• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Инсон ва инсоният

Сифатҳои мӯъмин дар баёни Имом Алӣ(а)

December 5, 2025
in Инсон ва инсоният
0
Нигоҳе ба зиндагии Шамсуддини Самарқандӣ

Нигоҳе ба зиндагии Шамсуддини Самарқандӣ

0
SHARES
21
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Сифатҳои мӯъмин дар баёни Имом Алӣ(а)

Мактаби инсоният

Имом Алӣ (алайҳис салом) дар сифати мӯъмин гӯяд:

“Мӯъминро шодмонӣ дар чеҳра аст ва андӯҳ дар дил. Ҳавсалааш аз ҳама беш аст ва нафсаш (пеши худаш) аз ҳама хортар. Бартариҷӯиро хуш надорад ва аз худнамоӣ безор аст. Андӯҳаш бисёр ва ҳимматаш баланд ва хомӯшияш дароз ва вақташ машғул аст. Мӯъмин сабур ва шукргузор аст. Ҳамвора дар андеша аст ва дар изҳори ниёз худдорӣ кунад. Нармхӯй ва нарм‏рафтор аст. Нафсаш аз сахра сахт‏тар аст, дар айни ҳол, худро аз бардагон камтар мегирад.”

(Наҳҷулбалоға, ҳикмати шумораи 333)

* * *

Шарҳи ин ҳикмат:

Имом Алӣ (а) дар ин ҳикмат, барои мӯъмин 16 сифатро ёд кардааст:

1) Шодияш дар чеҳра аст. (Ҳеч вақт табассум аз лабонаш канда намешавад, ҳарчанд дар сахттарин ҳолатҳо гирифтор омада бошад);

2) Ғамаш дар дил аст. (Яъне агар нороҳат аст, саъй мекунад дар дарунаш нигаҳ дорад ва бо изҳори он дигаронро нохурсанд насозад.)

3) Аз ҳар чиз бештар сиъаи садр дорад;

4) Нафсаш аз ҳар чиз хортар аст (ба хотири тавозӯъаш дар баробари Худо);

5) Аз бартариҷӯӣ ва гарданфарозӣ безор аст. (Чун ин сифат монанди худбинӣ ва худписандӣ решаи тамоми пастиҳост.)

6) Ғами тӯлони‏аш ба хотири нигариши мудовим бар марг ва пас аз марг аст, ки дар пеши рӯйи ӯст;

7) Волоҳиммати‏аш аз он рӯст, ки волоҳимматӣ ва дурӣ аз пастиҳои дунё ва таваҷҷӯҳ ба ҳадафи ниҳоӣ яъне саодати ҷовидонаи ухравӣ, аз вежагиҳои мӯъмин аст;

8) Хомӯшии бисёри ӯ ба хотири камоли ақлаш мебошад ва ҷуз ба миқдори ниёз ва барои гуфтани сухане, ки ҳикмат ва маслиҳат дорад, дам барнамеёварад;

9) Вақтҳои зиндагиашро ба ибодати Парвардигораш машғул аст;

10) Сипосгузор аст, яъне Худоро фаровон сипос мегӯяд;

11) Бурдбор аст, яъне дар баробари озмуни илоҳӣ сабур аст;

12) Дар андешаи малакути осмонҳо ва замин ва дарёфти оёти Худо ва бинише, ки аз онҳо касб мекунад, фурӯ рафтааст;

13) Вақте ки барои ӯ ҳоҷате пеш ояд, аз ин ки ҳоҷати хешро аз касе дархост кунад, худдорӣ ме‏варзад;

14) Нармхӯст, яъне дар табъи ӯ сахтгирӣ ва хушунат вуҷуд надорад;

15) Табъаш ром аст. (Киноя аз ин ки дар бархӯрд бо дигарон, нарм ва ҳамвор аст.)

16) Ирода‏аш устувор ва аз санг сахттар аст, ба далели шуҷоат ва пойдорӣ дар роҳи Худо, дар ҳоле ки ба хотир тавозӯъ ва маърифате, ки нисбат ба қудрати Офаридгор дорад, аз бардае хортар аст.

tajnek.com

Тоҷнек

Source: Сифатҳои мӯъмин дар баёни Имом Алӣ(а)
Via: Сифатҳои мӯъмин дар баёни Имом Алӣ(а)
Tags: Сифатҳои мӯъмин дар баёни Имом Алӣ(а)
Previous Post

Маҳалли нуфузи шайтон

Next Post

Насиҳати Имом Ғаззолӣ ба уламои дин

Related Posts

Дарсе фаро гирифтам
Инсон ва инсоният

Дарсе фаро гирифтам

January 7, 2026
Оё шумо шараф доред?
Инсон ва инсоният

Оё шумо шараф доред?

January 3, 2026
Ахлоқи некӯ
Инсон ва инсоният

Покии руҳ

January 3, 2026
Андеша
Инсон ва инсоният

Ҳар инсоне андешаманд аст

January 3, 2026
Тарсондан – зулми бузург
Инсон ва инсоният

Нодон кист?

January 3, 2026
Ҳанӯз ёд дорам
Инсон ва инсоният

Ҳикояти қозӣ ва ғулом

January 3, 2026
Next Post
Фарҳанг ва таърихи башар

Насиҳати Имом Ғаззолӣ ба уламои дин

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

April 4, 2023
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
Рози аслии муваффақият

Кори имрӯзаро ба фардо магузор

August 13, 2025
Дин

Дин

December 24, 2022
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

0
Дарсе фаро гирифтам

Дарсе фаро гирифтам

January 7, 2026
Донишҷӯ ва устод

Донишҷӯ ва устод

January 7, 2026
Мақоми ҳикмат

Мақоми ҳикмат

January 7, 2026
Тарсондан – зулми бузург

Тарсондан – зулми бузург

January 7, 2026

Recent News

Дарсе фаро гирифтам

Дарсе фаро гирифтам

January 7, 2026
Донишҷӯ ва устод

Донишҷӯ ва устод

January 7, 2026
Мақоми ҳикмат

Мақоми ҳикмат

January 7, 2026
Тарсондан – зулми бузург

Тарсондан – зулми бузург

January 7, 2026
Tajnek

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Дарсе фаро гирифтам

Дарсе фаро гирифтам

January 7, 2026
Донишҷӯ ва устод

Донишҷӯ ва устод

January 7, 2026
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved