“Омрико ва Исроил ба поёни бозӣ расидаанд”
Ахбори байналмилал
Ҷеффри Сакс, иқтисоддон ва таҳлилгари омрикоӣ, бо ишора ба шароити кунунӣ, гуфт: Омрико ва Исроил ба “поёни бозӣ”-и худ расидаанд.
Сакс, бо ишора ба вазъияти минтақа изҳор кард, ки тангаи Ҳурмуз амалан баста аст ва таҳримҳои Омрико низ дигар қудрат ва асаргузории гузаштаро надоранд.
Ин таҳлилгари омрикоӣ ҳамчунин бо ишора ба мавозеи Бенёмин Натонёҳу гуфт, ки бар хилофи он чи нахуствазири Исроил ба он меболад, афкори умумии Омрико аз ӯ безор аст ва ҳимоят аз Исроил низ бо идомаи изҳороти ӯ коҳиш хоҳад ёфт.
Сакс дар ин бора тасреҳ кард: “Мо аз ӯ ҳимоят намекунем ва ҳар чи бештар сӯҳбат кунад, ҳимоят аз Исроил камтар хоҳад шуд. Ин комилан қатъӣ аст”.
Тоҷнек



















