Таъкиди раҳбари Эрон, бар тарвиҷи фарзандоварӣ
Ахбори байналмилал
Таъкиди Оятуллоҳ Сайидмуҷтабо Хоманаӣ бар тарвиҷи фарҳанги фарзандоварӣ
Ба гузориши хабаргузории Форс, Оятуллоҳ Сайидмуҷтабо Хоманаӣ, раҳбари Ҷ.И.Эрон, дар номае ба ҷамъе аз фаъолони мардумии ҳавзаи ҷамъият, ба масъалаи афзоиши ҷамъият ва нисбати он бо қудрат ва тамаддуни Эрони Исломӣ ишора ва бар талоши рӯзафзуни фаъолони мардумии ҳавзаи ҷамъият ва тарвиҷи фарҳанги фарзандоварӣ таъкид кард.
Матни номаи раҳбари Ҷ.И.Эрон ба шарҳи зерин аст:
Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим
Бо салому ташаккур аз ибрози муҳаббат ва масъулиятшиносии фаъолони дилсӯзи ҳавзаи ҷамъият;
Аз ҷумлаи дастовардҳои зиқимати дифои муқаддаси севвум ва неъмати азими беъсати беназири миллат, ки бар ҳамагон ошкор шуда, баромадани Эрон дар муставои қудрате бузург ва таъсиргузор аст. Бешак истимрори ин вазъ ва вусул ба дараҷаи матлубтаре аз он, нисбати мустақиме бо масъалаи ҷамъият меёбад.
Ба масъалаи лузуми афзоиши ҷамъият, гоҳ аз манзари лузуми ҷуброни костиҳои ношӣ аз баъзе сиёсатҳои гузашта нигариста мешавад; вале афзун бар он, бо пайгирии муҷиддонаи сиёсати саҳеҳ ва ҳатмии афзоиши ҷамъият, миллати бузурги Эрон қодир хоҳад буд, дар оянда нақшофариниҳои бузург ва ҷаҳишҳои роҳбурдиро таҷриба карда, қадамҳои баландеро дар ҷиҳати халқи тамаддуни навини Эрони Исломӣ бардорад. Аз ин рӯ, талоши рӯзафзуни фаъолони мардумии ҳавзаи ҷамъият ва тарвиҷи фарҳанги фарзандоварӣ метавонад таъсири қобили таваҷҷӯҳе дар ҷиҳати таъмини ин ояндаи равшан дошта бошад.
Аз сӯйи дигар, ин амр яке аз муҳимтарин дағдағаҳои раҳбари азимушшаъни шаҳидамон (аълаллоҳу мақомаҳуш шариф) будааст, ки дар бисёре аз ҷаласот, муровидот ва дидорҳои умумӣ ва ихтисосӣ бар он таъкид доштанд ва ҳамчунон аз муҳимтарин масоили роҳбурдии низом қаламдод мешавад.
Умед аст талошҳои холисонаи шумо азизон дар паноҳи дуои хайри сарварамон (аҷҷаллоҳу таоло фараҷаҳуш шариф) ба натоиҷи пурборе мунтаҳӣ шавад, иншоаллоҳ.
Тоҷнек



















