Достони давлати усмонӣ
Ибратҳо аз таърих
(Қисмате аз суханронии шаҳид Муртазо Мутаҳҳарӣ дар 51 сол пеш, соли 1974)
“Бисёре аз ҳаводисе, ки дар дунёи ислом баъд аз ҷангҳои салибӣ рух дода, ба таҳрики ҳамон салибиҳо буда, ки вақте аз мувоҷеҳаи рӯ дар рӯ маъюс шуданд, бо ихтилоф эҷод карданҳо ва бо шиорҳои муҳаррики нажодӣ, дар пайи аҳдофи худ буданд.
Аз ҳама равшантар, ҷараёнест, ки дар ҳудуди 50 сол пеш рух дод, қиссаи давлати усмонӣ ва ҷанге, ки усмониҳо бо урупоиҳо доштанд. Давлати усмонӣ худаш як нерӯе буд. Дуруст аст, ки ин давлат аз даруни худаш фосид буд, вале билохира як марказе буд. Душман чӣ кард? Бар асоси “фарриқ тасуд” (тафриқа биандоз ва ҳукумат кун), баъзе аз арабҳоро таҳрик карданд, ки шумо миллати араб ҳастед, сиёдат моли шумост, чаро бояд туркҳо бар шумо сиёдат кунанд, чаро бояд минтақаҳои арабӣ зери ҳукм ва нуфузи туркҳо бошад, биёед имперотурии арабӣ бисозед. Ба тамаъи имперотурии арабӣ, инҳоро таҳрик карданд.
Дар ҳоле, ки усмониҳо ба ҳар ҳол бо душмани ислом ва мусалмонон меҷангиданд ва эҳтиёҷ ба тақвият доштанд, дар чунин шароите аъроб аз пушт ханҷар заданд, яъне дунёи исломро дучори як фоҷеа карданд. Ҳаминки усмониҳо аз байн рафтанд ва шикаст хӯрданд ва дунёи Урупо муваффақ ва пирӯз шуд, дар ҷавоби дархости имперотурии арабӣ, гуфтанд, имперотурии арабӣ яъне чӣ?! Омаданд сарзаминҳои арабиро қисмат-қисмат ва тикка-тикка карданд, ҳар қисматашро ба як нафар доданд, ҳамаро ҳам ба ҷанги ҳамдигар водор карданд.
Баъд ҳамин қазия сабаб шуд, ки туркҳои усмонӣ кинае нисбат ба араб пайдо карданд ва аз араб таҷовуз кард ва ба ислом расид. Ин мавзӯъ сабаб шуд, ки на танҳо аз араб рӯ баргардонанд, аз ислом рӯ баргардонданд; гуфтанд, асосан мо ислом намехоҳем, кишвари мо як кишвари лоик ва бедин аст, аслан кишварест, ки динро ба расмият намешиносад. Ҳатто хатташонро ҳам тағйир доданд. Онҳо ҳам бо ин иштибоҳашон дигар қад рост накарданд…”
(Муртазо Мутаҳҳарӣ; Понздаҳ гуфтор)
Тоҷнек