Пизишки раҳбари шаҳид: Оятуллоҳ Хоманаӣ то солҳо дар хонаашон яхдон надоштанд
Ахбори байналмилал
Ба гузориши Тобнок, Алиризо Марандӣ, вазири пешини беҳдошт ва пизишки хусусии шаҳид Оятуллоҳ Хоманаӣ, дар барномае дар Садо ва симои Ҷ.И.Эрон гуфт:
“Оқои Рафиқдӯст рӯзе гӯсфанд қурбонӣ кард ва миқдоре аз гӯшти онро барои оқо (Оятуллоҳ Хоманаӣ) фиристод ва оқо онро пас фиристоданд.
Оқои Рафиқдӯст каме нороҳат шуд ва гуфт:
Ба оқо бигӯед аз пули худам аст ва хумси онро ҳам додаам.
Оқо каме аз гӯштро гирифтанд ва бақияашро пас фиристоданд.
Вақте оқои Рафиқдӯст иллати мавзӯъро пурсуҷӯ карданд, (муҳофизони Оятуллоҳ Хоманаӣ) ба ӯ гуфтанд:
Оқо яхдон надоранд, ин миқдор гӯштро куҷо нигаҳ доранд?
Ин зиндагӣ барои болотарин мақоми кишвар қобили тасаввур нест…
Албатта ин охирҳо яхдон дар хонаашон буд, аммо эшон солҳо дар хона яхдон надоштанд”.
Тоҷнек




















