
Кӯмакҳои мушовирони низомии амрикоӣ ба муздурони саудӣ
Мавзӯоти доғ

Кӯмакҳои мушовирони низомии амрикоӣ ба муздурони саудӣ

October 5, 2026

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

February 7, 2026
Рози аслии муваффақият

Кори имрӯзаро ба фардо магузор

August 13, 2025
Дин

Дин

December 24, 2022
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Вазъияти номаълуми Натонёҳу

Вазъияти номаълуми Натонёҳу

1
Таърих дар баҳсҳои дипломатии ҷаҳони муосир

Таърих дар баҳсҳои дипломатии ҷаҳони муосир

October 12, 2026
Ҳофизи Шерозӣ

Ҳофизи Шерозӣ

October 12, 2026
Бобулмандиб

Кушта ва захмӣ шудани даҳҳо неруи муздури саудӣ дар ҳамлаи яманиҳо

October 12, 2026
Муҳаммад

Аъробӣ ва Расули Акрам (с)

October 12, 2026

Recent News

Таърих дар баҳсҳои дипломатии ҷаҳони муосир

Таърих дар баҳсҳои дипломатии ҷаҳони муосир

October 12, 2026
Ҳофизи Шерозӣ

Ҳофизи Шерозӣ

October 12, 2026
Бобулмандиб

Кушта ва захмӣ шудани даҳҳо неруи муздури саудӣ дар ҳамлаи яманиҳо

October 12, 2026
Муҳаммад

Аъробӣ ва Расули Акрам (с)

October 12, 2026
Tajnek

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Таърих дар баҳсҳои дипломатии ҷаҳони муосир

Таърих дар баҳсҳои дипломатии ҷаҳони муосир

October 12, 2026
Ҳофизи Шерозӣ

Ҳофизи Шерозӣ

October 12, 2026
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved