• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Инсон ва инсоният

Насиҳати Имом Ғаззолӣ ба уламои дин

December 5, 2025
in Инсон ва инсоният
0
Фарҳанг ва таърихи башар

Фарҳанг ва таърихи башар

0
SHARES
24
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Насиҳати Имом Ғаззолӣ ба уламои дин

Мактаби инсоният

Имом Ғаззолӣ (р) дар “Кимиёи саодат” мегӯяд:

“Чун бештари амволи салотин аз роҳи номашрӯъ таҳсил мешавад (ба даст меояд), бояд муфтӣ, қозӣ, мутаваллӣ, табиб ва махсусан аҳли илм ҳатталимкон ҷирахори онҳо набошанд ва бо салотин дар корҳои носавоб (нодуруст) мувофиқат накунанд ва аъмоли норавои ононро тазкияву таҳсин нанамоянд (ва) наздики эшон нараванд. Ва агар уламо назди салотин раванд ва бар эшон салом гӯянд, амале мазмум кардаанд.”

Сипас Имом Ғаззолӣ (р) аз қавли Пайғамбари ислом (с) менависад:

“Душмантарини уламо назди Худои Таоло уламоеанд, ки ба наздики умаро шаванд”.

“Беҳтарини умаро ононанд, ки ба наздики уламо шаванд. Ва бадтарини уламо ононанд, ки наздики амирон шаванд”.

“Уламо амонатдорони пайғамбаронанд то бо умаро мухолитат накунанд, (ва) чун карданд, хиёнат карданд дар амонат, аз эшон (яъне аз ин гуна уламо) ҳазар кунед ва дур бошед”.

Ваҳб ибни Мунаббиҳ мегӯяд, ки: “Ин уламо, ки ба наздики султон мешаванд, зарари эшон бар мусуамонон беш аз зарари муқомирон (қиморбозон) аст”.

Ва Муҳаммад ибни Салама мегӯяд, ки: “Магас бар наҷосати одамӣ накӯтар аз он, ки олим бар даргоҳи султон”.

Сипас менависад: “Бар салотину тавонгарон ҷуз салом раво набувад, аммо даст бӯсидану пушт дуто кардану сар фуруд овардан ин ҳама нашояд… Баъзе аз салаф муболиғат кардаанд ва ҷавоби саломи золимон надодаанд, то истихфоф карда бошанд бар эшон ба сабаби зулм…”

Имом Ғаззолӣ (р) аз донишмандоне, ки забон ба мадҳи ситамгарон мекушоянд, ба зиштӣ ёд мекунад ва мегӯяд, ҳар касе аз султон амале нораво дид, бояд забон ба насиҳати ӯ бикушояд ва ӯро аз корҳои носавоб боздорад…

(Кимиёи саодат, с.299 ба баъд ба ихтисор)

tajnek.com

Тоҷнек

Source: Насиҳати Имом Ғаззолӣ ба уламои дин
Via: Насиҳати Имом Ғаззолӣ ба уламои дин
Tags: Насиҳати Имом Ғаззолӣ ба уламои дин
Previous Post

Сифатҳои мӯъмин дар баёни Имом Алӣ(а)

Next Post

Ба рӯзгори саломат шикастагон дарёб

Related Posts

Ба рӯзгори саломат шикастагон дарёб
Инсон ва инсоният

Ба рӯзгори саломат шикастагон дарёб

December 5, 2025
Паёмади андӯҳгин кардани мӯъмин
Инсон ва инсоният

Сифатҳои мӯъмин дар баёни Имом Алӣ(а)

December 5, 2025
Ҳаркиро завқи дин падид ояд...
Инсон ва инсоният

Маҳалли нуфузи шайтон

December 5, 2025
Марде аз кишвари истеъморӣ ва мухолиф бо низоми истеъморӣ
Инсон ва инсоният

Марде аз кишвари истеъморӣ ва мухолиф бо низоми истеъморӣ

November 22, 2025
Таърихсозӣ
Инсон ва инсоният

Таърихсозӣ

November 20, 2025
Инсони ҳақхоҳ
Инсон ва инсоният

Инсони ҳақхоҳ

November 17, 2025
Next Post
Ба рӯзгори саломат шикастагон дарёб

Ба рӯзгори саломат шикастагон дарёб

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

April 4, 2023
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
Дин

Дин

December 24, 2022
Қаҳрамонон намемиранд

Қаҳрамонон намемиранд

January 3, 2023
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

0
Ирфон ва тасаввуф ба забони содда

Ирфон ва тасаввуф ба забони содда

December 5, 2025
муваффақият

Ҳикояти шоҳ ва ҳаким

December 5, 2025
Сафсата

Сафсатагӯӣ

December 5, 2025
Ба рӯзгори саломат шикастагон дарёб

Ба рӯзгори саломат шикастагон дарёб

December 5, 2025

Recent News

Ирфон ва тасаввуф ба забони содда

Ирфон ва тасаввуф ба забони содда

December 5, 2025
муваффақият

Ҳикояти шоҳ ва ҳаким

December 5, 2025
Сафсата

Сафсатагӯӣ

December 5, 2025
Ба рӯзгори саломат шикастагон дарёб

Ба рӯзгори саломат шикастагон дарёб

December 5, 2025
Tajnek

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Ирфон ва тасаввуф ба забони содда

Ирфон ва тасаввуф ба забони содда

December 5, 2025
муваффақият

Ҳикояти шоҳ ва ҳаким

December 5, 2025
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved