• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Имон ва ваҳдат

Фарқи дин ва фалсафа

February 18, 2026
in Имон ва ваҳдат
0
Ҳанӯз ёд дорам
0
SHARES
18
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Фарқи дин ва фалсафа

Андешкада

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Пурсиш: Фарқ байни фалсафа ва шариати исломӣ дар чист? Назари ҳар ду ба «демократия» чӣ гуна аст?

Посух: Ба номи Худо. Инҷо шумо дар воқеъ ду масъала матраҳ кардаед:

  1. Фарқи дин бо фалсафа кадом аст?
  2. Назари ин ду бо демукросӣ чист?

Дар посух ба масъалаи аввал, арз шавад, ки дар ибтидо бояд ҳар як аз фалсафа ва дин дуруст таъриф шаванд. Вақте тасаввури дуруст аз онҳо дар зеҳнамон пайдо шуд, он вақт фарқашон ҳам бароямон равшан хоҳад гардид.

 

Фалсафа:

Дар қадим, ҳамаи донишҳои ақлиро (дар муқобили донишҳои нақлӣ мисли торих, наҳв, сарф, маъонӣ, баён, бадеъ…) таҳти унвони “фалсафа” ном мебурданд. Ва фалсафа ба ин маъно, бар ду қисм буд: назарӣ ва амалӣ.

Фалсафаи назарӣ он аст, ки дар бораи ашё, он чунон ки ҳастанд, баҳс мекунад. Ва фалсафаи амалӣ он аст, ки дар бораи афъол ва рафторҳои инсон, он чунон ки бояд ва шоиста аст, баҳс мекунад.

Он вақт фалсафаи назарӣ бар се қисм буд: илоҳиёт (метафизика), риёзиёт ва табииёт. Ва фалсафаи амалӣ низ ба навбати худ тақсим мешуд ба: илми ахлоқ, илми тадбири манзил, илми сиёсат.

Бар ин асос, дар қадим ба касе файласуф гуфта мешуд, ки донандаи ҳамаи улуми номбурда бошад. Ба сухани дигар, фалсафа тибқи ин истилоҳ, яъне улуми ғайри нақлӣ, ва файласуф шудан, яъне донандаи ҳамаи улум шудан.

Ва аммо имрӯз фалсафа ин аст: “Илм ба аҳволи мавҷуд аз он ҷиҳат, ки мавҷуд аст, на аз он ҷиҳат, ки мавҷуди хосс аст”. (Албатта, дар инҷо намехоҳам ба тавзеҳи ин таъриф бипардозам, зеро ҷояш инҷо нест.)

 

Дин:

Дин маҷмӯае аст иборат аз: 1. андеша (ақоид, ҷаҳонбинӣ), 2. дастуроти ахлоқӣ, 3. аҳком. Андеша мисли ин ки: Худо ҳаст, рӯзи қиёмат ҳақ аст ва ғайра… Ва аммо дастуроти ахлоқӣ мисли: бояд ростгӯ буд, мухлис буд, бовафо буд ва ғайра… Ва аҳком низ мисли ин ки: намоз воҷиб аст, рӯза воҷиб аст, ҳаҷ воҷиб аст… ва ғайра.

Дар воқеъ, ақоиди исломӣ (ҷаҳонбинӣ) ин решаҳои дарахти дин ҳастанд, ва аммо ахлоқ ва аҳком шоха ва баргҳои он дарахт.

Ин аст таърифи дин.

Ҳол, ба баёни фарқи фалсафа ва дин мепардозем.

 

Бо таваҷҷӯҳ ба таърифе, ки аз ҳар як аз фалсафа ва дин шуд, барои фаҳми ин ки фалсафа бо дин фарқаш чист, ба нуктаҳои зерин таваҷҷӯҳ бифармоед:

  1. Маорифи динӣ, ҳама, реша дар ваҳй доранд. Яъне, ҳамаи онҳо аз тарафи Худо тавассути фаришта (ҳазрати Ҷабраил) ба ҳазрати Муҳаммад (с) (ё паёмбарони қабл аз эшон) нозил шудаанд. Аммо андешаҳои фалсафӣ, ҳама, ҳосили талоши фикрии худи инсон аст. Масалан, агар як файласуф бигӯяд, “Худо ҳаст”, ё “Худо нест”, ин гузора натиҷаи талош ва кӯшиши фикрии худи ӯст, на ин ки дар он, аз касе пайравӣ карда бошад.
  2. Дар фалсафа тақлид ва пайравӣ раво нест, вале дар бисёре аз масоили динӣ (мисли ахлоқиёт ё аҳкоми шаръӣ ва ё дар сифоти илоҳӣ) инсон бояд пойбанди гуфтаи шореъ (Худо ва паёмбар) бошад. Масалан, ин ки дин мегӯяд, “намоз фарз аст ва дар як шабонарӯз бояд панҷ вақт намоз гузорид”, инро ӯ аз шореъ мегирад, на ин ки ақлаш гуфта бошад.
  3. Дар фалсафа, танҳо равише, ки бояд файласуф онро ба кор андозад, ин равиши ақлӣ аст. Вале дар дин, илова бар равиши ақлӣ, равиши нақлӣ низ мӯътабар аст. Масалан, агар як диндор бигӯяд, “намози бомдод ду ракъат аст”, ӯ инро ба воситаи нақл дарёфтааст. Аммо дар фалсафа, нақл аслан эътибор надорад. Бинобар ин, агар як файласуф бигӯяд, ки “ҳар маълуле иллат дорад” ва сипас агар шумо аз ӯ бипурсед, ки далелат чист ва ӯ гӯяд, далелаш он аст, ки Арасту ё Ибни Сино гуфтааст, бидонед, ки ӯ файласуф нест.
  4. Дар мавориде фалсафа метавонад кӯмаккори диндор бошад. Масалан, дар исботи вуҷуди Худо, ё вуҷуди олами муҷаррад (ғайри моддӣ) ва вуҷуди руҳ ва ғайра… фалсафа далел ва бурҳони ақлӣ барои исботи инҳо иқома мекунад.

Албатта, метавон нуктаҳои дигаре ҳам баршумурд, ки банда феълан ба ҳамин андоза басанда мекунам.

 

Ва аммо масъалаи дуввум, ки ин буд: Назари фалсафа ва дин бо демукросӣ чист?

Хидмати шумо арз шавад, ки агар фалсафаро ба маънои қадимии он дар назар бигирем (ки дар боло баён шуд), баҳс аз демукросӣ ҷузъе аз дониши фалсафа аст. Зеро баҳс аз демукросӣ (ки сохторе аст аз сохторҳои сиёсӣ) ин марбут ба илми сиёсат мешавад ва илми сиёсат, қисме аз қисмҳои фалсафаи амалӣ буд. Аз ҳамин рӯст, ки Бӯалӣ Сино дар “Шифо” ба тафсил дар бораи сохторҳои сиёсӣ баҳс ороста ва аз ҷумла сохтори демукросиро мавриди баҳсу баррасӣ қарор додааст.

Вале агар фалсафаро ба маънои имрӯзӣ дар назар бигирем, фалсафа бе восита коре ба он надорад, ҳарчанд ки бо восита (он ҷо, ки баҳс аз мабонии демукросӣ шавад) дар бораи он баҳс мекунад.

Ва аммо назари дин роҷеъ ба демукросӣ:

Аз он ҷо, ки сиёсат ҷузъе ҷудонашаванда аз ислом аст (феълан, коре ба назари динҳои дигар надорам), бинобар ин, донишмандони исломӣ дар ин замина (яъне демукросӣ) назар додаанд.

Чун тафсилаш тӯл мекашад, ба сурати мухтасар бароятон баён медорам:

Уламо ва донишмандони исломӣ дар ин хусус ба ду гурӯҳи асосӣ тақсим мешаванд:

а) Гурӯҳе аз онҳо бар ин боваранд, ки агар демукросиро ба ин маъно бидонем, ки қувваи ҳокима дар як кишвар тавассути раъйи аксарияти мардум бояд интихоб шавад, дар ин сурат, назари ислом ҳам ҷуз он нест. Онҳо дар замина, ба шуморе аз оятҳо ва сираи хулафои рошидин дар интихоби ҳоким чанг задаанд. Шайх Юсуф Қарзовӣ, аз фуқаҳои муосир, ҳамин назарро дорад.

б) Гурӯҳе дигар, бо истинод ба порае аз оятҳо – ки мегӯяд, раъйи аксарият лузуман ба маънои ҳақ будани он нест – мӯътақид ҳастанд, ки низоми демукросӣ мавриди таъйиди ислом нест. Балки ислом ҳақмеҳвар аст. Ба ин маъно, ки дар раъси ҷомеаи исломӣ бояд касе қарор бигирад, ки пойбанди ҳақ аст. (Феълан, дар мақоми баёни ин ки ҳақ чист ва кадом аст, нестам.) Аз ин рӯ, мегӯянд, ҳоким (ё қувваи ҳокима) дар ҷомеаи исломӣ, тавассути “уқалои ҷомеа” (ё ба таъбири исломӣ, аҳли ҳаллу ақд) интихоб мешавад.

Тоҷнек

tajnek.com

Source: Фарқи дин ва фалсафа
Via: Фарқи дин ва фалсафа
Tags: Фарқи дин ва фалсафа
Previous Post

Эҳёгари афкори динӣ

Next Post

Таърихи Байҳақӣ – асари беҳамто

Related Posts

Оё дуо кунам ё талош кунам?
Имон ва ваҳдат

Оё дуо кунам ё талош кунам?

February 18, 2026
Қуръон
Имон ва ваҳдат

Даъвати Қуръон ба омӯхтани илму маърифат

February 18, 2026
Ҳикмати Худо
Имон ва ваҳдат

Ҳикмати Худо

February 15, 2026
Достонҳои омӯзанда
Имон ва ваҳдат

Оҳангарии Худованд

February 15, 2026
Аъробӣ ва Расули Акрам (с)
Имон ва ваҳдат

Аъробӣ ва Расули Акрам (с)

February 15, 2026
Идеулужии миллӣ - 2
Имон ва ваҳдат

Идеулужии миллӣ – 2

February 14, 2026
Next Post
Таърихи Байҳақӣ – асари беҳамто

Таърихи Байҳақӣ – асари беҳамто

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

February 7, 2026
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
Рози аслии муваффақият

Кори имрӯзаро ба фардо магузор

August 13, 2025
Дин

Дин

December 24, 2022
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

Дилсӯзи фарҳангу забони тоҷик (форсӣ)

0
Дурӯғҳои торихие, ки боварашон кардаем

Дурӯғҳои торихие, ки боварашон кардаем

February 18, 2026
Таърихи Байҳақӣ – асари беҳамто

Таърихи Байҳақӣ – асари беҳамто

February 18, 2026
Ҳанӯз ёд дорам

Фарқи дин ва фалсафа

February 18, 2026
Эҳёгари афкори динӣ

Эҳёгари афкори динӣ

February 18, 2026

Recent News

Дурӯғҳои торихие, ки боварашон кардаем

Дурӯғҳои торихие, ки боварашон кардаем

February 18, 2026
Таърихи Байҳақӣ – асари беҳамто

Таърихи Байҳақӣ – асари беҳамто

February 18, 2026
Ҳанӯз ёд дорам

Фарқи дин ва фалсафа

February 18, 2026
Эҳёгари афкори динӣ

Эҳёгари афкори динӣ

February 18, 2026
Tajnek

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Дурӯғҳои торихие, ки боварашон кардаем

Дурӯғҳои торихие, ки боварашон кардаем

February 18, 2026
Таърихи Байҳақӣ – асари беҳамто

Таърихи Байҳақӣ – асари беҳамто

February 18, 2026
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved