Таҷаллӣ гар расад бар кӯйи ҳастӣ
Шайх Маслиҳатуддин Бадеуддини Нурӣ
Ба қалами Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода
Яке аз уламои сӯфӣ, ки аз лаззоти дунё рамида ва бисёр сармову гармои ҳаётро чашида, олими илми раббонӣ ва шиновари баҳри маонӣ, шоир ва мутафаккири барҷаста ва аз ҷумлаи авлиёуллоҳ, ҳазрати валӣ шайх Маслиҳатуддин Бадеуддини Нурӣ аст.
Номи аслии шайх Маслиҳатуддин, Шамсуддин аст. Вай дар соли 1133 мелодӣ ба дунё омад ва тақрибан 90 сол умр дидаанд ва дар соли 1223 мелодӣ (525-619 ҳ.қ.) чашм аз ҷаҳон фурӯ бастаанд.
Шайх Маслиҳатуддин бар асоси шавоҳид ва асноди мӯътамад, дар хонаводае деҳқон ба дунё омадааст. Аз навозиши падар хеле зуд маҳрум шуда, аммо аз меҳру шафақати модарӣ баҳраи бештар гирифтаанд.
Давраи туфулият ва наврасӣ ва ҷавонии ҳазрати шайх Маслиҳатуддин ба замоне рост омад, ки дар саросари Мовароуннаҳр ва Хуросон фазои сиёсии номаълум, ошӯб ва ҷангу ҷидолҳои мазҳабӣ ва қабилаӣ дар авҷи худ буд. Таърих гувоҳ аст, лашкари нерӯманди қарохитоиҳо, Чингизхон ва монанди инҳо, ин сарзамини бостониро ба хоку хун оғишта намуда буданд.
Муаррихон гувоҳӣ медиҳанд, ки соли 1141 қӯшуни султон Санҷар дар мавзеи Катвон (Булунғури имрӯз, дар наздикиҳо Ҷизах) аз ҷониби лашкари қарохитоиҳо торумор мешаванд. Дар охирҳои ҳамон сол ва аввалҳои соли 1142 шаҳрҳои Самарқанд ва Бухоро забт мешаванд. Баъдан дар ҷангҳои шадид байни солҳои 1195-1206 байни ҳокимони он даврон ва лашкари Чингизхон, садои мардуми Хуҷанд ва мавозеи атрофи он бар зидди бедодгариҳои лашкари Чингизхон баланд шуд.
“Дар солҳои 30 асри 12, қабилаҳои бодиянишини қарохитоиҳо аз хоки Чин ҳаракат карда, ба воситаи гузаргоҳи кӯҳии Чунгур омаданд ва дар канораи дарёи Чу қарор гирифтанд. Дар ин қароргоҳ қариб 40000 хайма ороста шуд, ки дар онҳо аз 150 то 200 ҳазор нафар лашкар ҷамъ оварда шуда буд. Аз ин ҷо қарохитоиҳо бо қарохониҳо ба давлати салҷуқӣ якчанд зарбаи қатъӣ расонданд. Дар соли 1337 лашкари қарохитоиҳо то Хуҷанд пешравӣ карда, қувваи ҳарбии хони он вақтаи Мовароуннаҳр Маҳмудхонро, ки ба давлати салҷуқӣ итоат мекард, тамоман тору мор намуданд.” (Б. Ғафуров, “Таърихи мухтасари халқи тоҷик”, ҷилди аввал, с 215- 216. Сталинобод, 1947. Низ: “Очерки истории СССР IX–XIII вв”. Изд. Ан СССР. Москва, 1953, стр. 517)
Ривоят мекунанд ноқилони ахбор ва котибони дарбор аз ин ки тақрибан дар солҳои 1141-1442 чун лашкари қарохитоиҳо аз ҷониби деҳаи Хитойреза (имрӯза деҳаи Ӯзбакқишлоқи ноҳияи Ҷаббор Расулов) ба шаҳри Хуҷанд ба ҳуҷум гузаштанӣ мешавад, бо чанд аз атбоъ ва мушовирони худ маслиҳат ва самтҳои вуруд ба Хуҷанд ва забти қалъаи ӯро ҷӯё мешавад. Чун лашкари қарохитоиҳо медонист, ки Хуҷандшаҳр дар мавзеъи хеле дилкаш ҷойгир шуда ва ҳамеша дар забти он тадбир ё баръакс танҳо фиребро бояд ба кор бурд, вагарна хеле мушкил буд, аз мавзеъи Хитойреза ӯ фиристодаи худро ба шаҳри Хуҷанд эъзом мекунад ва талаб менамояд, ки куҷоянд пешвоёни ин шаҳр, ки бо сарлашкари мо дар таслим намудани шаҳр бе хунрезӣ гуфтугузор намоянд. Аз ҳисоби беҳтарин уламои он замона, ба навбат ду нафар аз уламо барои оғози музокира бо сарлашкари қарохитоиҳо ба он мавзеъ мераванд. Лашкарбошӣ танҳо бо як савол ба намояндагони шаҳри Хуҷанд муроҷиат мекунад:
— Моро ба шаҳри Хуҷанд (яъни барои ишғол намудани шаҳри Хуҷанд) кӣ овард?
Фиристодаи аввал мегӯяд:
— Шуморро ба шаҳри мо Худованд овард!
Ҷавоб ба сарлашкар маъқул наяфтод. Зеро ки Худованд ҳаргиз ба кори забт ва мардумозорӣ ва ҷангу ҷанҷол амру фармон намекунад.
Нафари дигареро оварданд. Ӯ низ ба ин маънӣ ҷавоб гуфт, ки худи шумо омадед ва дар ривоят меоваранд, ки сари ин ду олим аз тан ҷудо карда шуд. Чун ин пурсишро худи сарлашкар мегузаронд.
Мардуми Хуҷанд барои ҷавоби саҳеҳ додан, падари шайх Маслиҳатуддин, шайх Нуруддинро барои ҷавоб додан ба саволи сарлашкар омода намуданд ва аз ӯ умед доштанд. Падари шайх Маслиҳатуддин тамоми шаб дар инобат ва итоати парвардигори хеш буд. Намози таҳаҷҷуд гузорид ва ба исрори тамом аз ӯ таъоло имдод ва иъонат хост.
Бомдод чун шайх Нуруддин барои гуфтушунид бо лашкарбошӣ омодагӣ медид, фарзанди барӯманди ӯ Бадеуддин хоҳиш кард, ки ба ӯ дуо диҳанд, то барои гуфтушунид ё бигӯем, барои ҷавоб гуфтан ба саволҳои сарлашкар равад. Падар мумонаъат намуд. Аммо исрори Бадеуддин падарро водор намуд, ки розӣ шавад.
— Моро ба Хуҷанд кӣ овард? — боз ҳамон буд саволи сарлашкари қарохитоиҳо.
Бадеуддин, ки ҷавоне 18-19-сола ва хеле боҳайбат буд, баъд аз қадре андеша гуфт:
— Шуморо ба Хуҷанд феълу хӯйи хуҷандиҳо овард.
Сарлашкар чун аз тариқи тарҷумон ин ҷавобро шунид, дар чеҳраи турши ӯ як равшанӣ пайдо гардид ва ҷавобро касе намедонист, ки ба чӣ маънӣ дуруст ҳисобад. Ҳол он ки дар тафаъули неки Бадеуддин ишора ба феълу хӯйи хуҷандиҳо ин буд, ки албатта халқ ва мардуми Хуҷанд ҳамеша меҳмоннавоз ва мусофирпарвар ва сағирдӯст аст. Ва шумо, ки шояд меҳмонед, шояд мусофир ва шояд бо дигар мақсади ботил омадед, аммо дар нигоҳи халқи мо шумо такя ба феълу хӯйи хуби хуҷандиҳо ба ин сарзамин омадаед.
Маънӣ ва мағзи ҷавоби Бадеуддин дар ҳамин буд.
Сарлашкар шояд ҳамин тавр андешид ва шояд ба дигар маънӣ, аммо ба хидматкорон фармуд, то барои намояндаи хуҷандиҳо ридои заркӯб ва тӯҳфаҳои арзанда оваранд. Аммо Бадеуддини ҷавон боз тадбири дигар ба кор бурда, ҳар гуна тӯҳфаро рад намуд ва гуфт:
— Ман ҳеч гуна тӯҳфа ва подош аз шумо қабул намекунам, балки шаҳри маро ба ҳоли худ гузоред.
— Барои шумо аз ин мавзеи хушҳаво чӣ миқдор ҷудо кунем?, — муроҷиати сарлашкари қарохитоиҳоро тарҷума намуд тарҷумон.
— Бисёр на, ба миқдори як пӯсти гов.
Зуд як гов кушта шуда ва пӯсти онро пеши қадами Бадеуддин оварда монданд. Бадеуддин пӯсти говро хеле моҳирона бо тезинаи борик бурид ва ин кор то чанд лаҳза тӯл кашид… Бадеуддин ба сарлашкар фармуд, ки дар гунҷоиш ва вусъати ин пӯсти гов, аз шаҳри ман ба ман замин диҳед ва ба он ҳеч яке аз лашкар ва сипоҳи шумо кордор набошад.
Дар гунҷоиши он пӯсти гов самти асосии шаҳри Хуҷанд бо шумули қалъаи Хуҷанд ва хеле мавзеи калон иҳота карда шуд ва онро сарлашкари қарохитоиҳо барои тадбири оқилонаи Бадеуддин ба хуҷандиён бахшид ва юриши худро аз сӯйи Хӯқанд ва водии Фарғона ва Самарқанд ва Бухоро идома дод…
Имрӯз ин ривоятро бо андак тағйирот дар бисёр тазкираҳо метавон мушоҳида кард. То чӣ андоза саҳеҳ будани он барои ҳеч кас маълум нест. Аммо дар умқи ин ривоят як ҳақиқати инкорнопазир маҳфуз аст, ки он мункири он шуд. Ин ривоят гувоҳи он аст, ки ҳазрати шайх Маслиҳатуддин Бадеуддини Нурӣ воқеан аз фазлу карами илоҳӣ дар синни шабобият баҳравар буданд ва хеле дуруст мегӯянд аз нигоҳ таоруфи мардумӣ, ки бузургӣ на ба сол аст, бузургӣ ба ақл аст.
Ҳазрати Хоҷа Камоли Хуҷандӣ баъд аз дусад сол пас аз ҳазрати шайх Маслиҳатуддин Бадеуддини Нурӣ ба дунё омадаанд. Аммо ривоят мекунанд, ки ҳазрати Хоҷа Камоли Хуҷандӣ, ки дар ҳаққашон дар “Хазинатулавлиё” мегӯянд “хирқаи шеър ба бар пӯшида медошт…”, аз ихлосмандон ва муридони маънавии ҳазрати бузургвор будаанд. Ин манқулоти мардумиро як ғазали ҳазрати Хоҷа Камол тасдиқ мекунад ва гӯё байни ин ду нафар, ки ҳар як алломаи давру замони худ буданд, як пайванди руҳӣ ва маънавӣ барқарор буд.
Имрӯз бесабаб нест, ки чун аз ин маврид сухан оғоз шавад, ҳатман аҳли маърифат аз ғазали Хоҷа Камол, ки интиҳояш бо сатри “Ба дари шайхи Маслиҳат биравед” хатм мешавад, ёд мекунанд. Ҳамчунин мардуми мо аз он ёд мекунанд, ки Хоҷа Камол мураттаб ба марқади ҳазрати бузургвор меомадаанд ва пеш аз оғози кор ва ё сафаре ба диёри дур чанд оят каломи раббониро қироат ва ба арвоҳи ҳазрат ҳадия мекардаанд ва сипас ба роҳи худ идома медодаанд.
Ҳазрати шайх Маслиҳатуддинро бо номи Бадеуддини Нурӣ ҳам ёд мекунанд. Аз он сабаб, ки дар сайру сулук ва ривоҷи дини мубини ислом равиши наверо эҷод карданд.
Шайх Маслиҳатуддин Бадеуддини Нурӣ, бино ба гувоҳии манобеъ, дар ҳақиқат шоире ширинкалом буданд. Осори орифонаи вай ба таври пароканда дар маҷмӯаҳо ва баёзи шуаро то рӯзгори мо расидааст. Метавон гуфт, ки ҳазрати бузургвор низ аз аҳли тасаввуф буданд ва инро дар нигориши эшон метавон дид.
Дар хусуси он ки ҳазрати шайх Маслиҳатуддин шоир буданд ё хайр, мақолаҳои баҳсангез чоп шудааст. Дар ин маврид устод Асадуллоҳ Саъдуллоев ва ҳамчунин дар китоби “Хуҷанднома”-и марҳум Орифҷон Яҳёзод (чопи Хуҷанд, соли 1994) низ сухан мерафт. Ҳамчунин дар як маноқиби дигар, ки нусхабардорӣ шудааст, дар аҳди мутаваллии масҷиди шайх Маслиҳатуддин дар 23 сафари соли 1387 ҳиҷрии қамарӣ низ гуфта шудааст, ки шайх Маслиҳатуддин аз вилоят бохабар ва аз ҷумлаи авлиёуллоҳ будаанд. Бо шуаро, мутафаккирон ва удабои давраи худ ҳамеша дар муколима буданд. Эшон аз ҷумлаи шоир ва мутафаккирони варзидаи давраи худ буданд. Дар ниҳояи маноқиби мутазаккира омадааст: ҳазрати бузургвор сӯфии соф ва ороста бо беҳтарин авсоф ва дар тариқат пайрави ҳазрати ғавсулаъзам Сайидабдулқодири Ҷилонӣ ва эшон дар аҳди шайх Наҷмуддини Кубро (Қаддасаллоҳу қабраҳуш-шариф!) буданд. Шайх Маслиҳатуддин Бадеуддини Нурӣ ситораи тобони қутби олам ва солики сулуки аавлиёуллоҳ буданд.
Чунонки маълум мешавад, ҳазрати бузургвор илова бар ин ки олими раббонии дини ислом буданд, ҳамчунин орифи барҳақ, сӯфии соф мавсуф ба беҳтарин авсоф, солики роҳи Ҳақ, пайрави барҳаққи чун Мансури Аналҳақ (Раҳматуллоҳи алайҳ!) низ буданд.
Дар ақоиди шариати поки муҳаммадӣ (с) гуфта мешавад, ки бандаи мӯъмин ва аз уммати ҳазрати Муҳаммад (с) боисте ҳамеша дар таомули нек ва хушгамонӣ зияд. Ҳазрати бузургвор аз тариқи шаҷараи маънавӣ, нисбаташон ба муршид ва пири кулли авлиёуллоҳ, рафиқи содиқ, ёри ғор ҳазрати Абӯбакри Сиддиқ мерасад. Дар ҳаққи пири дарвешон иншоаллоҳ дар ҷойи худ мақолае пешкаш хоҳам кард.
Ҳазрати бузургвор бо тахаллусҳои “Каломӣ” ва “Нурӣ” шеъру ғазал гуфтаанд. Тавре, ки гуфтем, осор ва эҷодиёташон то аҳди мо дар шакли пароканда расида аст. Асосан чанд намуна аз онҳо дар маҷмӯаи “Радоифул-ашъор”-и Фахрии Ҳиротӣ ва дар “Баёзи шоирони Хуҷанд” ба табъ расидааст.
Дар яке аз шумораҳои рӯзномаи “Ҳақиқати Ленинобод” (аз 14 марти соли 1970) дар мақолаи устод Раҳим Ҷалил бо номи “Бозёфти пурқимат” аз таърих ва хусусияти ашъори шайх Маслиҳатуддин Бадеуддини Нурӣ сухан меравад.
Устод Раҳим Ҷалил мақолаи мазкурро бо такя ба нақли қавли профессор Эргашалӣ Шодиев навиштаанд. Дар ин бора дар китоби “Хуҷанднома” ҳам сухан меравад. Профессор Э.Шодиев гуфтаанд: “Бо илтимоси (хоҳиши) нависанда Раҳим Ҷалил, он дастхаттро, ки “Радоифул-ашъор” ном дошт ва маҷмӯаи Фахрии Ҳиротӣ аст, ба он кас (яъни Раҳим Ҷалил) нишон додам. Устод хеле хушнуд шуданд ва аз ҳаяҷон гуфтанд, ки “Агар устод Айнӣ зинда мебуданд, ҳозир (ҳамин алъон) ба ҳузурашон ин дастхаттро мебурдам. Устод ҳам беҳадд шод мешуданд. Раҳим Ҷалил аз ман илтимос карданд, ки ду ғазали шайх Маслиҳатуддини Хуҷандиро навишта гирам. Ман розигӣ додам. Дере нагузашта, он кас бо муқаддимаи мухтасаре ва бо сарлавҳаи “Бозёфти пурқимат” ин ду ғазалро чоп карданд…”
Бо итминони комил метавон гуфт, ки шайх Маслиҳатуддин Бадеуддини Нурӣ шоир низ будаанд ва завқи баланди шоирӣ доштаанд. Ин рубоии зайл аз ҳазрати бузургвор аст:
Рафтам ба табибу гуфтам аз ғояти дард,
Бемории ишқро чӣ мебояд кард?
“Хуни дилу оби дида” шарбат фармуд,
Аз хуни ҷигар ғизо ҳамебояд кард.
Дар илми исломшиносӣ ва илоҳиёт мурод аз “хуни дил хӯрдан” ба таҳқиқ бандагӣ кардан аст, дар зоҳиру ботин бо таҳорат будан ва бо васвасаҳои шайтонӣ дар мубориза аст, ҳамеша дар муқобили сархушиҳо ва фиреб ва найрангҳои он бояд бурдборона истод. Ин, хусусан барои ҷавонон хеле мушкил аст.
“Оби дида” дар ин рубоӣ барои марди обид ва сӯфии соф чашмаест аз қаъри дил. Дар ҳадис аст, ки хушо ба ҳоли он бандагоне, ки ба фикру зикри охират гунаи эшонро оби дида бишӯяд. Ин оби дидагон раҳми парвардигорро биёварад ва сипарӣ мешавад барои аҳли тақво…
Акнун меойем сари он ду ғазале, ки устод Раҳим Ҷалил онро зайли унвони “Бозёфти пурқимат” ба табъ расонда буданд. Банда ин ду ғазалро ба ҳазрати шайх Маслиҳатуддин нисбат медиҳам, зеро таърих тасдиқ кардааст, ки эшон шоир ва мутафаккир буданд.
Дар “Куллиёт”-и ҳазрати шайх Камоли Хуҷандӣ ғазале бо номи “Нагузоранд” омада, ки хеле машҳур аст. Ин ғазал ин гуна оғоз мешавад:
Моро гуле аз рўйи ту чидан нагузоранд,
Чидан чӣ хаёлест, ки дидан нагузоранд.
Сад шарбати ширин зи лабат хастадилонро
Наздики лаб оранду чашидан нагузоранд…
Ҳазрати шайх Маслиҳатуддин ҳам бо чунин шева ва бо чунин оҳанг ва бо номи “Нагузоранд” ғазале доранд. Ин дар ҳолест, ки ҳазрати бузургвор чандсад сол аз шайх Камол пештар зиста ва эҷод карда буданд. Ғазал ин аст:
Дардо, ки ба кӯйи ту расидан нагузоранд,
Сӯйи дару девори ту дидан нагузоранд.
Оби Хизир аст он лаби ҷонбахшу лекин,
Мо ташна бимурдему чашидан нагузоранд.
Боғест ҷамолат, ки дар он бас гули раъно
Бишкуфта, вале ҳайф, ки чидан нагузоранд.
Аз дур ба кӯяш гузарам ҳамчу касе к-ӯ
Бинад сӯйи фирдавсу расидан нагузоранд.
Поёни шаби ҳаҷр на пайдост магар субҳ,
Дар муддати ишқи ту дамидан нагузоранд.
Медоштам он чашм, ки хоки қадаматро
Дар дида кашам, лек кашидан нагузоранд.
Ғазали дуввум бо номи “Бархост”, ки дар матбуот чоп шуда чунин аст:
Чӣ сабзаест, к-аз он рӯйи оташин бархост,
Кӣ дида сабза аз оташ, ки инчунин бархост?
Кадом моҳ ба шакли ту дилфурӯз омад?
Кадом сарв мисли ту нозанин бархост?
Шаби фироқи ту аз хуни дидаам доман
Чунон пур аст, ки натвонам аз замин бархост.
Ба ростӣ чу қади дилкаши ту ном гирифт,
Нишони ростӣ аз сарви ростин бархост.
Ба хоки роҳи ту дар орзуи дидорат
Нишаст шод Каломӣ, вале ҳазин бархост.
Чунонки аз ин ду ғазал бармеояд, ҳазрати бузургвор завқи зарифи шоирона доштаанд ва албатта аз таркиби ин ду ғазал ба таври комил ҷойгоҳи адабии ӯро наметавон мушаххас кард. Аммо руҷӯъ мекунем ба дигар бозёфт, ки низ аз табъи болидаи ҳазрати бузургвор шаҳодат медиҳад.
Сардафтари адабиёти муосири тоҷик, устод Садруддин Айнӣ дар китоби худ “Намунаҳои адабиёти тоҷик” (чопи Маскав, соли 1928) дар шумори 112 нафари беҳтарини шоирон ва адибони тоҷики садаи 10-12 шайх Маслиҳатуддинро зикр карда ва дар он аз осори ҳазрати бузургвор як рубоӣ оварда шудааст:
Аз рахнаи даҳр ҳамчу дуздон ҷастам,
Рахти сафари манзили дигар бастам.
Бар лошахари вуҷуд будам якчанд,
Гург омаду хар дариду аз ғам растам.
Ин ҷо ҳазрати бузургвор фирори худро аз дунёи дун дар назар доранд. Сафари маънавии эшон дар назар аст, ки мурод аз рахти сафар ба манзили дигар, аз шарру шӯри даҳр иҷтиноб кардан аст. Шояд мисроъи севвум “бар лошахари” на “бо лошахари” бошад. Маънӣ ҳамин тавр мешавад, ки ба таври тамсилӣ бо лошахар (на лошахӯр) чанд муддат будам ва руҳу қалби ҳазрат, ки аз нури илоҳӣ дар таҷаллӣ буд, ҳаргиз мантиқан дуруст нест, ки инчунин қалбу руҳ дар андӯҳ набошад… Ва дар интиҳо, “гург омаду хар дариду аз ғам растам” мегӯянд.
Агар мо ба умқи маънии каломи орифон бо назари таҳқиқ назар андозем, маълум мешавад, ки эшон тақрибан ҳамагӣ аз дунё ва лаҳву лаъиб дилсард буданд. Ин дунё ба таҳқиқ мазраъе баҳри заръи ҳосили эшон нест. Ҳазрати Муҳаммад (с) дунёро ба мазраъа ташбеҳ кардаанд, ин ҳадиси саҳеҳ аст. Яъне “дунё зироатгоҳи охират аст”. Дунёро аҳли маърифатуллоҳ дори имтиҳон медонанд. Дунё, саройи корвониён аст, ки ҳар кас дар он дарояд, зуд бадар ояд. Дунё як камингоҳи муваққатӣ аст барои аҳли имон, то баҳри дар дунёи маъбуд ворид шудан машғулияти хайре дошта бошад. Чунонки таърих гувоҳ аст, дунё бар аксари паёмбарон ва анбиё, ба авлиё ва дӯстони Худо вафо накарда, аммо беш ҷафо кардааст. Қиссаи паёмбарон ва ҳаёт ва фаъолияти бузургони мо инро тасдиқ менамояд. Аз ин рӯ, лоҷарам Худованд ба бархе дӯстони худ дар ин дунё ғаму андӯҳро бештар додааст… Ишораи ҳазрати шайх Маслиҳатуддин ҳамин аст, ки гуфтаанд: “Гург омаду хар дариду аз худ растам…”
Ҳазрати шайх Маслиҳатуддин Бадеуддини Нурӣ дар хоки Хуҷанди бостон мадфунанд. Хоки муқаддаси Хуҷанд садҳо ва даҳҳо нобиғаи давронро дар оғӯши худ гирифтааст. Шайх Маслиҳатуддин Бадеуддини Нурӣ шукӯҳи ин шаҳрро боз ба дараҷаи болотар бардоштанд. Хуҷанд аз шаҳрҳои хеле қадим ва дар ҳар давру замон бо фарҳанг ва таърих ва уламои замони худ дар радифи азимтарин билоди олам ҷой гирифта буд. Беҳуда нест, ки муаррихон шаҳри Хуҷандро дар радифи шаҳрҳои номдор ва маъруфе чун Бухоро, Самарқанд, Марв, Балх ва Бағдод ҷой додаанд. Шаҳри Хуҷанд барои аҳли маърифат ва ҳунар ва барои равшанфикрон ҳамаи адвор як мавзеи мусоид ва хуш обуҳаво ва ҳамчунин ҳамеша дар мадди назари мулуку салотин буда аст. Шояд аз ин сабаб, ки ин шаҳрро бо ифтихор “тирози ҷаҳон” яъне “арӯси ҷаҳон” меномиданд.
Дар китоби Ибни Фақеҳ (с.325), ки бо номи “Маҷмаъул-булдон” интишор ёфтааст, чун сухан аз хусусиёти шаҳрҳои олам меравад, дар ҳаққи шаҳри Хуҷанд омадааст: “Ва ман надидам шаҳреро дар байни шаҳрҳои ғарқу ғарб, тоза ва муназзаҳтар аз шаҳри Хуҷанд. Хуҷанд шаҳри хеле зебост. Ба аҷобат ва таҳайюр меорад бинандаашро. Ва он (Хуҷанд)-ро ба забони форсӣ (шаҳре) дилбаранда гӯянд.”
Ҳазрати шайх Маслиҳатуддин Бадеуддини Нурӣ дар ҳақиқат аз аҳли тасаввуф буданд. Хоҷа Камоли Хуҷандӣ, ки дар соли 1400 мелодӣ аз олами фонӣ ба олами боқӣ реҳлат намуданд, дар як ғазали худ чунин фармудаанд:
Дар сафи сӯфиёни пандпазир
Гар муридони маслиҳатшунавед,
Доманафшон зи хонумон чу Камол
Бар дари шайхи Маслиҳат биравед!
Дар матлаи “Дар сафи сӯфиёни пандпазир” хеле маънӣ нуҳуфтааст. Яъне эй онҳое, ки чун дигар сӯфиёнед ва пандпазиред ва низ мурид ҳастед, маслиҳат хоҳед, мисли Камол доманафшон ба дари шайхи Маслиҳат биравед!
Чунонки дар фавқ зикр шуд, то рӯзгори мо аз ҳазрати бузургвор чанд рубоӣ омада расидааст. Ва ҳоло руҷӯъ мекунем ба як фармудаи эшон, ки дар таркиби худ маънии амиқро ҷой додааст, байти мазкур ин аст:
Таҷаллӣ гар расад бар кӯйи ҳастӣ,
Шавад чун хок аз ҳастӣ ба пастӣ.
Ин ҷо албатта калом аз таҷаллиёти илоҳӣ аст, ки ҳазрати шайх Маслиҳатуддин ишора ба оёти каломи раббонӣ мекунанд.
Шайх Маслиҳатуддин Бадеуддини Нурӣ дар замоне умр ба сар бурданд, ки сатҳи маънавият ва маданият, дин, ойиндорӣ ва маърифати илоҳии мардум рӯ ба тараққӣ буд, ки ин амр бештар марҳуни давлати Сомониён аст. Дар шаҳрҳои Самарқанд ва Бухоро, Балх ва Марв ва Ҳарот ва Истаравшан ва Хуҷанд ва Ҳисор дар ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёти мардуми оддӣ беҳбудӣ ба назар мерасид.
Маслиҳатуддин бо лақаби “шайх” маъруф аст. “Шайх” мартибаест, ки ба ҳар олиме эъто намешуд. Дар ин бора дар китоби “Футувватномаи султонӣ”-и Ҳусайни Воизи Кошифӣ, ба тафсил дар хусуси вежагиҳои ин лақаб сухан рафтааст. Истилоҳи “шайх” ба маънои “пир” аст. Дар забони арабӣ мӯйсафедро “шайх” мегӯянд ва пиразанро “шайха” ва пириро “шайхуха”. Дар истилоҳи аҳли шариат, “шайх” ба касе итлоқ мешавад, ки дар илм ва маърифати илоҳӣ бо фаҳму фиросат ороста бошад, мутавозеъ ва ҳалим ва нармгуфтор бошад. Ва агар фаразан як нафар шайхеро барои худ пири маънавӣ интихоб кунад ва аз рӯйи таомули пирӣ-муридӣ ба ӯ даст диҳад ва инобат кунад, шайх ӯро ба роҳи росту дуруст ҳидоят намояд. Албатта дар инобат ва ҳидояти Худованд бар ҳама авло ва аълост.
Мақбараи ҳазрати шайх Маслиҳатуддин Бадеуддини Нурӣ тақрибан ҳаштсад сол пеш бино шудааст. Ҳазрат соли 1223 мелодӣ аз ҷаҳон чашм пӯшидаанд ва дар ин мавзеи кунунӣ, ки дар он замон яке аз қабристонҳои бузурги шаҳри Хуҷанд маҳсуб мешуд, ба хок супурда шуданд. Шояд дар ҳамон солҳо ба нишони эҳтиром атрофи қабри ҳазрат девор ва ё сағонае бардошта шуда буд, аммо баъдан тавре, ки ривоят мекунанд, таҷдиди бино шуда ва дар садаи 14, ки дар таърих ба унвони соли эҳё ва ободгардонии мақобир ва ёдгориҳои меъморӣ ёд мешавад, мақбараи ҳазрати шайх Маслиҳатуддин низ қомат афроштааст.
Тайи моҳҳои апрел ва майи соли 2001 бо ибтикор ва дастгирии раиси вилояти Суғд ба муносибати даҳсолагии ҷашни Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарҳи тиллокории сақфи мақбараи ҳазрати бузургвор ба иҷро гузошта шуд. Аз беҳтарин мутахассисони тиллокори шоғил дар музейҳҳои Маскав ва Санкт-Петербург дар ин кор даъват ба амал омад. Тайи чиҳил рӯз сақфи гунбади болои марқади ҳазрати бузургвор тиллокорӣ шуд, ки дар мамолики Осиёи Миёна иҷрои ин тарҳ баъд аз мадрасаи тиллокории Самарқанд дар мақоми дуввум қарор мегирад, ки тайи 500 соли ахир намунаи онро касе то ҳанӯз надидааст. Дар яке аз дарҳои даромадгоҳи мақбара (аз ҷониби қибла) бо ҳуруфи зебои форсӣ як рубоӣ ба сурати кандакорӣ навишта шудааст.
Рӯйи марқади ҳазрати шайх Маслиҳатуддин низ бо ҳунари волои кандакорӣ ба забони арабӣ навишта шудааст: “Ин равза, равзаест аз равзаҳои биҳишт ва пораест аз пораҳои ҷаннатулфирдавс”.
Мақбараи ҳазрати шайх Маслиҳатуддин Бадеуддини Нурӣ имрӯз дар ҷониби шимолу ҷануби масҷиди Маслиҳатуддин дар масоҳати 456 метри мураббаъ бино шудааст ва бешак барои зуввор ва барои ҳар мӯъмин ва мусалмон аз амокини муқаддас ва мутабаррика маҳсуб мешавад.
Манбаъ: Маҷаллаи “Рӯдакӣ”, дуфаслномаи пажӯҳишҳои фарҳангӣ, забонӣ ва адабии Осиёи Марказӣ.
Баргардон аз хатти форсӣ ба тоҷикӣ: Сайидюнуси Истаравшанӣ
istaravshani.com
Тоҷнек