• Home
  • Тамос бо мо
  • Шароит ва завобит
Tajnek

Tajnek

  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо
No Result
View All Result
Tajnek
No Result
View All Result
Home Ниёгони гузаштаи мо

Шогирди намоз

October 30, 2026
in Ниёгони гузаштаи мо
0
Шогирди намоз

Шогирди намоз

0
SHARES
14
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Шогирди намоз

Чанд нукта дар бораи Ибни Сино

Ман шогирди намозам

Соҳиби китоби арзишманди “Равзотул-ҷаннот”, ки дар аҳволи уламо ва донишмандон мебошад, менависад: “Марҳуми Бӯалӣ дар зиндагиномаи худ мегӯяд: Ман шогирди намозам, зеро ҳар вақт мушкиле амалӣ барои ман пеш меомад, вузӯ мегирифтам ва ба ҷомеи шаҳр (масҷиди ҷомеи Бухоро) мерафтам ва дар он ҷо ду ракъат намоз мехондам ва ҳалли мушкиламро аз Худо мехостам ва ҳал мешуд”. (Равзотул-ҷаннот, ҷ 3, с 160)

Аз Баҳманёр низ нақл шудааст, ки гуфт: “Рӯзе Ибни Сино барои тадрис омад, дар ҳамон ибтидо барои вай маълум шуд, ки мо дарси дирӯзро нафаҳмидаем. Устоди моҳир, аз чеҳра ва нигоҳи шогирд мефаҳмад, ки ӯ матлаби қаблиро фаҳмида ё нафаҳмидааст. Ва чун барояш маълум шуд, ки мо шаби гузаштаро ба маҷлиси унс гузарондаем ва мутолеае накардаем, мутаассир шуда, ашк аз чашмони шарифаш ҷорӣ шуд ва ба унвони насиҳат, ба мо гуфт: Таноббозҳои шаҳр мекӯшанд, то дар риштаи худ мутахассис шаванд, чаро шумо дар улуми илоҳӣ ин шавқро надоред?

Пас аз поёни дарс, мавқеи намоз фаро расид ва шогирдон намози ҷамоатро ба имомати Шайхурраис хонданд. Мувозибат бар намози ҷамоат, намози аввали вақт ва ин ки агар инсон мушкиле дошт, намозро ба унвони ҳаллоли мушкили худ талаққӣ кунад, инсонро ба камол мерасонад ва агар ба мақоми Шайхурраис нарасад, аз соликони ин кӯй мегардонад”. (Таҳсил, Баҳманёр, с.817)

Бӯалӣ ва мусиқӣ

Марҳуми Шайхурраис дар рисолаи “Аҳд”-и худ мегӯяд: “Дар мавриди оҳангу мусиқиву шуниданиҳо таъаҳҳуд месупорам, ки аз он чи дар парвариши руҳ муассир аст истифода кунам”.

Дар мабҳаси “Мақомоти орифон” дар намати нӯҳуми китоби “Ишорот” ба “нағмаи рахима” ишора кардааст, ки солик эҳтиёҷ ба “ҳусни савт” дорад.

Он чи аз оҳангу мусиқӣ, ки дар парвариши руҳ муассир аст ва Бӯалӣ истифода аз онро лозим мешуморад, ҳаргиз оҳангу мусиқиҳои шаҳватгуна ва ё садои номаҳрам нест, зеро оҳанги шаҳватбарангез ва садои номаҳрам инсонро аз авҷи моварои табиат ба домани табиат таназзул медиҳад, ва қатъан оҳанге, ки инсонро фариштаманиш накунад, аз таъаҳҳудоти афроде монанди Бӯалӣ дур аст.

Ҳусни савте, ки хондани Қуръон бо он тавсия шуда ё нағмаи рахимае, ки Бӯалӣ мегӯяд, ки солик ба он ниёзманд аст, савте аст, ки дар он, аз назари муҳтаво, на лаҳву лаъиб бошад ва на оҳангаш ҷанбаи табииро тақвият кунад, балки нағмае аст, ки ҷанбаи моварои табиӣ дошта бошад. Ин матлабро ҳукамои дигаре монанди Шайхи Ишроқ Суҳравардӣ низ дар навиштаҳояшон доранд.

* * *

Бӯалӣ ва маоди ҷисмонӣ

Ибни Сино дар бораи маъод мегӯяд: Маоди руҳониро ақл мефаҳмад, вале маоди ҷисмониро шариати Хотами анбиё (с) оварда ва моро бениёз кардааст. Дар рисолаи “Аҳд” дар бораи ҷузъиёти масоил, ки ақлро роҳе барои дарки онҳо нест, мегӯяд: “Ин ҷузъиётро бояд шариат бигӯяд ва ақл пайрави маҳз аст”.

Ба иборати дигар, хутути куллӣ (яъне куллиёт)-ро ҳам шариат мегӯяд ва ҳам ақл мефаҳмад, вале масоили ҷузъиро ҷуз шариат намегӯяд. Масоиле монанди намоз, рӯза, закот ва ҳаҷ ҳаргиз дар ақл роҳ надорад, яъне ақли одамиро тавони дарки чароии онҳо нест.

Аз ин рӯ, ин ки бархеҳо нофаҳмида ба марҳуми Бӯалӣ нисбат медиҳанд, ки гӯӣ ин бузургвор маоди ҷисмониро инкор кардааст, дуруст нест. Марҳуми Бӯалӣ ҳаргиз чунин чизе нагуфтааст. Он чи гуфтааст, ҳамин аст, ки арз шуд. Яъне маъоди ҷисмонӣ ва ба иборати дигар, чигунагии зинда шудани одамӣ бо ҷасад пас аз мурдан дар рӯзи вопасин, мавриди идроки ақл нест, балки ҳамин ки шариати муқаддас (ки ҳаққонияташ ба ақл собит аст) бигӯяд, ки инсон пас аз марг бо ҷасад маҳшур хоҳад шуд, кофист ақл онро таъйид ва дар баробараш хозеъ шавад.

Албатта, ногуфта намонад, ки фалосифа ва донишмандоне чун Мулло Садро (р) баъдҳо ҳаққонияти маоди ҷисмониро ҳам бо адиллаи ақлӣ ба исбот расонидаанд, ки бояд дар як мавриди дигаре перомуни он баҳс ба амал ояд.

Фароҳамоваранда: Сайидюнуси Истаравшанӣ

Source: Шогирди намоз
Via: Шогирди намоз
Tags: Шогирди намоз
Previous Post

Чӣ эҳтимолоте пеши рӯйи Исроил қарор дорад?

Next Post

США предупреждают союзников

Related Posts

Асирии Ахсикатӣ
Ниёгони гузаштаи мо

Асирии Ахсикатӣ

October 13, 2026
Зарурати паёмбарӣ аз дидгоҳи Бӯалӣ Сино
Ниёгони гузаштаи мо

Ибни Синоро чӣ чиз Ибни Сино кард?

August 20, 2026
Каъба ӯро мешиносад
Ниёгони гузаштаи мо

Каъба ӯро мешиносад

June 25, 2026
Зарурати паёмбарӣ аз дидгоҳи Бӯалӣ Сино
Ниёгони гузаштаи мо

Шайхурраис Буалӣ Сино

June 25, 2026
Масъалаи аслии торих - ибрат гирифтан
Ниёгони гузаштаи мо

Масъалаи аслии торих – ибрат гирифтан

May 24, 2026
Имом Ризо (а) ба ривояти аҳли суннат
Ниёгони гузаштаи мо

Имом Ризо (а) ба ривояти аҳли суннат

May 3, 2026
Next Post
США предупреждают союзников

США предупреждают союзников

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

  • Trending
  • Comments
  • Latest
ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

ШЕЪР ДАР СИТОИШИ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН САДРИДДИН АЙНӢ

January 16, 2023
ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

ЯК ДАСТА ДУБАЙТӢ АЗ БОБОТОҲИРИ УРЁН

February 7, 2026
Рози аслии муваффақият

Кори имрӯзаро ба фардо магузор

August 13, 2025
Дин

Дин

December 24, 2022
“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд...”

“Ман бо ҳамин вазъият роҳатам, бадам намеояд…”

2
Таърих баёнгари чист?

Таърих баёнгари чист?

1
Ниёиш

Ниёиш

1
Вазъияти номаълуми Натонёҳу

Вазъияти номаълуми Натонёҳу

1
Чаро ислом дар Эронзамин пойдор монд

Чаро ислом дар Эронзамин пойдор монд

October 30, 2026
США предупреждают союзников

США предупреждают союзников

October 30, 2026
Шогирди намоз

Шогирди намоз

October 30, 2026
Чӣ эҳтимолоте пеши рӯйи Исроил қарор дорад?

Чӣ эҳтимолоте пеши рӯйи Исроил қарор дорад?

October 30, 2026

Recent News

Чаро ислом дар Эронзамин пойдор монд

Чаро ислом дар Эронзамин пойдор монд

October 30, 2026
США предупреждают союзников

США предупреждают союзников

October 30, 2026
Шогирди намоз

Шогирди намоз

October 30, 2026
Чӣ эҳтимолоте пеши рӯйи Исроил қарор дорад?

Чӣ эҳтимолоте пеши рӯйи Исроил қарор дорад?

October 30, 2026
Tajnek

Ҳар он неке, ки бояд тоҷикро посдор ва ояндадори миллати худ кунад.

Follow Us

Browse by Category

  • Uncategorized
  • Адабиёт ва ашъор
  • Динӣ
  • Имон ва ваҳдат
  • Инсон ва инсоният
  • Мавзӯоти доғ
  • Маҳдавият, роҳи озодӣ
  • Машоҳир
  • Ниёгони гузаштаи мо
  • Чаро посдорӣ?!
  • Шеърҳо

Recent News

Чаро ислом дар Эронзамин пойдор монд

Чаро ислом дар Эронзамин пойдор монд

October 30, 2026
США предупреждают союзников

США предупреждают союзников

October 30, 2026
  • Шароит ва завобит
  • Назарот ва пешниҳодот
  • Пешниҳодӣ аз админ

© 2022 tajnek All rights reserved

No Result
View All Result
  • Хона
  • Ниёгон
  • Посдорӣ
  • Маҳдавият
  • Ваҳдат
  • Адабиёт
    • Динӣ
    • Машоҳир
    • Шеърҳо
  • Инсоният
  • Тамос бо мо

© 2022 tajnek All rights reserved