• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Uncategorized

Бухоро, шаҳри тулӯи тоҷикон аз гузашта то ба оянда

May 23, 2023
in Uncategorized, Машоҳир, Ниёгони гузаштаи мо
0
бухоро
0
SHARES
30
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter
  • Ҷойгоҳ ва нақши шаҳри Бухоро дар Осиёи Миёна

Сарзамини торихии Мовароуннаҳр, ки миёни рудҳои Ҷайҳун ва Сайҳун қарор дорад, имрӯза Осиёи Миёна хонда мешавад. Ин минтақа масири иртиботии байни шарқ ва ғарб, Чин, Ҳинд, Эрон, сарзаминҳои Медитарона ва Русия аст, Осиёи Миёна ҳамчунин маҳалли тасодуми адёни шаман, будоӣ, зардуштӣ, яҳудӣ, масеҳӣ ва ислом ба шумор меравад.

Пеш аз зуҳури ислом афроде бофарҳанг, мазоҳиб ва суннатҳои ҷадид ва куҳан дар Осиёи Миёна ҳузур доштанд.

Дар миёни давлат-шаҳрҳои ин минтақа як дини расмӣ ва ҳамагонӣ барқарор набуд. Пазириши фарҳанги исломӣ ва таркиби он бо тамаддуни эронӣ дар қарнҳои севвум ва чаҳорум, торихи бошукӯҳе аз ин сарзамин бавуҷуд овард. Яке аз вижагиҳои боризи мазҳаб дар Осиёи Миёна тавсиаи андешаҳои ирфонӣ ва суфиёна буд. Суфиён бар пояи шариати исломӣ ва ба таври хос, мазҳаби ҳанафӣ, ба таблиғи ислом дар ин сарзамин машғул шуданд ва тавонистанд нақши муҳимме дар тавсиа ва шаклгирии зиндагии мазҳабии ин сарзамин ифо кунанд.

Тавсиаи болои иқтисодии Осиёи Миёна бо такя ба зерсохтҳои пешрафтаи кишоварзӣ ва бозаргонӣ дар канори рӯйкарди тасомуҳҷӯёнаи ҳукуматгарони ин минтақа сабаб шуд, ки шаҳрҳои муҳимми ин минтақа аз ҷумла Бухоро, Самарқанд, Фарғона ва Хоразм ба авҷи қуллаи фарҳангу тамаддуни худ даст ёбанд.

Дар миёни ин навоҳӣ, Бухоро дар гузашта бахше аз сарзамини Эрон ба шумор мерафт ва ҳамбастагии фарҳангӣ ва торихии он бо Эрон то кунун боқӣ модааст.

  • Собиқаи торихӣ

Бухоро пешинаи торихии куҳане дорад. Бархе аз ховаршиносон монанди Бортулд мӯътақиданд, ки Бухоро барағми бисёре аз шаҳрҳои ин минтақа, ҳамвора дар ҳамин ҷои кунунӣ буда ва бар асари гузашти замон, маконаш тағйир пайдо накардааст. Бо шаклгирии силсилаи ҳахоманишӣ, тавассути Куруш, Осиёи Миёна низ ба ин имперотурӣ замима шуд. Бар пояи манобеи торихӣ, Искандар ва ҷонишинони вай, (250-330 пеш аз мелод) солҳо бар Бухоро ҳукм ронданд ва қудрати императории мақдуниро дар ин минтақа густариш доданд. Аз авохири асри панҷуми мелодӣ, Бухоро равнақ ёфта ва ба яке аз шаҳрҳои муҳимми Мовароуннаҳр табдил шуд. Ин шаҳр дар рӯзгори ҳукумати Сомонӣ ба авҷи равнақи худ расид ва дар он замон, пойтахти қаламрави сомониён ба шумор рафт. Бо ҳамлаи муғул, Бухоро башиддат вайрон шуд, бо ин вуҷуд, бо ба қудрат расидани Темури Гургонӣ ва интихоби Самарқанд ба унвони пойтахт, Бухоро низ дигар бор масири рушду тавсиаро пайдо кард. Пас аз ҳокимияти темуриён бар ин навоҳӣ, Бухоро ба дасти ақвоми чодарнишин афтод. Аз ин миён, ақвоми узбекҳо муваффақ ба ташкили ҳукумат шуданд; онҳо намояндагони мутаассиби мазҳаби тасаннун буданд ва ба дафаот манотиқи шарқи Эронро ғорат карданд. Дар даврони ҳукумати сафавия, Бухоро ҳамчунон бахше аз сарзамини Эрон буд; аммо бо заиф шудани сафавиён ва расмӣ шудани мазҳаби шиъа дар Эрон, заминаҳои ифтироқ ва ҷудоии Осиёи Миёна ва Бухоро аз Эрон эҷод шуд.

Аз ин давра шаклгирии хоннишинҳои мухталиф аз ҷумла Аморати Бухоро ҷойгузини пайвастагии пешини ин сарзаминҳо шуд ва дар ниҳоят бо шикасти Аморати Бухоро аз тезорҳои рус, ин минтақа ба тасарруфи русҳо даромад.

Бо султаи ҳукумати болшевикӣ бар Бухоро, дар соли 1917 муборизаи густарда алайҳи ислом ва боварҳои исломӣ дар ин минтақа ба вуқуъ пайваст, ки паёмадҳои ногувореро дар пай дошт. Алорағми ҳузури беш аз якасрии русҳо, дар чорчӯби ҳукуматҳои тезорӣ ва болшевикӣ, ҳувият ва боварҳои динӣ ва исломӣ дар шаҳри Бухоро побарҷо боқӣ монд.

  • Пешинаи номи Бухоро

Аз Бухоро дар манобеи торихӣ бо номҳои гуногуне ёд шудааст. Бархе манобеъ номи аслии Бухороро Бумҷакас, Нумуҷакас, Ламаҷкат ва Бумҷакат донистаанд.

Чиниҳо дар қарни панҷуми пеш аз милод, ин шаҳрро Нумӣ мехонданд, ки эҳтимолан мухаффафи Нумҷакас аст. “Торихи Бухоро” ва “Осор-ул-билод” бо истинод ба ҳадисе аз Паёмбар(с) номи аслии онро Фохира донистаанд, ки дар гузари замон ба Бухоро тағир ёфтааст.

Дар китоби Торихи Бухоро гуфтаҳои бисёре дар бораи номи Бухоро омадааст. Дар бахше аз ин китоб, ба нақл аз Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Наср омадааст, ки Бухоро дорои номҳои бисёре аст. Дар бархе ҷоҳо Нимҷакат ва дар ҷои дигар, Бумсакат оварда шудааст. Тозӣ, Мадинат-ус-сафария; яъне Шористони Руин ва Тозии Мадинат-ут-туҷҷор; яъне шаҳри бозаргонон аз дигар номҳои маъруф ва машҳури Бухоро аст. Ба гуфтаи Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Наср барои ҳеч шаҳри Хуросон чандин ном наомадааст ва дар ҳадисе аз Бухоро бо номи Фохира ёд шудааст.

  • Аҳамияти фарҳангӣ-иқтисодии шаҳри Бухоро дар Осиёи Миёна

Бухоро дар тӯли торих аз муҳимтарин шаҳрҳои иёлати Суғд ва минтақаи Мовароуннаҳр ба шумор мерафт. Бо вуруди ислом, Бухоро бадал ба яке аз марокизи муҳимми фарҳангӣ, сиёсӣ ва иқтисодии ҷаҳони ислом шуд. Ба гунае, ки мадрасаҳо ва мактабҳои ин шаҳр дар сатҳи ҷаҳони ислом беназиру бемонанд буданд. Ин шаҳр дар ин даврон маҳди адибон, шуаро, олимон ва донишмандон буд ва ба ҷойгоҳе расид, ки дар ҷаҳони ислом аз он ба номҳои Қиблат-ул-ислом, Маҳди Ислом ва Мадинат-ул-ислом ёд мешуд. Дар тӯли торихи Осиёи Миёна ду навъ зиндагии кучнишинӣ ҳоким будааст. Кучнишинӣ бештар дар байни ақвоми ғайриэронӣ барқарор будааст; дар сурате ки зиндагии қавмҳои эронӣ мубтанӣ бар шаҳрнишинӣ будааст. Ба ин тиртиб, эрониён нақши вижае дар ҳавзаи мазҳаб ва омӯзишҳои муртабит ба он дар нуқоти шаҳрнишини Осиёи Миёна, аз ҷумла, Бухоро бар ӯҳда доштанд

Previous Post

 Захмҳои Қафқоз дар таърих ва роҳи иброт

Next Post

Меъмории исломӣ баргирифта аз меъмории эронӣ

Related Posts

Мақоми ориф дар баёни Бӯалӣ Сино
Машоҳир

Мақоми ориф дар баёни Бӯалӣ Сино

January 7, 2026
Алӣ
Мавзӯоти доғ

Ҳикматнома

January 3, 2026
Тасмими Меҳрдод
Мавзӯоти доғ

Тасмими Меҳрдод

January 3, 2026
Мақоми ориф дар баёни Бӯалӣ Сино
Мавзӯоти доғ

Рисолаи ишқи Буалӣ Сино

January 3, 2026
Нигоҳе ба зиндагии Шамсуддини Самарқандӣ
Мавзӯоти доғ

Нигоҳе ба зиндагии Шамсуддини Самарқандӣ

January 3, 2026
Достонҳои омӯзанда
Мавзӯоти доғ

Ман ҳоҷате надорам!

January 3, 2026
Next Post
меъмории эронӣ

Меъмории исломӣ баргирифта аз меъмории эронӣ

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

April 4, 2023
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
Рози аслии муваффақият

Кори имрӯзаро ба фардо магузор

August 13, 2025
Дин

Дин

December 24, 2022
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

0
Дарсе фаро гирифтам

Дарсе фаро гирифтам

January 7, 2026
Донишҷӯ ва устод

Донишҷӯ ва устод

January 7, 2026
Мақоми ҳикмат

Мақоми ҳикмат

January 7, 2026
Тарсондан – зулми бузург

Тарсондан – зулми бузург

January 7, 2026

Recent News

Дарсе фаро гирифтам

Дарсе фаро гирифтам

January 7, 2026
Донишҷӯ ва устод

Донишҷӯ ва устод

January 7, 2026
Мақоми ҳикмат

Мақоми ҳикмат

January 7, 2026
Тарсондан – зулми бузург

Тарсондан – зулми бузург

January 7, 2026
Tajnek

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Дарсе фаро гирифтам

Дарсе фаро гирифтам

January 7, 2026
Донишҷӯ ва устод

Донишҷӯ ва устод

January 7, 2026
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved