• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Инсон ва инсоният

Ниёзмандии инсон ба ахлоқи хубу некӯ

February 14, 2026
in Инсон ва инсоният
0
Ниёзмандии инсон ба ахлоқи хубу некӯ

Ниёзмандии инсон ба ахлоқи хубу некӯ

0
SHARES
8
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Ниёзмандии инсон ба ахлоқи хубу некӯ

Мактаби инсоният

Муртазо Мутаҳҳарӣ

Инсон ба касби ахлоқи хуб ниёзманд аст

Пайғамбари Акрам алайҳис салом фармуд: “Ман мабъус шудам, то ахлоқи бузургворонаро татмим ва такмил кунам”. (“Сафинатул-биҳор”, ҷ.1, с.411)

Афроди башар ҳамон тавре, ки аз лиҳози қиёфа ва ранг мутафовитанд: яке зебост ва яке зишт, яке сиёҳ аст ва яке сафед ва яке зард ва яке сурх, аз лиҳози сифоти руҳӣ ва хулқу хӯй низ мутафовитанд: яке хушхӯ аст ва яке бадхӯ, яке рауф ва меҳрубон аст ва дигаре бемеҳр ва қасиюлқалб, яке беозор аст ва дигаре муъзӣ, яке шуҷоъ аст ва дигаре тарсу, яке афиф ва ботақвост ва дигаре лоуболӣ ва беқайд, яке баландназар аст ва дигаре паст, яке одил аст ва дигаре золим, яке ҳурр ва озод аст ва дигаре забун ва бандасифат, вале бо ин тафовут, ки аввалан шаклу андому ранг интихобӣ ва ихтиёрӣ ва қобили тағйиру табдил нест ва аммо сифоти руҳӣ ва ахлоқ ва хӯйҳо то ҳадди зиёде интихобӣ ва ихтиёрӣ ва қобили тағйиру табдил аст. Дигар ин ки рангу шаклу андом дар саодат ва хушии башар таъсири қобили таваҷҷӯҳе надорад, аммо сифот ва ҳолатҳои руҳӣ бузургтарин омили саодат ва ё бадбахтии афрод ва ақвом аст.

Як фарқе, ки байни инсон ва соири анвои ҳайвон ҳаст ин аст, ки ҳар навъе аз анвоъи ҳайвон дорои як навъ ғароиз ва хӯйҳои собит ҳастанд ва камтар метавон онҳоро тағйир дод. Шер ё паланг ё асп ё саг ё гурба ҳар кадом дорои як силсила сифот аз дарандагӣ ё беозорӣ ё ҳирс ё фиребкорӣ ё вафо ё бевафоӣ аст ва ҳамаи афроди навъ, он сифатро яксон доранд. Масалан, навъи саг вафодор аст ва ин сифат дар ҳамаи афроди ин ҳайвон дида мешавад ва навъи гурба аз ин сифат бебаҳра аст, навъи занбӯри асал ё мӯрча бо як силсила сифот офарида шудаанд, ки ба сурати собит ва якнавохт ва ба таври яксон дар ҳамаи афроди онҳо мавҷуд аст.

Маҷмӯъи сифоти ҳар ҳайвоне мутаносиб аст бо вазъи зиндагӣ ва сохтмони вай, яъне барои зиндагии ҳар ҳайвоне, беҳтарин сифот ҳамон аст, ки ба таври ғариза ҳамроҳ дорад.

Аммо инсон ин тавр нест. Аввалан, ҳамаи афроди инсон аз лиҳози сифот якнавохт нестанд, балки ҳар сифате дар мунтаҳо дараҷаи ифроту тафрит дар инсонҳо дида мешавад. Башарҳое дида мешаванд дар мунтаҳои ҷуд ва бахшандагӣ, башарҳое ҳам дида мешаванд дар мунтаҳои бухл ва имсок. Ҳамчунин аз лиҳози шуҷоат ва ҷубн ва аз лиҳози порсоӣ ва нопорсоӣ ва соири сифот.

Пас маълум мешавад, ки дастгоҳи хилқат ва табиат, ҳар ҳайвонеро ба сифоти лозими ҳаёт муҷаҳҳаз карда магар инсонро. Аммо дар хилқат ва табиат, дар бораи инсон ҳам кӯтоҳӣ нашуда: аз тарафе, ба вай ақлу ирода дода шуда, ки метавонад сифоти хуб яъне сифотеро, ки мутаносиби шаън ва мақом ва зиндагии одамӣ аст аз сифоти бад тамйиз бидиҳад ва худро ба сифоти хуб муҷаҳҳаз кунад, аз тарафи дигар Худованд гурӯҳе аз бандагони баргузида ва мухлиси худро — ки мо онҳоро ба номи анбиё мехонем — мабъус фармуда, ки сифоти хуб ва ба таъбири Расули Акрам, ахлоқи бузургворонаро татмим ва такмил кунанд, яъне мардумро ба сифоте, ки шоистаи инсоният аст ва мӯҷиби руқо ва камол ва равнақи зиндагии инсонӣ аст ташвиқ ва тавсия кунанд; сифоти мухолифро аз руҳи онҳо пок кунанд ва сифоти хуб ва муносиби шаъни одамиро дар онҳо эҷод кунанд.

Пас маънии сухани пайғамбар ин аст, ки ман мабъус шудаам барои ин ки одамиятро такмил кунам. Яке аз фалосифа мегӯяд: олитарин ҳадафе, ки инсон метавонад дошта бошад, ширкат дар одамсозӣ аст.

Касоне, ки ба башарият хидмат кардаанд, онҳо ҳастанд, ки як чизи хуб ба башар додаанд. Яке маркаби хуб дар ихтиёри башар гузошта ва яке василаи рӯшноии хуб ва яке аслиҳаи хуб ва яке иморат ва сохтмони хуб ва яке роҳи хуб ва билохира ҳар касе, ки ба башар хидмат карда аз ин роҳ буда, ки як василаи хуб дар ихтиёри башар гузошта, ба истиснои силсилаи анбиё ва муаллимон ва мураббиёни илоҳӣ, ки ҳадафашон ин буда, ки инсонҳои хуб бисозанд ва он чи аз ахлоқи фозила имрӯз дида мешавад, мадюни заҳамоти муаллимон ва мураббиёни илоҳӣ аст.

Ҳар василаи хуб он гоҳ ба ҳоли башар муфид аст, ки худи башар хуб бошад, яъне ахлоқи олии инсонӣ дошта бошад ва агар руҳу ҷони башар хуб нашуд, ҳамаи васоили хуб дар роҳи тахриб ва бадбахтии башарият ба кор бурда мешавад. Дониш ва кор, ки ду шарти асосии саодати башар мебошанд, ҳангоме кофӣ хоҳанд буд, ки мақрун ба сифоти хуби ахлоқӣ буда бошад, вагарна монанди силоҳи бурранда ва коре аст, ки дар дасти девонае биафтад.

Теғ додан дар кафи зангии маст,

Беҳ ки ояд илм нокасро ба даст.

Илму молу мансабу ҷоҳу қирон

Фитна омад дар кафи бадгавҳарон.

(Мавлоно)

Имрӯз пас аз ҳазорон сол, ки аз тамаддуни башар гузашта, муқаддастарин калимот барои вай калимаҳои ҳақ, адолат, ҳамзистӣ, демукросӣ, озодӣ, бародарӣ, мусовот, эҳсон, ҳақшиносӣ, вафои ба аҳд, ростӣ, дурустӣ, тақво, покдоманӣ, навъдӯстӣ, сафо ва самимият аст. Ин калимот нишонаҳои ҳақоиқе аст, ки башар онҳоро муқаддас мешуморад ва хушбахтии худро дар партави инҳо медонад. Аз тарафе, абзорҳои бисёр судманд дар тӯли таърих ба дасти башар афтода: башар қувваҳои табиатро дар хидмати худ оварда, аз барқ ва бухор ва нерӯи атом васоиле барои ҳама шуъун зиндагӣ фароҳам кардааст.

Ин васоил кӯмаки фаровоне ба хушбахтии башар кардааст. Бояд дид, оё ин васоил, бештар дар хушбахтии башар таъсир дорад ё он ҳақоиқ, ки муқаддас мешуморад. Мусалламан агар бино бишавад башар ҳамаи васоилро дар ҳадди аъло дошта бошад ва аммо асаре аз он ҳақоиқ вуҷуд надошта бошад ва ё ин ҳақоиқ буда бошад, аммо башар ин васоилро надошта бошад ва монанди давраҳои аввали тамаддун зиндагӣ кунад, қисми дуввумро тарҷеҳ хоҳад дод.

Агар он ҳақоиқ вуҷуд дошта бошад, васоил пайдо мешавад ва аммо агар васоил бошад ва он ҳақоиқ набошад, тадриҷан худи васоил низ аз байн меравад. Он ҳақоиқ ба манзилаи руҳ ва ҳаёт аст ва ин васоил ба манзилаи узв. Агар руҳ, солим бошад узв дуруст хоҳад шуд ва аммо узви бидуни руҳ тӯле намекашад, ки фосид мегардад.

Он чи ҳадафи пайғамбарон аст, ислоҳи руҳ ва маънии зиндагӣ аст. Ҳангоме, ки руҳ ва маънӣ ислоҳ шуд ва ба таъбири Расули Акрам, ахлоқи бузургворона дар ҷомеа падид омад, соири шуъуни зиндагӣ тадриҷан ислоҳ мегардад.

Тоҷнек

tajnek.com

Source: Ниёзмандии инсон ба ахлоқи хубу некӯ
Via: Ниёзмандии инсон ба ахлоқи хубу некӯ
Tags: Ниёзмандии инсон ба ахлоқи хубу некӯ
Previous Post

Аз ғайбат ва суханчинӣ бипарҳез!

Next Post

Хилофат ё ислом

Related Posts

Ахлоқи некӯ
Инсон ва инсоният

Аз ғайбат ва суханчинӣ бипарҳез!

February 14, 2026
Зарурати ҳисси эътимод ва истиқлол дар ҷомеа
Инсон ва инсоният

Зарурати ҳисси эътимод ва истиқлол дар ҷомеа

February 10, 2026
Хушии дурӯғин
Инсон ва инсоният

Хушии дурӯғин

February 10, 2026
кӯдакон
Инсон ва инсоният

Лаззат ва ширинии зиндагӣ

February 10, 2026
Робитаи ахлоқ ва сиёсат аз дидгоҳи Макиавелли
Инсон ва инсоният

Робитаи ахлоқ ва сиёсат аз дидгоҳи Макиавелли

February 10, 2026
Мавлоно
Инсон ва инсоният

Меҷӯям ба ҳарсӯ одаме

February 10, 2026
Next Post
Хилофат ё ислом

Хилофат ё ислом

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

February 7, 2026
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
Рози аслии муваффақият

Кори имрӯзаро ба фардо магузор

August 13, 2025
Дин

Дин

December 24, 2022
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

0
Ҷамоат қувват аст

Ҷамоат қувват аст

February 14, 2026
Андеша ва афкори Мутаҳҳарӣ

Андеша ва афкори Мутаҳҳарӣ

February 14, 2026
Хилофат ё ислом

Хилофат ё ислом

February 14, 2026
Ниёзмандии инсон ба ахлоқи хубу некӯ

Ниёзмандии инсон ба ахлоқи хубу некӯ

February 14, 2026

Recent News

Ҷамоат қувват аст

Ҷамоат қувват аст

February 14, 2026
Андеша ва афкори Мутаҳҳарӣ

Андеша ва афкори Мутаҳҳарӣ

February 14, 2026
Хилофат ё ислом

Хилофат ё ислом

February 14, 2026
Ниёзмандии инсон ба ахлоқи хубу некӯ

Ниёзмандии инсон ба ахлоқи хубу некӯ

February 14, 2026
Tajnek

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Ҷамоат қувват аст

Ҷамоат қувват аст

February 14, 2026
Андеша ва афкори Мутаҳҳарӣ

Андеша ва афкори Мутаҳҳарӣ

February 14, 2026
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved